Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори ДИИШ бар дӯши Мадина афтод. ВИДЕО


Мадинаи Умед
Мадинаи Умед

Як ҳафта баъди онки Таманно Каримова барои ҳамзистӣ бо як ҷангҷӯи узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" аз тарафи Додгоҳи Бағдод ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, духтари наврасаш дар шаҳри Кӯлоб ҳам аз ин хабар огоҳӣ ёфт.

Чаҳор сол чашм ба роҳи модар

Ваъдаи телефонии чаҳор сол пеши модар ба Мадина, ки ҳатман баргашта ӯро ба оғӯш мекашад ва дубора зиндагии муштарак барпо мекунанд, барбод рафт. Таманно Каримоваро дар ҳайати як гурӯҳи нӯҳнафараи занони тоҷик рӯзи 20-уми сентябри имсол ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ карданд.

Мадина мегӯяд, доғи зиндаҷудоӣ дар тамоми ин солҳо мушкили аслии зиндагии ӯ шудааст.

Мадинаи Умед, духтари калонии Таманно Каримова, 14 сол дорад ва чаҳор соли охир чашм ба роҳи модар зистааст. Чеҳраи модарро бори охир дар даҳсолагӣ дида буд ва баъди ин масъулияти тарбияи ӯ ба дӯши холаҳову модаркалон будааст.

Ба қавли Мадина, модараш бори дувум шавҳар кард ва тасмими онҳо ин шуд, ки бояд барои зиндагии беҳтар ба Русия муҳоҷират кунанд. Дар издивоҷи дуюм модар соҳиби ду духтари дигар – Ҳафса ва Марям шуд. Мадина умед дорад, ки хоҳаронаш ҳамроҳ бо модар ҳастанд ва маълум нест, ки оё онҳо мисли чанд тифли дигари аз Ироқ овардашуда ба Тоҷикистон бармегарданд ё на.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Мадина дар Тоҷикистон, модараш дар зиндони Бағдод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Мадина зиндагии худро бо модар то соли 2014 "хубу осуда" ва "хушбахту зебо" тасвир мекунад. Вақте модар тасмим гирифт, ки ба Русия равад, ба Мадина ваъда дод, ки баргашта хонаи нав месозанд ва зиндагии муштараки онҳо зери боми манзили нав идома мекунад. Вале рафту дигар барнагашт ва тамосҳои телефониаш ҳам ду сол пеш қатъ шуд.

"Ман ягона духтараш будам. Бо ваъдаи кору зиндагӣ ва сохтани хона ба Русия рафт. Чаҳор сол мешавад, ки модарамро надидам. Пеш аз ба Русия рафтан шавҳар карда буд. Бо ман телефонӣ гап мезад ва танҳо саломатиамро мепурсиду бас. Бисёр сӯҳбат намекард. Ду сол мешавад, ки бо модарам сӯҳбат накардаам. Вале ду ҳафта пеш холаҳоям ба ман хабар доданд, ки ту ду хоҳар дорӣ ва модаратро дар Ироқ ҳабс кардаанд", - мегӯяд Мадинаи Умед.

Намедонанд, ки Таманно чӣ гуна ба Ироқ рафт

Дар хонаводаи Мадинаи Умед дар бораи зиндагии солҳои охири модараш иттилое надоранд. Аз ҷумла, намедонанд, ки Таманно Каримова чӣ гуна аз Русия ба Ироқ рафт ва ба унвони ҳамсари ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" маҳкум шуд.

Мегӯянд, Таманно Каримова ба онҳо аслан чизе намегуфт ва зоҳиран симкорти телефонашро ҳам зуд-зуд иваз мекард. Мадина ҳам мегӯяд, ки дар ду соли охир ҳарчанд борҳо талош кард ба шумораи телефонҳои модар занг занад, бенатиҷа буд.

Мадина мегӯяд, доғи зиндаҷудоӣ бо модар дар тамоми ин солҳо мушкили аслии зиндагии ӯ шудааст ва ҳарчанд атрофиёнаш мегӯянд, ки хола ҳам ҷои модарро мегирад, бо ин андеша розӣ нест. Тамоми ин солҳо бо хаёли модар дар дил зистааст, вале вақте хабари ҳабси тӯлонии модар ба гӯшаш расид, дар як лаҳза худро танҳову ятим эҳсос кард.

Занҳои тоҷик дар "сарзаминҳо"-и ДИИШ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки шурӯъ аз соли 2014 аз Тоҷикистон ба қаламравҳои зери назари ДИИШ беш аз 1100 шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла, занон рафта бахши аъзами онҳо кушта шудаанд.

Дар ним соли гузашта додгоҳе дар шаҳри Бағдод дар миёни бонувони зиёди хориҷӣ, аз ҷумла, 21 зани тоҷикро ҳам ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ – аз 20 соли зиндон то ҳукми абад маҳкум намуд. Яке аз онҳо Таманно Каримова аст, ки дар хонааш дар Тоҷикистон духтари калониаш чашм ба роҳи ӯ ашк мерезад.

XS
SM
MD
LG