Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани узбекҳои Тоҷикистон: Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ шаванд


Фаъолони Ҷамъияти узбекони Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии имзо барои ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод шудани номзадии руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро шурӯъ кардаанд.

Анҷумани узбекзабонони Тоҷикистон мегӯяд, ки бо назардошти саҳми ин ду раҳбар дар беҳбуди равобити миёни ду кишвар, онҳо маъракаи ҷамъоварии имзо барои пешниҳоди номзадии ду президент ба ҷоизаи мӯътабари ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд.

"Пешниҳод ба хотири қадрдонии заҳматҳои ду раҳбар аст"

Ин пешниҳод рӯзи 10-уми октябр дар ҷараёни як ҳамоиши ҷамъияти узбектаборони ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат садо дод, ки бо ширкати садҳо нафар ҷараён гирифт. Муҳаррама Мирзоалиева, раиси Анҷумани узбекзабонони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими аъзои ҷамъият ин шуд, ки бояд ба хотири қадрдонии заҳматҳои ду раҳбар дар амри беҳбуди равобит, бояд имзои ҷонибдорон ҷамъоварӣ ва ҳамроҳ бо матни пешниҳод ба Кумитаи Нобел, ирсол шавад.

Ҷонибдорони пешбарӣ шудани исми ду президент ба ҷоизаи Нобел мегӯянд, ки талошҳои ду раҳбар дар амри беҳбуди равобити дар давоми наздики чоряк аср сардшударо намешавад нодида гирифт.

Муҳаррама Мирзолиева гуфт: "Мо бо кумитаи ихтисоси ҷоизаи Нобел дар тамос шудем ва онҳо муқаррароти ҷудо кардани ин ҷоизаро ба мо тавзеҳ доданд. Ҳамчунин аз иштибоҳи гузаштаи Тоҷикистон дар пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба гирифтани ин ҷоизаро шарҳ доданд. Ба гуфтаи онҳо, вақте номзадии президентро мақомоти ин кишвар пешниҳод карданд, ин пешниҳод ҳатто ба баррасӣ гирифта намешавад. Агар номзадеро созмонҳои ҷамъиятӣ

Раҳбари Анҷумани узбекзабонони Тоҷикистон Муҳаррама Мирзоалиева
Раҳбари Анҷумани узбекзабонони Тоҷикистон Муҳаррама Мирзоалиева

пешниҳод кунанд, пас ин мавзӯъ ҳатман баррасӣ мешавад".

Дар Тоҷикистон бори аввал соли 1998, як сол баъди имзои Созишномаи сулҳи миёни ҳукумат ва мухолифон Маҷлиси намояндаҳои Тоҷикистон президент Раҳмонро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод кард. Дар Узбекистон мавзӯи пешниҳоди Шавкат Мирзиёев ба ҷоизаи сулҳи Нобел тобистони соли ҷорӣ, як сол баъди раёсатҷумҳурии ӯ аз сӯи як вакили сенати Узбекистон матраҳ шуда буд.

Исми барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ҳар сол моҳи октябр эълон ва худи ҷоиза моҳи декабр тақдим мешавад. Соли ҷорӣ ду фаъоли ҷамъиятӣ аз Ироқу Конго - Нодия Мурод ва Денис Муквег, ки зидди истифодаи таҷовузи ҷинсӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ баромад мекунанд, барандаи ин ҷоиза эълон шудаанд. Дар гузашта Барак Обама, Исҳоқ Робин, Михаил Горбачев ва дигар раҳбарони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барандаи ҷоизаи бонуфузе шудаанд, ки шурӯъ аз соли 1901 тақдим мешавад.

Оғози ҷамъоварии имзоҳо

Раҳбари Анҷумани узбекзабонони Тоҷикистон Муҳаррама Мирзоалиева мегӯяд, даъвати онҳо барои пешбарӣ шудани исми ду президент ба ҷоизаи сулҳи Нобел "аз ҷониби бисёриҳо хуб пазируфта шуд ва то ҳол имзои ҳазорҳо сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла узбектаборҳои маҳаллӣ ва даҳҳо созмонҳои ҷамъиятӣ", ҷамъоварӣ шудааст. Қарор аст, ҳафтаи оянда дар шаҳри Турсунзода намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва Узбекистон гирдиҳам омада, аз ин пешниҳод пуштибонӣ кунанд.

​Ҷонибдорони пешбарӣ шудани исми ду президент ба ҷоизаи Нобел мегӯянд, ки талошҳои ду раҳбар дар амри беҳбуди равобити дар давоми наздики чоряк аср сардшударо намешавад нодида гирифт. Баъди марги президент Ислом Каримов дар сентябри соли 2016 ва интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба мақоми президенти Узбекистон, ҳамкориҳои ду кишвар комилан бозбинӣ ва деворҳои сиёсии дар байни ин ду кишвар бунёдшуда аз байн бурда шуд.

Беҳбуди равобит баъди марги Каримов

Марзҳои давоми қариб 20 сол басташудаи ду кишвар боз ва низоми раводид тақрибан бекор шуд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҳаракати қатору автобусҳо пурра барқарор гардид. Миёни ду кишвар даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ имзо шуда, сафарҳои расмии руасои ҷумҳур ва ҳам мардуми оддӣ ба қаламрави якдигар аз сар гирифта шуд.

Баҳрабардорони ин беҳбудиҳо пеш аз ҳама бахши тоҷику узбектаборҳои ҷомеаҳои ду кишвар ҳастанд, ки дар ҳарду тарафи марз хешутабор доранд ва дар муддати ҷорӣ будани низоми виза дар сафари озод ба қаламрави ин кишварҳо мушкил доштанд.

Узбекҳо дар Тоҷикистон

Танҳо дар Тоҷикистон беш аз як миллион узбектаборҳо зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо сокинони манотиқи наздимарзӣ бо Узбекистон ҳастанд. Дар ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат, ки дар шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ҳудуди 42 ҳазор узбектаборон зиндагӣ мекунанд, ки 13 ҳазор нафар аз онҳо дар ҷамоати "Гулистон" сабти ном шудаанд.

Олимҷон Исмоилови 72-сола, як сокини ҷамоати "Гулистон"-и шаҳри Ваҳдат гуфт, ки тоҷикону узбекҳо тӯли 25 сол робитаҳои сард доштанд ва президентҳо Раҳмон ва Мирзиёев ҳамкориҳои дӯстонаро барқарор карданд. Ба эътиқоди вай, "эҳёи робитаҳои дӯстона миёни ду кишвар худ як қаҳрамонист ва бо гузаштҳое аз ҷониби ду раҳбар ба даст омадааст".

Дар ҷаласаи рӯзи 10-уми октябр масъулини Анҷумани узбекзабонони Тоҷикистон гуфтанд, ки то замони ниҳоӣ шудани мавзӯи пешбарӣ ба ҷоизаи Нобел, пешниҳоди дигари фаъолони ин созмони ҷамъиятӣ мавриди пуштибонии мақомот қарор гирифт.​

"Сипари ватан" мехоҳад Эмомалӣ Раҳмон дубора қаҳрамон шавад

Дар посух ба муроҷиати Исомиддин Аслонов, узви созмони ҷамъиятии "Сипарони ватан" омадааст, ки бо назардошти "ибтикороти президенти Узбекистон дар самти беҳтар шудани робитаҳои мутақобилаамон дар ҳамаи масъалаҳои калидии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон", ин пешниҳод ба инобат гирифта мешавад.

Исомиддин Аслонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пешниҳодаш вай ҳамзамон хостааст ба Эмомалӣ Раҳмон низ барои беҳбуд ёфтани робитаҳо бо Узбекистон унвони дувуми қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.

Ба ин манзур, созмони "Сипарони ватан" якҷо бо Анҷумани узбекзабонони Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии имзои ҷонибдорони чунин пешниҳод дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистонро оғоз кардаанд. То ҳол ҳамоишҳои пуштибонӣ аз ин пешниҳод дар шаҳри Бохтар, ноҳияи Лахш ва 10 октябр дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG