Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба Тоҷикистон адолат биоваранд?


  • Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, маъракаи талаби озодии Хайрулло Мирсаидов ва иҷозаи сафар ба Ҳамза Тиллозодаву Фотима Давлатова дар шабакаҳои иҷтимоӣ натиҷа додааст. Онҳо талаб доранд, ки бояд мақомоти Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башару озодии баёнро дар кишвар беҳтар карда, аз истифодаи наздикони мухолифин ба унвони қартаи асосӣ даст бардоранд.

Брюс Паннир

Стив Свердлов

Тоҷикистон имсол дар фасли тобистон таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб кард, аммо на ба маънои мусбат. Моҳи июл нахустин ҳамлаи маргбор алайҳи ғарбиҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон рух дод ва масъулияти онро гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар уҳда гирифт.

Ин ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки мақомоти Тоҷикистон ба саркӯби чашмгири мухолифин, маҳдудияти дастрасӣ ба интернет, ҳабси садҳо мунтақиди ҳукумат, аз ҷумла вакилони мудофеъ, фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон идома медоданд.

Дар миёни бисёре аз таҳаввулоти нохушоянди вобаста ба ҳуқуқи башар дар тобистони имсол дар Тоҷикистон ду навъи саркӯб дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт ва боис ба сару садои бесобиқаи байналмилалӣ шуд. Ин сӯиистифода аз кӯдакони мухолифин ба ҳайси абзори фишор ва талош барои пахши озодии сухан буд.

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

"Иддаои ришватталабӣ тафтиш нашуд"

Тобистони имсол хабарнигори тоҷик Хайрулло Мирсаидов ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳюман Райтс Вотч ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ ҷурмҳои ӯро сохта номиданд. Онҳо гуфтанд, ки иддаои Мирсаидов дар мавриди ришватталабии як мақом боис ба маҳкумияташ шудааст. Баъди як маъракаи густарда дар интернет, ки бо номи "Озодӣ ба Хайрулло" идома кард ва вокунишҳои зиёди байналмилалӣ ба бор овард, Хайрулло Мирсаидовро аз зиндон озод карданд.

Хайрулло Мирсаидов солҳо дар нашрияи "Азия-Плюс", Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ, "Ал-Ҷазира" ва "Мавҷи Олмон" кор кардааст. Солҳои охир мудирияти КВН ё маҳфили ҳозирҷавобони Тоҷикистонро бар уҳда дошт, ки дар чанд озмуни байналмилалӣ кишварро намояндагӣ кардааст.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Моҳи ноябри соли гузашта Мирсаидов ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон нома навишт, ки фаъолияти раиси бахши ҷавонони ҳукумати вилояти Суғдро тафтиш кунанд. Ба қавли Мирсаидов, ин мақом аз маблағе, ки ба фаъолияти КВН ҷудо шуд, 1000 доллар ришва хостааст. Иддаои ришватталабии як мақоми ҳукумати Суғд тафтиш нашуд, аммо худи Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дастгир гардид.

Аз Лос-Анҷелес то Ҷакарта

Ба маҳзи боздошти Хайрулло Мирсаидов, дӯсташ журналист ва филмсоз Майкл Андерсон ба “амалиёт”-и озодии Хайрулло дар “Твиттер” шуруъ кард. Ба ин маърака чанд вақт зарур шуд, то нирӯ бигирад. Моҳи июл, вақте хабарнигори тоҷик ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, вокуниши намояндагиҳои дипломатӣ сареъ ва сахт буд.

Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир гуфт, "аз ҳукми сангин ва ғайримунсифонаи рӯзноманигор шигифтзада шудааст". Кумиссариёи олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳукми Мирсаидов баёнгари он аст, ки ҳукумат гузоришҳоро дар бораи коррупсия аз байн мебарад, на худи коррупсияро.

Маъракаи талаби озодии Хайрулло Мирсаидов дар гӯшаҳои мухталифи дунё, аз Лос-Анҷелес сар карда, то Мехико, Копенгаген, Лондон, Киев ва Ҷакарта паҳн шуд. Яке аз муваффақиятҳо ин буд, ки сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт ҳам ба ин маърака ҳамроҳ шуд ва аз мақомоти тоҷик хост, рӯзноманигорро озод кунанд.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Эҳтимол чунин фишори маҷозӣ сабаб шуд, ки Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 15-уми август ба бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов оғоз кард ва ӯ 22-юми август озод шуд.

Бархӯрд бо наздикони мухолифин

Аммо яке аз сиёсатҳои нигаронкунандаи Душанбе фишору бархӯрд бо наздикони мухолифини ҳукумат дар хориҷа аст. Ин фишорҳо аз хушунати гуруҳӣ гирифта, то таҳдиди таҷовуз ва манъи сафар ба хориҷро дар бар мегирад.

Ҳамин тобистон гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ду дафъа бонги изтироб заданд, ки Тоҷикистон ба фарзандони фаъолони сиёсӣ дар хориҷа иҷозаи берун рафтан аз кишварро намедиҳад. Дар яке аз ин ҳолат кӯдаке, ки нагузоштанд аз кишвар биравад, ба табобати фаврии пизишкӣ ниёз пайдо кард. Ва ин хадамот дар Тоҷикистон дастрас нест.

Ин кӯдакон навъе аз “замонат” ваё василае дар дасти ҳукумат ҳастанд, ки пеш аз аз нашри танқид мухолифинро ба андеша водор мекунад.

Фотима Давлатова бо бибиаш Ҷамила Худойдодова
Фотима Давлатова бо бибиаш Ҷамила Худойдодова

Рӯзи 4-уми августи имсол мақомоти тоҷик Фотима Давлатоваи даҳсола ва бибии 65-солааш Ҷамила Худойдоваро аз ҳавопаймое дар фурудгоҳи Душанбе берун оварданд. Ин ду нафар дар қасди сафар ба назди модари Фотима – Шабнам Худойдодоваро доштанд. Ин узви собиқи "Гурӯҳи 24" ва ҳоло як фаъоли мустақил дар Аврупо зиндагӣ мекунад.

Нуқтаи авҷ кадом буд?

Мақомот Фотимаву бибиашро чанд соат бозпурсӣ карда ва ба онҳо гуфтаанд, ки номашон дар феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯст. Мамнӯияти сафари Фотима ва бибияш пас аз се рӯзи он рух дод, ки ҳукумати Тоҷикистон ба Иброҳим (Ҳамза) Тиллозодаи чаҳорсола иҷоза дод, кишварро тарк карда, дар хориҷ аз кишвар дармон бигирад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ба мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи Ҳелсинкӣ моҳи июл, замоне ки Мижгона, модари Иброҳим талош дошт барои табобат писарашро аз Тоҷикистон берун барад, чанд дафъа изҳорот доданд.

Бобои Иброҳим – Муҳиддин Кабирӣ – раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст. Ин ҳизб бахше аз иттиҳоде буд, ки дар ҷараёни даргириҳои дохилии солҳои 1992-97 бо ҳукумат ҷангид. Созишномаи сулҳи соли 1997 ба ин ҳизб мақомҳои давлатӣ дод ва он ба паймони сулҳ пойбанд буд.

Аммо дар Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки мухолифон, аз ҷумла ҳизби наҳзатро "хунсо" кунанд. Ин ҳизб тавонист дар интихоботи моҳи марти соли 2015 номзадҳои худро пешбарӣ кунад, вале моҳи октябри ҳамон сол террористӣ ва мамнуъ эълон шуд. Баъзе аз раҳбарияти ҳизб, ки дар кишвар буданд, соли 2016 ба муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Ду нафари онҳо ҳукми абад гирифт.

"Духтари террорист"

Манъи сафари Фотимаву бибиаш ва хонаводаи Кабирӣ нуқтаи авҷи фишори мақомот буд, ки ҳамзамон бо саркӯби мухолифон оғоз шуд. Таъқиби наздикони мухолифон дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016, як рӯз баъди он сар шуд, ки намояндагони "Гуруҳи 24" ва ҳизби мамнӯи наҳзат дар нишасти солонаи САҲА дар Лаҳистон суханронӣ карданд.

Он вақт созмони Ҳюман Райтс Вотч гуфта буд, гуруҳе аз донишҷӯёну муаллимон, мудирони мактабҳо ва мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб ба хонаи Шабнам Худойдодова рафта, духтараш Фотимаро таъна задаанд, ки “духтари террорист” ва “душмани халқ” аст. Рӯзи дигар “муҳоҷимон” ҷияни даҳсолаи Шабнамро ба ҷои духтараш Фотима гирифта, латту кӯб намуданд. Сипас ба хона даромада, ба камияш се хешованди Худойдодоваро зада, онҳоро “террорист” садо карданд.

Дар ҳамон рӯз ба камияш дар се хонаи дигари наздикони мухолифон чунин "ҳамла"-ҳои дастҷамъӣ рух дод. Ин ҳодисаҳо нишон дод, ки ҳамаашон барномарезишуда буданд ва ин оркестро ҳукумат раҳбарӣ мекард.

"Тактика"-и дигар

Бар иловаи хушунат, мақомот наздикони мухолифинро маҷбур кардаанд, ки дар наворҳои видеоӣ онҳоро маҳкум кунанд. Моҳи декабри соли 2015 вақте Муҳиддин Кабирӣ нақша дошт дар як нишасти Фридом Ҳауз дар Вашингтон маъруза кунад, мақомот ба хонаи падари 95-солааш рафта, аъзои хонаводаро маҷбур кардаанд, ки Кабириро маҳкум намоянд. Баъдан ин видео дар Ютуб гузошта шуд. Чунин "тактита" алайҳи наздикони аъзои "Гуруҳи 24" ҳам истифода шудааст.

Моҳи январи соли 2016 намояндагони мақомот падари Кабириро, ки он вақт 96 сол дошт, аз сафар ба Истанбул боздоштанд. Ӯ қасд дошт, дар Туркия табобат гирад. Маъмурони амниятӣ ӯро мисли Фотима Давлатова баъди гузаштан аз марз аз ҳавопаймо берун оварданд. Ӯ моҳи октябри соли 2016 даргузашт.

Умеди фаъолон аз чист?

Мумкин буд, мақомоти Тоҷикистон ба чунин рафтори худ идома бидиҳанд. Аммо пас аз эътирозҳои байналмилалии гуруҳҳои ҳуқуқи башар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, билохира, ба фишорҳо "тоб" наоварданд. Рӯзи 2-юми август набераи чаҳорсолаи Кабирӣ ва модараш ба Истанбул рафтанд. Рӯзи 11-уми август ба Фотима ва бибияш ҳам иҷоза шуд, ки кишварро тарк кунанд.

  • Моҳи майи имсол ду ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид хулоса доданд, ки ҳукми зиндони Зайд Саидов ва Маҳмадалӣ Ҳайит ҳуқуқи байналмилалиро нақз мекунад.

Муваффақияти #FreeHamza ва #FreeFatima баёнгари он аст, ки дар сахттарин ҳолат баъзе вақт фишор ҳам натиҷа медиҳад. Фаъолон умед доранд, ки чунин фишорҳои хусусӣ ва дастамъӣ, мумкин аст, ба беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сабаб шавад.

XS
SM
MD
LG