Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон талаб доранд, ки барои "гаппартоӣ" ҷазо муқаррар шавад. ВИДЕО


Шаҳло Иброҳимова, сокини Душанбе.
Шаҳло Иброҳимова, сокини Душанбе.

Гурӯҳе аз бонувони сокини Душанбе дар номае ба унвонии раиси шаҳр хостори расидагӣ ба масъалаи озори лафзии занон дар кӯчаҳои пойтахт шуданд. Дар муроҷиатномае, ки зери он 50 зану духтари сокини Душанбе имзо кардаанд, пешниҳод шудааст, ки барои муҷозоти ҷавонону мардоне, ки бо бонувону духтарон луқмапартоӣ мекунанд, чораҷӯӣ шавад.

Занон дар аксар ҳолат аз бадрафтории ҷавонон ба пулис шикоят намекунанд. Як мақом дар Раёсати умури дохилии Душанбе гуфт, дар соли равон аз занону духтарон ба хотири гаппартоӣ дар кӯча ягон шикоят дарёфт накардаанд.

Занон мегӯянд, ки гаппартоӣ ба духтарон бахше аз фарҳанги бархе мардоне шудааст, ки бо ин амали худ боиси нороҳатиҳои равонии духтарон мешаванд. Дар шаҳрдорӣ гуфтанд, ки ин мавзӯъро ҳатман баррасӣ мекунанд.

"Соат 8-и шом, вале ҳанӯз берун торик нашуда буд. Аз мағоза баромадам, ки се ҷавон истода буданд ва якеаш омада худашро ба рӯи ман партофт ва қариб буд маро оғӯш гирад. Ман - як зани шавҳардор, бо ӯ ҷанҷол кардам, ки ҳама ҷамъ шуд. Вале дар ин байн милисае сигор кашида гузашт, аммо касе ба ман кӯмак намекард."

Ин яке аз намунаҳои бадрафтории ҷавонон дар Душанбе аст, ки Шаҳло Иброҳимова ба он дучор шудааст. Мегӯяд, тақрибан ҳамарӯза дар кӯчаҳои пойтахт бо чунин дағалгуфторӣ ва амалҳои ношоистаи ҷавонон рӯбарӯ мешавад ва акнун дигар тоқаташ тоқ шуд.

Шаҳло Иброҳимова ва як гурӯҳ аз ҳамфикронаш ахиран ба шаҳрдори Душанбе расман муроҷиат карда, хостори муҷозоти ҷавононе шуданд, ки духтаронро озор медиҳанд. Иброҳимова мегӯяд, вазъ дар ин самт бадттар мешавад ва сайругашти шомгоҳӣ барои як зан дар пойтахт дигар бехатар нест. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, ҳатман аз тарафе ҷавонон ё гап мепартоянд ва ё бо амалҳое боиси озори онҳо мешаванд.

"Монда шудем. Дар пойтахт агар бегоҳ озодона бо фарзандон берун бароем ва гашту гузор кунем, хаёл мекунед, ки гӯё дар давраҳои ҷанг бошед. Духтаронамонро наметавонем ба ягон мағоза равон кунем. Дар ҳар роҳ гаппартоӣ мекунанд, ҳатто бо даст омада ба танашон мерасанд. Латукӯб намекунанд, аммо як гап мегӯянд, ки табъат хира мешавад",- мегӯяд ӯ.

Шаҳло Иброҳимова афзуд, мушкили аслӣ дар ин самт бетаваҷҷуҳии аҳли ҷомеа ва ҳатто кормандони мақомоти милиса мебошад. Чун ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳое ҳам ба сараш омадааст, ки аз дасти ҷавонони бадрафтор ба корманди милисаи кӯча муроҷиат кард. Аммо милиса дар посух ба ӯ гуфтааст, "бегоҳӣ танҳо дар боғ чӣ кор мекунӣ, рав дафъ кун худта."

​Ин сокини Душанбе аз мушоҳидашояш мегӯяд, ҳамроҳ бо шавҳар гаштан ва ҳатто ҳомиладор будани зан гарави амнияти равонӣ буда наметавонад. Чун, ба гуфтаи ӯ, ҳолате низ буд, ки шавҳарашро баъди муноқиша бо як чунин ҷавони бадзабон дастгир карданд.

Ҳол онки Шаҳло Иброҳимова мегӯяд, ин ҷавон ба ӯ даст расонда гузашт ва ин амал боиси хашми шавҳараш гардид. Иброҳимова бовар дорад, ки пешниҳоди ӯ ба вокуниши тунди бисёр мардон рӯбарӯ мешавад, вале ӯ аз шаҳрдори Душанбе тақозо дорад, ки ба ин мушкили занони пойтахт расидагӣ кунад.

Воқеан ҳам муроҷиати як гуруҳ аз занони Душанбе барои муҷозоти ҷавонони бадахлоқ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам нашр шуд, вокунишҳои зиёде ба бор овард. Аксари занон аз ин иқдом дастгирӣ карданд, вале аксари мардоне, ки вокунишҳои худро чоп карданд, ин пешниҳодро ғайриқобили қабул хондаанд. Занон бовар доранд, ки маҳз муҷозоти сангин метавонад ҷавононро водор кунад, ки аз озори духтарон дар кӯчаҳои пойтахт парҳез кунанд.

"Агар ба бачаҳо посух диҳӣ, гӯё ба онҳо роҳ мекушоӣ"

Гап партофтан ба сӯи духтарони ҷавон дар кӯчаҳои Душанбе мушкили тоза нест, аммо нахустин бор аст, ки гурӯҳи заноне аз мақомот талаби чораҷӯӣ дар ин замина ва боло бурдани фарҳанги рафтори мардону ҷавонписарон дар пойтахтро тақозо мекунанд. Ин гуруҳи занон мегӯянд, мехоҳанд худ ва духтаронашон дар кӯчаҳои шаҳр бидуни ҳаросу таниши равонӣ, бо эҳсоси боварӣ ба амният рафтуомад кунанд.

Фарангис Анорова.
Фарангис Анорова.

Фарангис 25-сол дошта, сокини шаҳри Самарқанди Узбекистон аст ва дар Душанбе таҳсил мекунад. Мегӯяд, аз дасти бархе ҷавонон дар Душанбе талош мекунад баъди шом танҳо ба кӯча набарояд.

"Вақте писарон ба тарафи ман гап мепартоянд, ман фикр мекунам, ки ё нодуруст либос пӯшидам, ё нодуруст истодаам ва ё амале кардаам, ки ҷавонро водор кард ба сӯи ман гап партоянд. Аммо дар баъзе ҳолат онҳо бо дигар маъноҳо гап мепартоянд. Агар ба онҳо посух диҳед ва ба онҳо роҳ кушоед, онҳо дигар гап додан мегиранд. Яъне посух додан ба он маънои фаҳмида мешавад, ки духтар моили сӯҳбат аст",-афзуд Фарангис Анорова.

"Ин як ҳисси бачагӣ аст"

Як гурӯҳи занон дар ҳоле хостори муҷозоти ҷавонон барои озори духтарон дар кӯчаҳо мешаванд, ки назари мардону писарон ба ин масъала аз доираи ахлоқу фарҳанги рафтор берунтар аст. Барои бархе мавзӯи луқмапартоӣ ба духтарон мояи хушҳоливу болидахотирӣ буда, аз ин роҳ мард будани худро бори дигар таъкид мекунанд. Барои дигарҳо "ин як ҷавонӣ аст" ва дар зермаънои луқмае ба сӯи зан ё духтари бегона ҳеҷ тақозои фаҳш ё интизороти бештаре надоранд.

Салоҳиддин Убайдуллоев, як сокини 21-солаи пойтахт аз қабили он писаронест, ки гап партофтан ба сӯи духтаронро як "ҳисси бачагӣ медонад."

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, "духтар маъқул мешавад, гап мепартоем. Аммо хафа намекунам ва гапҳои бад намегӯям. Масалан, мегӯем, ки "духтари хушрӯ, барои очат домод даркор нест?" ё "кош очам абортум мекард, ки тура намедидам." Бисёри ҳамон духтарон худашон мехоҳанд, ки гап партоем". Убайдуллоев мегӯяд, барои як "шӯхӣ" ҷазо додан зарур нест.

"Исботи гаппартоӣ бисёр мушкил аст"

Дар ҳоле, ки гурӯҳи сокинони пойтахт мехоҳад шаҳрдорро ба чораҷӯӣ дар мавзӯи луқмапартоӣ ба занон водор кунанд, ҳуқуқшиносон ба мавзӯъ аз назари қонунҳои кишвар баҳо медиҳанд. Онҳо мегӯянд, дар асл масъалаи, исботи ин ҷурм хеле мушкил ва дар аксар ҳолат ғайримумкин аст.

Наврӯз Одинаев, роҳбари ширкати ҳуқуқии "Ҳимоя" мегӯяд, дар ин самт қонунгузорӣ се муқаррарот, аз ҷумла авбошӣ, ҳаракати бадахлоқона ва майдаавбоширо пешбинӣ мекунад. Чунин моддае мисли "луқмапартоӣ" дар қонун вуҷуд надорад ва ҷиноят арзёбӣ намешавад.

Наврӯз Одинаев.
Наврӯз Одинаев.

Одинаев афзуд, "ғам додани духтарон дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо алфози дағалу қабеҳ ва муроҷиатҳои ноҷое мисли “духтарак, ман туро мехоҳам”, “духтарак ман туро....” тибқи қонун нақзи ҳуқуқ ва “авбошии хурд” метавонад арзёбӣ шавад.” Ба шарте, ки духтарон чунин ҳолатро исбот карда то ба додгоҳ бубаранд.

Аммо Роҳбари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” афзуд, исботи ҷурми бархе ҷавононе, ки ба духтарон гаппартоӣ мекунанд мушкил аст.

"Аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ муқаррароте ҳаст, ки ба афроди дар кӯча нисбати духтарон авбошӣ карда нисбат дода мешавад. Вале наҳваи истифодаи ин муқаррарот мушаххас нашудааст. Барои ба ҷавобгарӣ кашидани ҷавонони қоидавайронкун зарур аст, аризаи ҷабридида ва ё намояндаи ӯ гирифта шавад. Баъдан бояд далели “гаппартоӣ” ё ғам додани духтар исбот шавад, ки ин кори осон нест. Агар духтар дар он ҳолат танҳо буд ва шоҳид надорад, исботи он мушкил аст. Ҳоло шеваи истифодаи ин муқарарот ва ҳифзи духтарон дар навбати аввал аз милисаҳо вобастааст."

Аммо мақомот мегӯянд, занон дар аксар ҳолат аз бадрафтории ҷавонон ба онҳо шикоят намекунанд. Як мақом дар Раёсати умури дохилии Душанбе гуфт, дар соли равон аз занону духтарон ба хотири гаппартоӣ дар кӯча ягон шикоят дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG