Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бадани кӯдаки нӯҳмоҳаи тоҷик 10 сӯзан ёфтанд. ВИДЕО


Табибони бемористони Қарияи Боло дар бадани як кӯдаки 9-моҳа 10 сӯзанро ошкор кардаанд ва қотеона таъкид мекунанд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст.

Садои келин баланд шуд, ки абрӯчинакро биёред. То бурдем, ки бо дасташ сузанро аз милки дандони кӯдак гирифтааст. Сӯзан нӯг надошт, вале ҷои риштагузарониаш буд

Сӯзан чӣ гуна ба сару пойҳои Мудассир ҷо шуд?

"Рентген" сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва ҷойҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафтааст. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро берун овардаанд.

Ҳоло 4 сӯзани дигар дар ҷисми кӯдак боқӣ мондааст. Пизишкони шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакона, дар Қарияи Боло рӯзи 28-уми июн дар пайи муроҷиати волидон ба муоинаи Мудассир Каримови нӯҳмоҳа оғоз карданд. Ин сӯзанҳо, ба гуфтаи табибон, ҳадди ақал се моҳи пеш дар ҷисми кӯдак ҷой шудаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Дар бадани тифли тоҷик 10 сӯзан ёфтанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:11 0:00

Пизишк: Ба косахонаи сару шикамаш нарасидем

Шуҳрат Чориев, мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакона, рӯзи 3-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "имрӯз ҷарроҳӣ дошт ва шаш сӯзан берун оварда шуд. Бо сабаби дарозмуддат будани ҷарроҳӣ ба сӯзанҳое, ки дар косахонаи сар ва шикамаш ҳаст, нарасидем. Чун якбора гузаронидани чанд ҷарроҳӣ имкон надорад."

Табибон мегӯянд, агар кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ мебурд, меъдааш ҳатман осеб медид ва дар узвҳои ҳозима дар мемонд.

Тифли 9-моҳа Мудассир Каримов, сокини деҳаи Конситутсияи ноҳияи Рӯдакӣ ва фарзанди дувуми хонавода аст. Падари кӯдак муҳоҷир ва модараш ҳам аз пайи тарбияи кӯдакҳост. Хонаводаи Мудассир Каримов аз чи гуна ба ҷисми ӯ ворид шудани сӯзанҳо изҳори бехабарӣ мекунанд.

"Сӯзан нӯг надошт, аммо ҷои риштагузарониаш буд"

Махфират Ҳасанова, бибии кӯдак, рӯзи 3-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин сӯзанҳоро як моҳи пеш замоне мушоҳида карданд, ки модари тифл ҳангоми хӯрок додан ба ӯ яке аз сӯзанҳоро дар милки дандон пайдо кард ва ба табибон муроҷиат намуд. Ҳасанова гуфт: "Моҳи Рамазон буд. Модараш гуфт, ба ӯ хӯрок медиҳад, то хоб кунад. Яке садои келин баланд шуд. Гуфт, абрӯчинакро биёред. То бурдем, ки бо дасташ сузанро аз милки дандони кӯдак гирифтааст. Сӯзан нӯг надошт, аммо ҷои риштагузарониаш буд".

Шуҳрат Чориев
Шуҳрат Чориев

Зоҳиран волидони кӯдак чандон дар пайи чигуна ба ҷисми кӯдак ворид шудани сӯзанҳо нестанд ва инро кори тақдир медонанд.

Табибоне, ки тифли 9-моҳаро ҷарроҳӣ карданд, мегӯянд, натиҷаи ташхиси Мудассир Каримов дар таҷрибаи кори онҳо бесобиқа буд. Ба қавли Шуҳрат Чориев, "ду донааш сӯзани дарздӯзӣ буд. Дутои дигараш нофаҳмо буд, яъне намедонем чӣ аст. Ду донаи дигар сӯзанпора. Нав нестанд, тӯлонӣ дар бадани кудак истода ва занг задаанд."

"Дигарашро волидону мақомоти тафтишотӣ медонанд"

Табибон мегӯянд, масъулияти онҳо фақат ба берун овардани сӯзанҳо аз бадани кӯдак маҳдуд мешавад ва боқӣ кори волидон ва мақомоти тафтишотист.

Пеш аз ҷарроҳӣ ин кӯдаки 9-моҳа ба нафари бемору беҳол монанд набуд ва ба гуфтаи волидон эҳсос намешуд, ки дар баданаш сӯзан асту азият мекашад. Волидонаш мегӯянд, то замони муроҷиат ба пизишкон онҳо фикр мекарданд теъдоди сӯзанҳо дар бадани кӯдак ба 20 адад мерасад.

Айни чунин ҳодиса соли равон дар Узбекистон ба вуқуъ пайваст ва қазия то ба додгоҳ кашида шуд. Табибони узбек аз бадани тифли 11-моҳа дар вилояти Фарғонаи Узбекистон 16 сӯзан пайдо карданд. Аммо дар Тоҷикистон чунин ҳодиса бенамуна аст, ё дар ҳар сурат расонаӣ нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG