Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат: Мунтазири натиҷаҳои санҷиши вазъи рӯҳии Давлатқадам ҳастем. ВИДЕО


Давлатқадам Давлатқадамов
Давлатқадам Давлатқадамов

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияи Давлатқадам Давлатқадамовро зери назорат гирифтааст ва аз ҳуқуқи ӯ ҳимоя мекунад.

Давлатқадамов шоми 29 август дар ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки аз Маскав ба Душанбе меомад, ҷанҷол барпо карда, як меҳмондорро латукӯб кард. Ин ҳодиса мунҷар ба он шуд, ки ҳавопаймо дубора ба Маскав баргашт ва мақомоти рус ҷавони тоҷикро боздошт карданд.

Алайҳи Давлатқадам Давлатқадамов бо иттиҳоми “авбоши дар дохили ҳавопаймо” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Як масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 31 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба қазияи Давлатқадамов бо мақомоти тафтишотӣ гуфтугӯ карда, қазияро пайгирӣ доранд.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, кормандони бахши консулии сафорат бо Давлатқадамов дар боздошт вохӯрдаанд. Феълан парвандаи ин ҷавони тоҷикро, ки ба авбошӣ дар дохили ҳавопаймо муттаҳам мешавад, Раёсати тафтишотии минтақаи Домодедово ба ихтиёри худ гирифтааст.

Масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар оғоз эҳтимол нисбати Давлатқадамов бо чанд модда парванда боз мешуд. Аммо ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бо талоши сафорати Тоҷикистон мақомоти тафтишотӣ алайҳи ҷавони тоҷик танҳо бо моддаи авбошӣ парванда боз карданд. Иддаое, ки то ҳол ҷониби Русия онро тасдиқ ё рад накардааст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, интизори натиҷаи санҷиши вазъи саломатии ӯ ҳастанд.

Бо ин ҳама масъулини Сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ба хешовандони Давлатқадамов тавсия додаанд, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ вакили дифоъ бигиранд.

Падари Давлатқадамов: "Писарам бемори рӯҳист"

Падари Давлатқадам Давлатқадамов, ҷавони муттаҳам ба авбошӣ дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш бемори рӯҳист.

Саидқадам Давлатқадамов, падари Давлатқадам, рӯзи 30-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта пеш хабардор шуд, ки вазъи рӯҳии Давлатқадам хуб нест.

Давлатқадам кист?

Давлатқадам Давлатқадамови 25-сола зодаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст. Падараш мегӯяд, Давлатқадам орзуи ҳавонавард шуданро дошт ва баъди хатми синфи нӯҳ дар "Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон" курси ҳавонавардиро хонд.

Саидқадам Давлатқадамов
Саидқадам Давлатқадамов

Ӯ пас аз хатми давраи омӯзишӣ барои таҳсил ба Русия рафт ва соли 2013 ба Коллеҷи ҳавонавардии шаҳри Омск дохил шуд. Давлатқадамов аз рӯи ихтисоси "Истеҳсоли муҳаррикҳои ҳавопаймо" таҳсил мекард. Вале, ба қавли падараш, ӯро ба далели надоштани шаҳрвандии Русия ба мактаби олии ҳавонавардӣ қабул накардаанд.

"Ба Маскав рафт, то дар онҷо шаҳрвандӣ бигирад. Корҳояш барор нагирифтанд. Фикр мекунам, ҳамин таъсир кард ва вазъи руҳиаш хароб шуд. 10-15 рӯз пеш аз Маскав хабар доданд, ки вазъияташ хуб нест. Гуфтем, ки ба Тоҷикистон равон кунед, инҷо табобат мекунем. Пеш аз парвоз ҳолаташ бад набудааст, вале ҳангоми парвоз бемориаш авҷ мегирад", - нақл кард Саидқадам Давлатқадам.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Падари Давлатқадам: "Писарам бемори рӯҳист"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

"Не шароб менӯшид, не..."

Бархе бо тамошои навори бозпурсиии ин ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки эҳтимол ин ҷавон зери таъсири маводи мухаддир ҳангоми парвоз ҷанҷол бардоштааст. Саидқадам Давлатқадамов мегӯяд, писараш ҳеч гоҳ маводи мухаддир ва машруботи спиртӣ истеъмол намекард. “Дар навор дидем, ки ӯро задаанд. Бояд мефаҳмиданд, ки ӯ рӯҳан вайрон аст. Ҳоло аз вазъияташ хабар надорем, ки дар куҷо аст”, - афзуд ӯ.

Саидқадам Давлатқадамов гуфт, худи ӯ 15 соли пеш аз Рӯшон ба Душанбе омад ва дар фурудгоҳи пойтахт кор мекунад.

Давлатқадам Давлатқадамов дар дохили ҳавопаймо
Давлатқадам Давлатқадамов дар дохили ҳавопаймо

Мусофирони хатсайри Маскав-Душанбе, ки шаби гузашта дар пайи ҷанҷоли як ҷавони тоҷик маҷбур шуд парвозро қатъ кунад, мегӯянд, аз воқеи рухдода бисёр тарсидаанд. Яке аз ин мусофирон гуфт, баъди таҳдиди Давлатқадам Давлатқадамов, ки гуфт “ҳавопайморо мекафонад” ҳама доду фарёд задааст. Шӯҳрат Зойиров​, ки шаби гузашта тариқи ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” ба Душанбе омадааст, гуфт, Давлатқадамов бо авзои беҷо вориди ҳавопаймо шуд ва бо мусофирон баҳс мекард.

"Стюардесаро зад"

“Дод мезад, ки ҳавопайморо метарконам, ҳамаатон мурда ба дӯзах меравед. Дар ин ҳолат яке ҷавондухтари роҳбалад, ки пешдоман (юбка) пӯшида буд, аз наздаш гузашт. Ин ҷавон ба сари ӯ ҳам дод зад, ки ту пагоҳ чӣ ҷавоб медиҳӣ? Баъд бо мушт ба пушти сари роҳбалад зад, ки ӯ ба замин афтид”, - нақл кард Шӯҳрат Зойиров.

Зойиров мегӯяд, баъди таҳдиди “ҳавопайморо метарконам”-и Давлатқадамов ҳама мусофирон бахусус занону кӯдакон ба ҳарос афтоданд. Зойиров гуфт, борхалтае, ки Давлатқадамов ҳамроҳ дошт дигаронро тарсонд, ки шояд дар дохил маводи тарканда бошад.

Ин ҳол, ба қавли Шӯҳрат Зойиров, баъди ним соати ба ҳаво хестани ҳавопаймо шуруъ шуд ва чанд дақиқа давом кард. Ӯ мегӯяд, баъди таҳдиду дашномҳои Давлатқадамов се мусофир дасту пойашро бо скотч бастанд. Бо ин вуҷуд ҳам Қудрат Зойиров мегӯяд, Давлатқадамов ба таҳдидҳои худ поён намедод.

Давлатқадам монд, ҳавопаймо бо таъхир ба Душанбе омад

Баъди боздошти Давлатқадамов маъмурони пулиси рус як соат ҳавопайморо тафтиш карда, сипас барои парвоз иҷоза доданд. Кормандони интизомии Русия наворҳои таҳдиди ҷавони тоҷикро аз телефонҳои ҳамроҳи мусофирон гирифта, аз чанд нафарашон ҳам баёнот гирифтаанд.

Тибқи хабарҳои охирин, мақомоти тафтишотии Русия алайҳи Давлатқадам Давлатқадамов бо иттиҳоми “авбоши дар дохили ҳавопаймо” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Аз рӯи ин иттиҳом ба ӯ то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти тафтишотии Русия шаби гузашта аввалин навори бозпурсии Давлатқадамовро нашр карданд. Ӯ тақрибан ба ҳама суоли муфаттишон посухи рад медиҳад. Аз ҷумла Давлатқадам Давлатқадамов ба суолҳо дар бораи санаи таваллуд, ҷойи кор, шаҳрвандӣ, вазъи оилавӣ танҳо ба посухи кутоҳи "надорам" ва "нест" посух медиҳад.

Рӯзи 30-юми август дар намояндагии ширкати "Уралские авиалинии" дар Душанбе ба Радиои Озодӣ нахостанд дар бораи қазия суҳбат кунанд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳавопаймои "Уралские авиалини" бо таъхири чандсоата ба Душанбе расидааст.

XS
SM
MD
LG