Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз нуҳ зани зиндонишудаи тоҷик дар Ироқ 24 кӯдак монд. САДО, ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, нӯҳ зани тоҷикро барои узвият дар гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ва ҳамзистӣ бо ҷангҷӯён аз 20 соли зиндон то ба ҳукми абад маҳкум кард. Ҳукми ин занҳо рӯзи 19-уми сентябр содир шуд.

"Ҳукумат кӯдаконро ба ватан меорад"

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷараёни мурофиа огоҳ аст, рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар кадоме аз занони маҳкумшудаи тоҷик бо худ аз як то се (дар маҷмуъ 24) кӯдак доранд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, кӯдаки хурдтарин ҳаштмоҳа ва бузургтаринаш 7-сола аст. Ин кӯдакон феълан бо модаронашон нигаҳдорӣ мешаванд.​

Хадича Файзиддинзода, сокини 26-солаи шаҳри Норак, аз соли 2015 барои узвият дар гурӯҳи ДИИШ дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад.

“Агар занҳо розӣ шаванд ва хешу таборашон дар Тоҷикистон дархост кунанд, ҳукумат кӯдаконро ба ватан меорад. Бо фармони президенти кишвар Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кӯшиши баргардонидани кӯдаконро доранд. Ба ҷуз ин 24 кӯдак, чаҳор кӯдаки бе волидон низ интизори бозгашт ба ватан ҳастанд”, - афзуд манбаъ.

Ин мақом гуфт, Тоҷикистон бо Ироқ дар заминаи истирдоди зиндониён ҳеҷ шартнома надорад. "Эҳтимол дар оянда роҳҳое барои баргардондани занҳо пайдо шавад ваё дар Ироқ онҳоро афв кунанд", - умедворӣ кард ӯ.

Чаро аз қаламравҳои ДИИШ фирор накарданд?

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар додгоҳ намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Кувейт низ иштирок дошт. Додгоҳ аз занҳо пурсидааст, ки чаро талоши фирор аз қаламрави гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро накарданд. Аксари занҳо гуфтаанд, роҳро намедонистанд. Танҳо Хадича Фазлиддинзода, сокини шаҳри Норак, гуфтааст, як бор аз ҳудуди таҳти назорати ДИИШ кӯшиши фирор кард, вале боздошт ва се моҳ зиндонӣ шуд. Ӯ гуфтааст, ҳамеша ҳамроҳ бо худ 900 доллар дошт, то онро барои фирор аз қаламравҳои “Давлати исломӣ” истифода кунанд.

лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:17 0:00
Линки мустақим

Бештари ин занҳо ҳангоми озодсозии шаҳри Мавсили Ироқ боздошт шудаанд. Бархе аз занҳо гуфтаанд, ки ҳатто намедонситанд, ба ДИИШ омадаанд. Онҳо дар додгоҳ иқрор шудаанд, ки гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба онҳо ҳар моҳ 50 доллар медод. Онҳо дар додгоҳ гуфтаанд, ки шавҳаронашон кушта шудаанд.

Зебо, Таманно, Сафаргул...

Бар асоси як санад, ки аз додгоҳи шаҳри Бағдод дастраси Радиои Озодӣ шуд, аз ин занҳо чунин ном бурда мешавад:

  • Лутфия Иззатулло Абдуллоҳ

  • Таманно Каримова Холаҳмад

  • Сафаргул Набиева

  • Мадина Ашраф Қурбон

  • Хадича Файзиддинзода

  • Ирода Раззоқ Холиқ Содиқ

  • Оиша Шербекова

  • Зуҳро Зоҳир Муҳаммад

  • Зебо Ҷонакӣ Саидова

Шахсият ва маҳалли зисти чаҳор нафар аз ин занҳо дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ маълум аст.

Қаблан Додгоҳе дар Ироқ чаҳор зани тоҷикро ба ҳабси абад маҳкум карда буд
Қаблан Додгоҳе дар Ироқ чаҳор зани тоҷикро ба ҳабси абад маҳкум карда буд

Ин занҳоро Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекард

Мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, “Зебо Ҷонакӣ Саидова” Зебуннисо Саидова, сокини 38-солаи ноҳияи Мӯъминобод аст, ки соли 2016 ҳамроҳ бо шавҳараш ба Ироқ рафтааст. Оиша Шербекова, келини Шариф Шербеков, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст, ки ҳамроҳ бо 11 узви хонаводааш ба Ироқ рафтааст.

Хадича Файзиддинзода, сокини 26-солаи шаҳри Норак, аз соли 2015 барои узвият дар гурӯҳи ДИИШ дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад. Сафаргул Набиева, сокини 23-солаи ноҳияи Восеъ, аз соли 2016 таҳти ҷустуҷӯст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳузури ин занҳо дар Ироқ тасдиқ шуда буд ва нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “зархаридӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

“Писарам намоз намехонд. Ҳар чӣ шуд, дар Русия шуд”
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:55 0:00

"Очаҷон, дар ҳаққам дуо кун"

Хонаашонро дар деҳа фурӯхтанд ва ғайб заданд. Аз байн як моҳ гузашт ва занг зад, ки дар Сурия ҳастанд.

Пайвандони ин занҳо ба ҷуз чанд мактубе аз пайвандонашон, ки онро Салиби Сурх расонидааст, ҳеҷ хабаре дар бораи сарнавишташон надоранд. Оилача Ғаффорова, хушдомани Сафаргул Набиева, ҷавонтарин зане, ки дар Бағдод ҳукми абад гирифт, рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писару келинаш соли 2016 аз Русия ба Сурия рафтаанд.

Писари ин зан Одил Ҳайтулови 28-сола, зодаи ноҳияи Восеъ аст. Ӯ гуфт, соли 2016 писарашро зан дод ва онҳо пас аз чанд моҳ бо келинаш ба Русия рафтанд. Ҳангоми сафар, ба гуфтаи ин зан, келинаш ҳомила буд. "Соли аввал ду-се дафъа тамос гирифтанд ва бо ҳамин бедарак шуданд", - гуфт Оилача Ғаффорова.

Ӯ афзуд, “дар як сӯҳбат гуфтам, куҷо рафтед, куҷо шудед, биёед. Писарам, гуфт, ки очаҷон дар ҳаққам дуо кун. Бори охир келинам занг зад ва гуфт, ки холаҷон ҳатман меоям. Ҳамон вақт бояд таваллуд мекард.”

Волидони Зебуннисо фавтидаанд

Зебуннисо хатмкардаи коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб буд ва то лаҳзаи сафар ба Сурия дар дармонгоҳи деҳаашон ба ҳайси пизишк кор мекард.

Падару модари Зебуннисо Саидоваи 38-сола, ки дар Ироқ ҳукми абад гирифтааст, фавтидаанд. Ягона бародараш низ дар Русия қарор дорад. Сарвиноз Ғуломова, ҳамсари бародари Зебуннисо рӯзи 20-уми сентябр гуфт, онҳо фақат як моҳи аввал тамос доштанд.

Шавҳари Зебуннисо, Бобоҷон Бобохонови 44-сола зодаи ноҳияи Мӯъминобод аст. Ба нақли ҳамсари бародараш, Зебуннисо аз 13 соли зиндагии муштарак бо Бобоҷон фарзанд надошт.

“Соли 2016 гуфтанд, ки барои табобат ба Душанбе меравем. Хонаашонро дар деҳа фурӯхтанд ва ғайб заданд. Аз байн як моҳ гузашт ва занг зад, ки дар Сурия ҳастанд. Бародараш ҷанг кард, ки чаро рафтед. Бо ҳамон телефонашро кушт, дигар гап назад”, - гуфт ӯ.

Ҳарчанд, то соли 2016 ин зан кӯдак надошт, вале мақомоти тоҷик мегӯянд, он ҷо ӯро бо кӯдак дидаанд.

Зебуннисо хатмкардаи коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб буд ва то лаҳзаи сафар ба Сурия дар дармонгоҳи деҳаашон ба ҳайси пизишк кор мекард. Ба гуфтаи мақомот, дар соли аввал хабари марги шавҳари ӯ ба гӯш расида буд ва эҳтимол Зебуннисо шавҳари дигар карда бошад.

"Чаҳор нафари онҳо мегиристанд"

Умар Каримӣ, хабарнигори ироқӣ, ки дар ин мурофиа иштирок кардааст, рӯзи 20-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бархе занҳо ҳукмашонро маъмулӣ қабул карданд, вале “чаҳор нафари онҳо” мегиристанд.

Соли 2014 дар ҳудуди Сурия ва Ироқ гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” хилофати худхонда эълон кард. Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои пайвастан ба ин гурӯҳи тундрав ба ҳудуди Ироқу Сурия рафтаанд, ки дар миёнашон беш аз 400 зану кӯдак аст.

Додгоҳи Бағдод қаблан чаҳор зани тоҷикро ба ҳукми қатл маҳкум карда буд ва 13 нафарро аз 20 сол то ба ҳукми абад зиндонӣ кард.

Пас аз шикасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳоло бархе аз занҳои тоҷик дар зиндони Ироқ ва бархеи дигар дар паноҳгоҳҳое дар Сурия қарор доранд. Тоҷикистон танҳо 9 кӯдак ва як зани ҷавонро аз ҳудуди Сурия ва Ироқ ба ватан баргардондааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG