Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинон: "Бомпӯшҳои зебо мехоҳем, аммо тавони молӣ надорем". ВИДЕО


Аксари сокинони маҳаллаҳои наздик ба маркази шаҳр риояи дастури мақомот барои "зебо" ва якранг кардани бомпӯши хонаҳоро пурхарҷу мушкил медонанд. Барои пурра иваз кардани боми хона вобаста ба ҳаҷм ва сифати маҳсулот аз 15 то беш аз ҳазор 30 ҳазор сомонӣ сарф мешавад.

Беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва то як даҳсолаи пеш манзилҳои хешро бо бомпӯши шиферӣ мепӯшониданд. Ҳоло сокинон вобаста ба имкон ҳангоми бунёди хонаи нав аз бомпӯшҳои тунукагӣ истифода мекунанд.

Умар Пиров, сокини маҳаллаи Заҳматобод зери боме зиндагӣ мекунад, ки 40 соли пеш, замони бунёди манзили зисташ сохта шудааст. Бомпӯши шиферии хонаи ӯ аз соли 1976 то ҳанӯз боре иваз нашудааст ва ба гуфтаи соҳибхона, қобили истифода асту зарурате барои иваз кардани он вуҷуд надорад. "Дар ин 40 сол ин шифер хамин хел истодаст. Тунука мешуд, кайҳо пачақ шуда буд. Инро ҳар вақте ҳам канӣ, метавони ҷойи дигар бурда истифода барӣ."

Аз дастури мақомот ҷиҳати иваз кардани бомпӯшӣ шиферӣ ба бомпӯшҳои рангаву замонавӣ ӯ аллакай огоҳ аст, аммо мегӯяд, ин харҷи зиёд дорад ва ба ҷои иваз ва "зебо" кардани боми хона, беҳтар аст ягон мушкили муҳимтари хонаву зиндагиашро рафъ мекунад. "Мо шароити ранга кардани онро надорем, барои тунука харидан қуввати мо намерасад. Тунука ва замонавӣ кардани боми хона кори зиёд дорад. Аз сӯйи дигар, вазъиятамон хуб ҳам мебуд, мо чаро бояд инро иваз кунем? Ягон айб надорад."

Бо ҳадафи зебо кардани кишвар, мақомоти Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки боми хонаҳоро якранг кунанд. Бар асоси дастур, раҳбарон дар маҳалҳо, яке аз рангҳо, масалан, сабз ё сурхро интихоб мекунанд ва сокинони дигар муваззафанд, ки бомҳои беранги худро бо бомпӯшҳои ранга иваз кунанд.

Аксари сокинон бомҳояшонро иваз кардан намехоҳанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:28 0:00

Нурбӣ Давлатова мегӯяд, чанд сол боз мехоҳад боми шиферии хонаашро, ки фарсуда асту мечакад, иваз кунад. Аммо ин мусоҳиби мо таъкид мекунад, ки агар ӯро ба ранга кардани боми хона маҷбур ҳам кунанд, наметавонад ин корро кунад. "Як худам ҳастам, бачаҳом нест, шавҳар надорам. Нафақахӯрам. Шифри кӯҳнаи чандсола аст боми хонаам, камтар борон сахт шавад, об дар хонаам мерезад. Иваз кунӣ албатта хуб ва зебо аст, вале ман наметавонам."

Холаи Нурбӣ мегӯяд, хуб мебуд агар дар ин самт ба ӯ ва дигар хонаводаҳои камбизоат кӯмак расонида мешуд. Дар акси ҳол, мусоҳиби мо мегӯяд, дастури якранг кардани боми хонаҳо номуваффақ хоҳад буд ё ба мушкили фаровони аксар сокинони як мушкили дигар зам мекунад.

Аммо бархе аз сокинони кишвар тасмими якранг шудани бомпӯши манзилу биноҳоро дар шаҳру маркази ноҳияҳоро иқдоми хуб медонад. Ба бовари Нусратулло, сокини маҳаллаи Сари Осиёи Душанбе, дар воқеъ якранг кардани бомҳо симои шаҳрро зебову назаррабо мекунад. "Бомҳои ҳарранга ба назарам дилкаш нест. Якранг бошад хеле зебо аст. Хонаҳо аслан ҳоло дигар бояд ба талаботи замона ҷавобгӯ бошад",-мегӯяд ин сокини Душанбе.

Беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва то як даҳсолаи пеш манзилҳои хешро бо бомпӯши шиферӣ мепӯшониданд. Ҳоло сокинон вобаста ба имкон ҳангоми бунёди хонаи нав аз бомпӯшҳои тунукагӣ истифода мекунанд.

Бо он, ки вақтҳои охир салиқаи хонасозии мардум дар Тоҷикистон боло меравад ва маҳалҳои наву замонавӣ ҳам бунёд шудаан, вале ҳанӯз ҳам ба гуфтаи мақомот дар канори шоҳроҳҳо ва маркази ноҳияҳо хонаҳое ба назар мерасанд, ки "ҳусни маҳалро мекоҳонанд". Сокинон дар навбати худ мегӯянд, зебо будани хонаҳои худро албатта мехоҳанд, аммо хароҷоти зиёд ва набуди имконият пеши роҳашонро мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG