Пайвандҳои дастрасӣ

Давлатқадам то охири сентябр дар боздошт мемонад. ВИДЕО


Давлатқадам Давлатқадамов

Додгоҳи ноҳияи Жуковский қарор кардааст, ки Давлатқадам Давлатқадамов, ҷавони тоҷики муттаҳам ба авбошӣ дар ҳавопаймои Маскав – Душанбе то 29-уми сентябр дар боздошт бимонад. Додгоҳ рӯзи 31-уми август қарори худро содир кард ва Давлатқадамов ба боздоштгоҳи ноҳияи Кашираи Маскав интиқол ёфт.

"Ба ман мегуфт, ки ту шайтон ҳастӣ ва ман Худо ҳастам. Номам "Бовар". Магар одами ҳушёр чунин рафтор мекунад?"

Давлатқадамов шоми 29-уми август дар ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки аз Маскав ба Душанбе меомад, ҷанҷол барпо карда, як меҳмондорро латту кӯб кард. Ин ҳодиса боис шуд, ки ҳавопаймо дубора ба Маскав баргардад ва нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.

"То натиҷаи ташхис муайян нашавад..."

Аким Давлатқадамов, амаки Давлатқадам, рӯзи 1-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародарзодааш то анҷоми ташхис дар боздошт бояд бимонад. Ташхис бояд муайян кунад, ки Давлатқадамов солим аст ваё гирифтори бемории рӯҳӣ.

Давлатқадам Давлатқадамов
Давлатқадам Давлатқадамов

Ӯ гуфт, "ҳамроҳ бо вакили мудофеъ пофишорӣ кардем, ки бемори рӯҳӣ ҳаст ва ӯро ба табобат фиристед. Вале додрас гуфт, то натиҷаи ташхис муайян нашавад, чунин тасмим намегиранд. Муфаттишон гуфтанд, ки зоҳиран, ба бемории рӯҳӣ монанд аст, вале бояд инро ташхис эълон кунад. Агар бемори рӯҳӣ эътироф шавад, шояд бо раҳбалад ӯро аз Русия ихроҷ кунанд, ё инҷо ба табобат фаро гирифта шавад."

Аким Давлатқадамов гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ фурсати суҳбат бо бародарзодаашро пайдо кард: "Ба ман мегуфт, ки ту шайтон ҳастӣ ва ман Худо ҳастам. Номам "Бовар". Магар одами ҳушёр чунин рафтор мекунад?"

"Мехост, ҳавонавард шавад"

Аз ин пеш, мақомоти Русия гуфтанд, ки нисбат ба Давлатқадам Давлатқадамов бо иттиҳоми “авбошӣ дар дохили ҳавопаймо” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад, вале дар сурати тасдиқи бемории равонӣ ӯ, аз ҷавобгарӣ озод гашта, ба табобат фиристода мешавад.

Саидқадам Давлатқадамов
Саидқадам Давлатқадамов

Падари Давлатқадам Давлатқадамов, ҷавони муттаҳам ба авбошӣ дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш бемори рӯҳист ва онҳо як ҳафта пеш аз ин огоҳ шуда буданд.

Давлатқадам Давлатқадамови 25-сола зодаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст. Падараш мегӯяд, Давлатқадам орзуи ҳавонавард шуданро дошт ва баъди хатми синфи нӯҳ дар "Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон" курси ҳавонавардиро хонд. Ӯ пас аз хатми давраи омӯзишӣ барои таҳсил ба Русия рафт ва соли 2013 ба Коллеҷи ҳавонавардии шаҳри Омск дохил шуд.

"Шаҳрвандӣ надошт, қабул накарданд"

Давлатқадамов аз рӯи ихтисоси "Истеҳсоли муҳаррикҳои ҳавопаймо" таҳсил мекард. Вале, ба қавли падараш, ӯро ба далели надоштани шаҳрвандии Русия ба мактаби олии ҳавонавардӣ қабул накардаанд.

"Ба Маскав рафт, то дар онҷо шаҳрвандӣ бигирад. Корҳояш барор нагирифтанд. Фикр мекунам, ҳамин таъсир кард ва вазъи руҳиаш хароб шуд. 10-15 рӯз пеш аз Маскав хабар доданд, ки вазъияташ хуб нест. Гуфтем, ки ба Тоҷикистон равон кунед, инҷо табобат мекунем. Пеш аз парвоз ҳолаташ бад набудааст, вале ҳангоми парвоз бемориаш авҷ мегирад", - нақл кард Саидқадам Давлатқадам.

Саидқадам Давлатқадамов гуфт, худи ӯ 15 соли пеш аз Рӯшон ба Душанбе омад ва дар фурудгоҳи пойтахт кор мекунад.

Шоҳидон: Сахт тарсидем

Мусофирони хатсайри Маскав-Душанбе, ки шаби 29-уми август дар пайи ҷанҷоли як ҷавони тоҷик маҷбур шуд парвозро қатъ кунад, мегӯянд, аз воқеаи рухдода бисёр тарсидаанд. Яке аз ин мусофирон гуфт, баъди таҳдиди Давлатқадам Давлатқадамов, ки гуфт “ҳавопайморо мекафонад” ҳама доду фарёд заданд.

Падари Давлатқадам: "Писарам бемори рӯҳист"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:50 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG