Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як гумонбар ба терроризм ҳангоми фирор аз боздошт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе марги ҷавонеро таҳқиқ мекунад, ки ба гуфтаи мақомот, ҳангоми фирор аз додгоҳ худро аз як баландошёнае ба замин партофта, ҳалок кардааст. Фарҳод Сафармадов, сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат, ба гумони "тайёрӣ ба амали террористӣ" рӯзи 16-уми сентябр дастгир шуда буд.

Фарҳод Сафармамадов, ба гуфтаи пайвандон, дар бозори шаҳри Ваҳдат дӯкон дошт, вале бо ҳамсараш дар Душанбе зиндагӣ мекард.

Як масъули додситонии ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Сафармадовро маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил чаҳор рӯз қабл боздошт карда, ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бурда буданд. Додгоҳ ҳамон рӯз ҳукми боздошти ӯро содир кардааст.

"Аммо вақти берун шудан аз додгоҳ дар даст завлона аз кормандони пулис фирор мекунад. Тақрибан 600-700 метр аз бинои додгоҳ гурехта, ба як бинои баландошёнаи рӯ ба рӯи мағозаи “Пайкар” ворид мешавад. Ҳангоми пайгирии кормандони пулис ӯ худро аз баландӣ ба замин ҳаво медиҳад ва дар ҳамон ҷо мемирад", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Масъулони Додситонии ноҳияи Шоҳмансур гуфтанд, ки ин маълумот феълан бар асоси иттилоест, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ додаанд ва додситонӣ ин ҳодисаро тафтиш дорад.

Аммо пайвандони ҷавон ба ин фарзия бовар надоранд. Рустам Сафармадов, бародари ин ҷавон гуфт, ҷасади Фарҳодро рӯзи 17-уми сентябр ба онҳо супурданд. "Бародарам ба тиҷорат машғул буд. Мо ба фарзияи маргаш бовар надорем. Ба ин ҳам бовар надорем, ки гуё ӯ бо террористон иртибот дошта бошад", - гуфт ӯ.

Фарҳод бо завлона "аз ошёнаи 6-ум" парид ва ҳалок шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Линки мустақим

Ба қавли пайвандон, Фарҳод Сафармадов дар бозори шаҳри Ваҳдат дӯкон дошт, аммо бо ҳамсараш дар Душанбе зиндагӣ мекард. Ӯ соҳиби ду фарзанд аст.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марги ин ҷавонро ҳангоми фирор тасдиқ карданд, вале аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуданд.

Дар гузашта низ мақомоти Тоҷикистон аз кӯшиши фирори баъзе боздоштшудаҳо аз дасти пулис хабар доданд. Аз ҷумла, ба иттилои мақомоти пулис, Умедҷон Тоҷиев соли 2013 худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош карда буд, аз боздошт фирор кунад. Аммо баъдан дастгир ва барои “итоат накардан ба пулис” айбдор шуда буд.

XS
SM
MD
LG