Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро аз мо напурсиданд, ки зӯрамон ба симкорти қимат мерасад ё не?" ВИДЕО


Навбатпоии сокинон барои гирифтани симкорти арзон. Акс аз Фейсбук

Дар ҳоле ки то оғози фурӯши симкортҳои 250 сомонӣ ҳамагӣ ду рӯзи дигар монд, анбуҳи харидорони симкортҳои арзон дар назди марказҳои дилерӣ то рафт бештар мешавад. Ингуна навбатҳои тӯлонӣ ва талотӯпро Тоҷикистон аз замони ҷанг ва навбати нон дар ёд надошт. Баъзеҳо аз субҳ барои худу ҳамсояҳо, ба гуфти худашон, “очерад” мегиранд, аммо чизе ба даст намеоранд ва бахтозмоиро ба рӯзи дигар мегузаронанд.

  • Бархе ҳам ба ҷаласаи рӯзи 30-юми ҳукумат умед мебанданд, ки шояд масъалаи 50 маротиба боло рафтани нархи симкартҳоро баррасӣ карда, қарорро бекор кунад ваё ҳадди ақал нархро поён бибарад. Иддае ҳам бо назардошти таҷрибаи боло рафтани нархҳо дар Тоҷикистон инро як воқеияти бебозгашт медонанд.
Суоли аслие, ки дар атрофи нархи симкортҳо чарх мезанад ин аст, ки чаро мақомот пеш аз чунин тасмими ғавғобарангез сатҳи зиндагии мардум, даромади онҳо ва таъсири ин қарор ба зиндагии сокинонро ба назар нагирифтанд.

Вакил: Ин тасмим бояд бозбинӣ шавад

Бештари харидорон аз хонаводаҳои муҳоҷирони корианд ва телефони ҳамроҳ ягона василаи тамос бо наздики як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ва кишварҳои дигар аст. Даромади онҳо ба кори муҳоҷирон бастагӣ дорад, ки гоҳе пул мефиристанд, гоҳе дигар не.

То ҳол ҳеҷ як аз мақомоти баландпоя, бо шумули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки зоҳиран муаллифи ин тарҳ аст ва онро ба хотири таъмини амният пешниҳод кардааст, ба нигаронии мардум вокуниш накардаанд. Аммо намояндагони порлумон ваъда доданд, ки ин масъаларо бо мақомоти марбута матраҳ мекунанд.

Бархе вакилон башиддат боло рафтани қимати симкортро барои аҳолии бебизоат бори гарон медонанд ва ин қарорро нодуруст арзёбӣ мекунанд.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократ гуфт, гарон шудани арзиши симкорт қонун набуда, қарори як вазорат аст ва танҳо ба ин хотир дар порлумон баррасӣ нашуд. Усмонзода рӯзи 29-уми август гуфт, тасмимҳои мақомот набояд барои мардум мушкил эҷод кунанд ва бояд ба 250 сомонӣ боло бурдани арзиши он бозбинӣ шавад.

Масъулонро ба порлумон ҳозир мекунанд?

“Барои онки гарон кардани нархи симкорт ба амният умуман дахл надорад. Агар симкорт ҳазор сомонӣ ҳам бошад, террорист метавонад барои харидории он маблағ пайдо кунад. Дигар инки суботу амният сад дарсад дар Тоҷикистон таъмин аст. Қарорҳое, ки дилхоҳ ниҳод қабул мекунад, бояд зиндагии мардумро осон, сохтори марбутаро ба низом ва барои боло рафтани масъулияти шаҳрвандии мардум мусоидат кунад”, -афзуд ӯ.

Вакили порлумон ва раиси ҳизби демократи Тоҷикистон айни замон афзоиши нархи симкортро яке аз механизмҳои идораи ахлоқи бархе ҷавононе медонад, ки зуд-зуд симкорт харида мепартоянд.

Бархе мунтақидон мегӯянд, дар таҷрибаи кишварҳои демократӣ агар мардум аз тасмими ягон ниҳод норозӣ бошад, порлумон роҳбари он идораро ба ҷаласа ҳозир мекунад. Тасмиме, ки ҳоло маълум нест, вакилон нисбат ба мақомоти Хадамоти алоқа иҷро мекунанд ё не. Бархе вакилони Маҷлиси намояндагон ин эҳтимолро рад намекунанд ва мегӯянд, кори онҳо моҳи октябр шуруъ мешавад ва порлумон ба он расман вокуниш мекунад. Аммо то шурӯи кори намояндагони мардумӣ аз татбиқи 250 сомонӣ як моҳ мегузарад ва гумон аст, ки он дубора бозбинӣ шавад.

Нархи симкорт дар ҷаласаи ҳукумат баҳс мешавад?

Иқдоми боло бурдани арзиши симкортро бештари сокинон беасос ва худсарона унвон мекунанд ва суол доранд, ки дар кадом асос ва бо назардошти кадом маош арзиши симкорт ба ин андоза гарон шуд? Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 250 сомонӣ – дақиқан нархи як симкорт баробар аст ва маоши миёна 1200 сомонӣ аст.

Як ниҳоди муҳими Тоҷикистон – Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки бояд ба ҳама гуна монополия дар кишвар муқовимат кунад, аз ин тасмим пуштибонӣ кард ва гуфт, ин пешниҳоди ширкатҳои мобилӣ буд. Ширкатҳои мобилӣ, ки ин равандро аз оғоз бар зарари худ унвон карданд, дар баробари фарзияи Хадамоти зиддиинҳисорӣ хомӯш буданд. Хадамоти алоқа, ниҳоди дигари танзимкунандаи фаъолияти мухобирот гуфт, бо ин кор мехоҳанд “қадри симкортро боло баранд” ва “аз ҷудошавии оилаҳо” пешгирӣ намоянд.

Акнун ҳама ба умеди раиси ҷумҳур ҳастанд, ки дар ҷаласаи ҳукумат аз онҳо пуштибонӣ кунад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҷаласаи ҳукумат рӯзи 30-юми август баргузор хоҳад шуд, аммо гуфт, дақиқ намедонад, дар он масъалаи симкортҳо баррасӣ мешавад ё не.

Муштариҳо розӣ нестанд. Нархномаи нави симкорт тасдиқ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

“Чаро назари мардум пурсида нашуд?”

Суоли аслие, ки дар атрофи нархи симкортҳо чарх мезанад ин аст, ки чаро мақомот пеш аз чунин тасмими ғавғобарангез сатҳи зиндагии мардум, даромади онҳо ва таъсири ин қарор ба зиндагии сокинонро ба назар нагирифтанд.

Хайриддин Гулов, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, вақте муошират бо телефони мобилӣ як бахши муҳими зиндагӣ шудааст, чӣ гуна метавонад як мақомот аз назди худ чунин тасмим бигирад? “Ба назари ман, медонистанд, ки агар назарпурсӣ ҳам гузаронанд, касе аз қимат кардани симкортҳо тарафдорӣ намекард. Ба ин хотир, хаппу дам қарор бароварданд. Ҳоло шояд надоданд, ки ин корашон барои мардум чӣ қадар мушкил овардааст. Дар навбатпоии зиёд барои гирифтани симкорт мардум ҳам вақташонро аз даст медиҳанд, ҳам баъзан маблағашон ба яғмо меравад”, - гуфт Хайриддин Гулов.

Навбатпоӣ барои хариди симкорт дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Масъалаи 50 маротиба боло бурдани нархи симкорт баъди чанд ҳафтаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ матраҳ шуд, ки Тоҷикистон дар як лаҳза ба сархати хабарҳои ҷаҳон баровард. Дар ин ҳодиса чаҳор ҷаҳонгарди ғарбӣ кушта шуд. Мақомот бар ин боваранд, ки агар нархи симкорт 250 сомонӣ шавад, террорстҳо имкони дарёфти онҳоро аз даст медиҳанд. Дар баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба ангезаҳои моливу иқтисодии ин қарор ишора мешавад.

Қимат шудани симкорт ягона тағйирот нест. Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як тарҳ пешниҳод кардааст, нафароне, ки симкортҳои худро барои истифода ба дигарон додаанд ё нафари дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", то 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ваё аз 2 то 3 сол зиндонӣ шаванд. Ҳоло аксари мардум, ки симкортҳои онҳо дар даҳсолаи ахир аз фарзандон ба дӯстони онҳо ё фаротар аз он аз даст ба даст гузаштааст, ба таҳлука афтодаанд, ки мабодо ба мушкили ҷиддитар аз симкорти 250 сомонӣ гирифтор шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG