Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зани тоҷик бо алам мегирист". Тафсилоти ҳукми занони тоҷик дар Бағдод


Дар акс: шаҳрвандони Русияи маҳкумшуда ба зиндони абад дар толори додгоҳи ҷиноии марказии Бағдод
Дар акс: шаҳрвандони Русияи маҳкумшуда ба зиндони абад дар толори додгоҳи ҷиноии марказии Бағдод

Ҳукумати Тоҷикистон аз мақомоти Ироқ дархост кард, ки ҷузъиёти ба ҳукми абад маҳкум шудани чаҳор зани тоҷик дар додгоҳи Бағдодро шарҳ диҳанд.

Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ҳамзамон фиристодаи президенти Тоҷикистон дар умури Ироқ, рӯзи 30 апрел дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар заминаи ҳукми зиндони занони тоҷик имрӯз ба унвонии мақомоти Ироқ

Як зани тоҷик, ки аз дигарон ҷавонтар буд, пас аз шунидани ҳукм бо алам гиря кард

дархост ирсол шуд. Зубайдов гуфт: “Мо феълан ягон иттилои дақиқ надорем, ному насаб ва машғулияти ин занҳоро ҳам намедонем. Вале расман ба мақомоти Ироқ муроҷиат кардем. Онҳо гуфтанд, ки дар фурсати наздик дар ин бора ба мо маълумот медиҳанд. Мо ҳам аз матбуот фаҳмидем, ки дар як мурофиаи додгоҳӣ 19 зан аз Русия, 4 зан аз Тоҷикистон ва 6 зан аз Озарбойҷон маҳкум шуданд”.

Рӯзи 29 апрел, додгоҳи Бағдод ин занҳоро барои “узвият ва кӯмак ба Давлати Исломӣ” гунаҳгор эълон кард. Бархе занон дар ҷараёни эълони ҳукм бо фарзандони хурдсоли худ дар курсии айбдоршавандаҳо нишаста буданд. Зубайдулло Зубайдов гуфт, дар ҳоле, ки феълан барои мақомоти тоҷик нақши занон дар ҷиноятҳои зикршуда маълум нест, аз рӯи қонунҳои Ироқ, нафароне, ки бо гумонбаронм терроризм ҳамзистӣ кардаанд, бо айни чунин иттиҳом гунаҳгор эълон мешаванд. Зимнан, мақомоти Русия гуфтанд, ки бо мақомоти Ироқ имкони истирдоди занҳои маҳкумшуда ба Русияро матраҳ мекунанд.

"Як зани тоҷик баъди шунидани ҳукм бо алам гирист"

Дар мурофиае, ки рӯзи якшанбе ҷараён гирифт, хабарнигори оҷонсии Франс Пресс ҳам иштирок кард. Умар Карим, хабарнигори ин оҷонсӣ мегӯяд, бархе занҳо ҳукмро тавре қабул карданд, ки гӯё аз қабл медонистанд, вале бархе андӯҳгин буданд ва пайваста ба бегуноҳии худ таъкид мекарданд. Сӯҳбати онҳоро ду тарҷумони рус ба арабӣ баргардон мекарданд.

Умар Карим рӯзи душанбе дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Бағдод гуфт, ки занҳои тоҷикро ҳам дар ин мурофиа дид. Ба гуфтаи ӯ, як зани тоҷик, ки аз дигарон ҷавонтар буд, пас аз шунидани ҳукм бо алам гиря кард.

17 апрел, мурофиаи шаҳрвандони Русия дар Бағдод
17 апрел, мурофиаи шаҳрвандони Русия дар Бағдод

Умар Карим гуфт: «Занҳо дар мурофиа бо кӯдакҳои хурд ҳузур доштанд. Ҳамаи онҳо дар бағал ҳади ақал як кӯдак доштанд, аз ҷумла занҳои тоҷик. Онҳо мегуфтанд, ки фиреб хӯрдаанд ва тасодуфан ба қаламрави Ироқ афтодаанд. Ёдам нест, ки зани ҷавони тоҷик буд ё озарӣ, ки гуфт, бо ҳамсараш тариқи Фейсбук шинос шуд, ки ӯро бо ваъдаи издивоҷ дар Туркия ба Ироқ бурд. Ҳамаашон ба таъкид мегуфтанд, ки фиреби шавҳаронашонро хӯрдаанд ва аз додгоҳ тавалло мекарданд, ки онҳоро афв кунад».

Аммо Умар Карим мегӯяд, додгоҳ далелҳои худро дошт ва дар ниҳояти амр ба онҳо ҳукми абад дод. Ин хабарнигор нагуфт, ки то куҷо маҳкумшудаҳо бо вакили дифоъ таъмин буданд.

Карим ба ин суол, ки оё кӯдакон низ бо модаронашон ба маҳбас мераванд, гуфт, дар навбати аввал ҳукумати ҳар кишвар метавонад барои интиқоли фарзандони ин занон ба ватан мусоидат кунад. Коре, ки аз ҷумла, Русия гуфтааст, ки мехоҳад анҷом диҳад. Барои интиқоли кӯдакон ба Русия фаъолони ҳуқуқи инсон дар назди президенти ин кишвар сафарбар шудаанд. Аксари ин занон аз Чеченистон ва Доғистон будаанд. Умар Карим гуфт, аз ин пеш Фаронса ҳам кӯдакони занони зиндониро хешовандонашон дод.

«Ин корро Фаронса анҷом дод. Фарзандони занҳоеро, ки ҳукми абад гирифтанд, ҳукумат ба Фаронса бурд. Албатта, ин бо розигии худи занҳо бояд сурат бигирад. Агар онҳо ризоият бидиҳанд, тавре аз таҷриба дидам, бурданашон ба ватани модаронашон мушкили надорад», - гуфт Умар Карим. Барои интиқоли кӯдакон аз ватани модари маҳкумшуда иҷозати хешовандон ҳам тақозо мешавад.

"Тоҷикистон ҳуввияти занони тоҷики боздоштшударо медонад"

Дар ҳоле, ки мақомоти тоҷик ҳанӯз дар бораи ҳуввияти занони маҳкумшуда дар Ироқ иттилое надоранд, як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ба шарти фош нашудани исмаш гуфт, шахсияти аксар занҳо, ки дар зиндони Бағдод ҳастанд, барояшон маълум аст, вале онҳо ҳоло дақиқ намедонад, кадоме аз онҳо рӯзи гузашта ҳукми абад гирифт.

Ин манбаъ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дар фикри баргардонидани кӯдакон ҳаст, вале мушкили аслӣ дар ин аст, ки кӯдакон ё санад надоранд, ё шаҳрвандии онҳо маълум нест. Ба гуфтаи ӯ, бархе дар қаламрави таҳти ДИИШ дар ду-се соли охир ба дунё омадаанд ва ҳеҷ санаде бо худ надоранд.

Соли 2016, паноҳгоҳи хонаводаҳои узви ДИИШ дар Ироқ
Соли 2016, паноҳгоҳи хонаводаҳои узви ДИИШ дар Ироқ

Мурофиаи судии занони тоҷик дар Ироқ аз нахустин муҳокимаҳои эҳтимолан ҳамсарони ҷангиёни узви гурӯҳи ба ном «Давлати Исломӣ» аст, ки матбуот дар бораашон хабар медиҳад. Баъди танг шудани мавқеи ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ, дар як соли охир даҳҳо занону кӯдакон ба Ироқ интиқол ёфта худро ба мақомоти ин кишвар таслим карданд. Бовар меравад, ки дар ятимхонаву боздоштгоҳҳои Бағдод садҳо кӯдакону занон нигаҳдорӣ мешаванд ва дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Дар навбат - бозгардони 6 тифли дигари тоҷик

Зубайдулло Зубайдов мегӯяд, дар ин охирҳо се дафъа ба Бағдод сафар карда, дар сӯҳбат бо вазири хориҷа, раиси додгоҳи олӣ, намояндагиҳои созмонҳои имдодрасони байналмилалии мисли СММ ва Салиби сурх, шароити бозгардонидани он шаҳрвандонеро баррасӣ кардааст, ки имкони интиқолашон ба Тоҷикистон вуҷуд дорад. Дар чаҳорчӯби ҳамин рисолат ҳафтаи гузашта чор кӯдаки ятими собиқ ҷангиҳои ДИИШ аз Бағдод ба Душанбе интиқол ёфт.

Зубайдов гуфт, чор тифли ятиммондаи тоҷикро тавассути хатсайри Бағдод-Дубай-Душанбе ба ватан овард
Зубайдов гуфт, чор тифли ятиммондаи тоҷикро тавассути хатсайри Бағдод-Дубай-Душанбе ба ватан овард

Зубайдов, ки шахсан дар интиқоли кӯдакон ба Душанбе ширкат дошт, гуфт, ҷараёни шиносоии кӯдакон, гирифтани ризоияти мақомоти додгоҳӣ ва иҷозати бозгардони онҳо ба ватан як муқаррароти мураккабу тӯлонӣ аст. Дар навбати баъдӣ, ба гуфтаи ӯ, интиқоли 6 тифли дигари тоҷик ҳам дар назар аст. Зимнан, рӯзи 24 апрел дар мулоқоти Зубайдов бо вазири хориҷаи Ироқ дар Бағдод Иброҳим Ал-Ҷаъфарӣ аз мақомоти Тоҷикистон изҳори сипос кардааст, ки бо вуҷуди надоштани сафоратхона дар ин кишвар ба сарнавишти шаҳрвандон ва ҳам ятимонаш дар Ироқ таваҷҷӯҳ карда, онҳоро ба хонаҳояшон бармегардонад.

Мулоқоти Зубайдов ва Ал-Ҷаъфарӣ рӯзи 26 апрел баргузор шуд. Акс аз www.mofa.gov.iq
Мулоқоти Зубайдов ва Ал-Ҷаъфарӣ рӯзи 26 апрел баргузор шуд. Акс аз www.mofa.gov.iq

​Ба саволи Радиои Озодӣ ки Тоҷикистон то куҷо метавонад занони зиндониро бо ёрии ҳуқуқӣ таъмин кунад, то онҳо тавонанд барои бозбинии ҳукмҳяшон талош кунанд, - гуфт, чунин шароит имкон дорад ва ин кор баъди дарёфти посухи мақомоти Ироқ даст медиҳад.

Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, ки сар аз соли 2014 беш аз 1100 шаҳрванди ин кишвар, ба қасди пайвастан ба гурӯҳи «Давлати Исломӣ» ба қаламравҳои Сурияву Ироқ сафар кардаанд. Шумори зиёди занон нохудогоҳ аз пайи ҳамсарони худ ба нооромтарин гӯшаи ҷаҳон рафта, қисме ҳам кушта шуданд. То пароканда шудани ДИИШ дар Ироқу Сурия теъдоди занону кӯдакони тоҷикро дар ин кишварҳо 400 нафар ҳисоб мешуд.

XS
SM
MD
LG