Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрулло Мирсаидов аз додгоҳ хост, ки ӯро "сафед" кунад


Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – аз додгоҳ хостааст, ки парвандаашро аз нав баррасӣ карда, ӯро пурра сафед намояд. Дархости ӯ рӯзи 13-уми сентябр ба Раёсати додгоҳи вилояти Суғд супурда шудааст.

Ҳодисае, ки ба сарам омад, бигзор охирин бошад

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи Хайрулло Мирсаидов, рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар зинаи назоратии додгоҳ талош хоҳанд кард, “додгоҳ Мирсаидовро бегуноҳ эълон ва сафед намояд”.

Мирсаидов баъди озод шудан аз боздошти 8-моҳа дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои исботи бегуноҳиаш то охир меравад, ҳатто то додгоҳи Гаага.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар таҷрибаи додгоҳии Тоҷикистон мавридҳои бегуноҳ ва сафед кардани айбдоршаванда дар зинаҳои болоии додгоҳӣ нодир аст, аз роҳаш пас нахоҳад гашт. “Нӯҳ моҳе, ки дар боздоштгоҳ будам, нафарони зиёдро дидам. Онҳо ба додгоҳ як бор неву ду, се, чаҳор бор муроҷиат кардаанд. Баъди ду марҳилаи додгоҳӣ амалан чизе тағйир намеёбад. Танҳо дар ҳолатҳои хеле кам тағйирот пеш меояд. Умедворам, ки дар ҳолати ман ин чиз амалӣ мешавад”, - афзуд ӯ.

Хайрулло Мирсаидов моҳи декабри соли гузашта боздошт ва моҳи июли имсол бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби “пора” муттаҳам кард.

Яке аз мурофиаҳои додгоҳии Хайрулло Мирсаидов. Акс аз бойгонӣ
Яке аз мурофиаҳои додгоҳии Хайрулло Мирсаидов. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август Мирсаидовро аз зиндон озод кард, аммо доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Додгоҳ Хайрулло Мирсаидовро ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.

Ӯ ҳоло дар назди падару модар ба муолиҷа машғул аст ва мегӯяд, ба зудӣ ба журналистика бармегардад ва нисбат ба мушкилу ҳаводиси кишвар бетараф нахоҳад буд.

Ҳафтаи гузашта Шӯрои Васоити ахбори омма, як созмони мустақили журналистӣ дар Тоҷикистон, ба Хайрулло Мирсаидов ҷоизаи ҳамраъйии журналистонро супурд. Хабарнигори тоҷик ҳангоми гирифтани ҷоиза дар як суханронии кӯтоҳ гуфт, “ҳодисае, ки ба сарам омад, бигзор охирин бошад”.

XS
SM
MD
LG