Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ боис хиҷолат шуд


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара, ки чаҳор кушта бар ҷой гузошт, “боис ба хиҷолати сахт” шуд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябр ҳангоми суханронӣ дар маркази вилояти Бадахшон аз тарафи дигар ин ҳамларо “ҳушдорӣ ҷиддӣ” номид.

Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара рӯзи 29-уми июли имсол рух дод. Дар натиҷа чаҳор нафар кушта ва се тани дигар захмӣ гардиданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Аммо мақомот ангушти иттиҳомро ба сӯи ҳизби феълан дар Тоҷикистн мамнӯи наҳзати исломӣ баланд карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала ҳангоми суҳбаташ дар бораи мубориза бо тундгароӣ дахл кард. Ӯ гуфт, то моҳи июн 49 сокини вилояти Бадахшон бо иттиҳоми терроризму ифротгароӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд ва “48 нафари онҳо сокинони деҳоти Язғуломи ноҳияи Ванҷ ҳастанд”.

Президент Раҳмон дар ин суҳбат ба масъалаи вуҷуди силоҳи ғайриқонунӣ дар дасти сокинони вилоят ҳам ишора кард ва гуфт, аксари ин силоҳҳо аз шаҳрвандони Афғонистон харида шудаанд. “Ҳатто ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзан худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои харидории силоҳ ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мусоидат кардаанд. Чунин шахсон худ ҷинояткоранд ва набояд дар мақомот кор кунанд”, - афзуд раиси ҷумҳур.

Ба иттилои расмӣ, дар панҷ соли охир мақомоти интизомӣ аз сокинони Бадахшон тақрибан якуним ҳазор мил силоҳи оташфишонро мусодира кардаанд. Мақомот мегӯянд, танҳо дар панҷ соли охир бо истифодаи силоҳ дар ин вилоят ҳудуди 100 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки бештари он “одамкушӣ” ва “қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ” аст.

XS
SM
MD
LG