Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи 100 ҳазор сомонии овозхону мутрибони Суғд аз давлат


Акс аз бойгонӣ

Раёсати андози вилояти Суғд исми беш аз 100 овозхон ва навозандагони вилоятро нашр кард, ки ба гуфтаи мақомот молиётро саривақт напардохтаанд ва дар маҷмӯъ 100 ҳазор сомонӣ қарздор шуданд.

Дар феҳристе, ки масъулини андози Суғд таҳия кардаанд, ҳар кадоме аз ин ҳунармандон, аз 70 то 9 ҳазор сомонӣ қарздор шудаанд.

Як масъули Раёсати андози вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, барои бори аввал чунин феҳристро таҳия карданд ва тасмим доранд, дар телевизонҳои маҳаллӣ ҳам бо навбат нашр кунанд.

То имрӯз мақомоти андоз бештар дар Душанбе феҳристи ҳунармандон, ва ситораҳои ҳунарро нашр карда ва дар бораи пардохт нашудани андози ҳармоҳаашон хабар медоданд.

Дамирбек 663 сомонӣ қарздор буд, баргардонд

Яке аз овозхонҳое, ки исмаш ба феҳристи қарздорон ворид шудааст, ҳунарманди маъруф Дамирбек Олимов аст. Ба қавли масъулини раёсати андози вилояти Суғд, Дамирбек Олимов дар нозироти андози шаҳри Деваштич ба қайд гирифта шуда, аз андоз 633 сомонӣ (тахминан 70 доллар) қарздор аст.

Ин овозхон рӯзи 9-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари қарздорияш аз андозро аз телевизонҳои маҳаллӣ шунидааст. Ӯ мегӯяд, бештар вақт барои ҳунарнамоӣ дар берун аз вилоят қарор дорад ва барои ҳамин моҳи июл дар пардохти андоз таъхир кардааст.

Дамирбек Олимов
Дамирбек Олимов

«Як моҳи ахир насупорида будам, чун сафарҳо буд, имкон нашуд, ки бурда супорам. Ман доим моҳона ҳудуди 700 сомонӣ мешавад, бурда месупорам» - гуфт, Дамирбек Олимов.

Дамирбек афзуд, ки андозро пардохта ва исмашро аз феҳрасти қарздорон берун овард. Замоне, ки ин матлаб таҳия мешуд, масъулини раёсати андози Суғд ҳам бо ирсоли як феҳристи навшуда, ки нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ низ расид, гуфтанд, аллакай исми Дамирбек аз қатори «овозхонҳои дар назди буҷа қарздор аз андоз» ҳазф шудааст.

Нашри феҳраст барои чӣ? Нишон додани кор ё ҷамъоварии молиёт

Солҳои ахир мақомоти андоз ҳар бор бо нашри феҳрасти дуру дарози овозхонон, онҳоро ба саркашӣ аз молиёт айбдор мекунанд. Эълон ва расонаӣ кардани қарздории овозхонон аз сӯи кумитаи андоз ҳам пайваста ба вокунишҳои тунди гурӯҳе аз овозхонон рӯ ба рӯ мешаванд.

Аввали соли ҷорӣ ҳам исми Шабнами Сурайё дар феҳрасти 100-нафараи овозхонони қарздор аз андоз нашр шуд ва ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч гоҳ аз пардохти андоз саркашӣ накардааст.

Садриддин Наҷмиддин, овозхони дигари маъруф ҳам, ки исмаш дар он руйхат буд, дар вокуниш ба Кумитаи андоз гуфт, ин иттиҳомро қабул надорад, чун ду соли ахир асосан дар хориҷи кишвар аст ва барои ҳар фаъолияташ дар дохили Тоҷикистон андоз супурдааст.

Садриддин ва Шабнам иддаои Кумитаи андозро рад карда буданд.
Садриддин ва Шабнам иддаои Кумитаи андозро рад карда буданд.

Молиёт ё иҷозатномаи фаъолият барои овозхонӣ дар Тоҷикистон соли 2008 ҷорӣ шуд ва 5 соли баъд дар соли 2013 афзоиш ёфт. Овозхонон дар Тоҷикистон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд ҳар моҳ ба хазинаи давлат маблағ супоранд.

Як овозхони дигар, ки исмаш дар феҳрасти нави ҳунармандони қарздор аз Суғд ҳаст гуфт, дар воқеъ ӯ чун соҳибкори инфиродӣ дар нозироти андози шаҳри Хуҷанд сабтином шудааст, аммо мегӯяд на ҳамеша ба тую маъракаҳо даъват мешавад ва бинобар ин баъзан бо таъхир андозро пардохт мекунад. Ин, ба гуфтаи ӯ набояд ба маънии саркашӣ аз андоз қабул шавад.

Интиқод аз амалкарди Кумитаи андоз

Дилшод Собиров як продюсери мусиқӣ дар вилояти Суғд, ки бо овозхонҳо ҳамкорӣ дорад, эълони исми овозхонҳои қарздор аз тариқи расонаҳоро як шеваи нави ҷамъоварии маблағ ба буҷа унвон кард.

Вай гуфт, ҳарчанд нозирони андоз бо ин амал метавонанд роҳи овозхонҳои ба қавле «кӯчагӣ»-ро гиранд, вале аз сӯи дигар ин ниҳод мехоҳад, таваҷҷуҳи расонаҳоро ба «хабарҳои зард» ҷалб намуда, нишон диҳанд, ки онҳо «дар воқеъ кор мекунанд».

Ӯ гуфт: «Дар вилояти Суғд нисбат ба дигар минтақаҳо шароити сабти таронаҳо ва офаридани клипҳо барои овозхонҳо зиёдтар аст ва агар телевизонҳои маҳаллиро тамошо кунед, қариб ҳар рӯз як овозхон пайдо мешавад. Лекин гап дар сари ин ки онҳо ҳирфаӣ нестанд. Вақте мераванду барои ҳунарнамоии худ патент мегиранд, онҳоро на ҳама ба маъракаҳояш даъват мекунад. Дар ин ҳолат онҳо андозро аз куҷо месупоранд?.

Бархе мунаққидон расонаӣ кардани исми овозхонҳои қарздорро хилофи меъёрҳои ахлоқӣ меноманд. Онҳо мегӯянд, бо ин ки ҳунармандон ҳам бояд масъулиятҳои касбии худро бишиносанд, муҷозоти ошкорои эҷодкорон ба рӯҳияи эҷодии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG