Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Барқ нест, гуфтугӯи телефонӣ ва интернет ҳам”


Маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ширкатҳои мобилиро ба мушкили таъмини аҳолӣ бо иртиботи телефонӣ ва интернет рӯ ба рӯ кардааст. Сокинон гуфтанд, ки бо хомӯш шудани нирӯи барқ суръати интернет ва сифати иртиботи мобилӣ “бисёр паст” ва дар баъзе ҳолат тамоман дастнорас мешавад.

Суоли аслӣ ин аст, ки бо чунин вазъ онҳо то куҷо имкон доранд даромади хуб ба даст оварда, таҷҳизоти худро нав кунанд?

Ҳобил Хӯҷаев, як сокини вилояти Суғд, гуфт, рӯзи 27-уми октябр бо сабаби он ки рӯзона барқ надоштанд ва интернет ҳам дастнорас буд, танҳо шабонгоҳ як ҳуҷҷати муҳимро аз почтаи электрониаш дастрас кард. Ӯ гуфт, ин ҳуҷҷатҳо натиҷаи ташхиси бемории ҳамсараш буд, ки пизишкони Ҳиндустон барояш фиристоданд.

“Ин санадҳоро гирифта, ба яке аз дӯстони табибам дар ҷамоат нишон медодем. Аз сабаби онки интернет набуд, мунтазир нишастем. Албатта, дар маркази шаҳрҳо интернет аст, аммо чаро бояд одам ин қадар харҷ кунад, то як занги муҳим бикунад ваё як нома нависаду нома гирад?” – суол гузошт ҳамсуҳбати мо.

Хӯҷаев муштарии “Билайн” аст ва мегӯяд, аз хадамоти ин ширкат ба хотири интернети арзонаш истифода мебарад. Масъулини ширкат низ расман вуҷуди мушкилро дар ин бахш тасдиқ карданд.

Ширкати “Билайн-Тоҷикистон” бо пахши як иттилоия гуфтааст, “муштариёни муҳтарам, дар минтақаҳои кишвар мушкили иртиботи телефонӣ мушоҳида мешавад. Ин амр ба далели қатъи таъмини нерӯи барқ пеш омадааст. Мо барои таъмини иртиботи устувор тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳем.”

Масъулини ширкат дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои рафъи мушкил талош доранд, вале маълум нест, ки он кай бартараф мешавад.

“Шикоят кардам, ҷавобе нест”

Аммо танҳо муштариёни ширкати “Билайн” нестанд, ки ин шабу рӯз дар минтақаҳои кишвар ба мушкили дастрасӣ ба иртиботи мобилӣ ва интернет рӯ ба рӯ ҳастанд.

Баҳодур Уроқов, хабарнигори тоҷик аз вилояти Хатлон мегӯяд, беш аз як моҳ боз аз сифати пасти иртиботи мобилӣ ранҷ мебарад. Уроқов муштарии ширкати “Тселл” аст ва гуфт, бо хомӯш шудани қувваи барқ ӯ аз интернети баландсуръат ҳам маҳрум мешавад.

Ин хабарнигори тоҷик гуфт, аз чунин вазъ ба масъулини ширкати “Тселл” расман шикоят бурд. Онҳо арзашро қабул карда ва гуфтаанд, ки бояд мунтазири посух бошад.

Пул - барои хариди таҷҳизот ё ҷаримаҳои ҳангуфт?

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои сердаромад ба шумор мерафт, вале се соли охир ба мушкилҳои зиёде печидааст. Коршиносон мегӯянд, мушкили пешомада нишон медиҳад, ки имкони ширкатҳои мобилӣ барои ворид кардани таҷҳизоти нав ва тобовар ба вазъиятҳое ба мисли бебарқӣ хеле маҳдуд шудааст. Ҳол он ки, ба гуфтаи таҳлилгарон, як бахши асосии даромади ширкатҳои мобилӣ бояд барои хариди таҷҳизоти нав сарф шавад.

Рустам Гулов, коршиноси бахши фанновариҳои ҷадид мегӯяд, пеш омадани чунин вазъ пурра аз ширкатҳо вобаста нест, вале дар ниҳоят ин кор ба эътибори онҳо зарба мезанад. Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, ҳоло ширкатҳои мобилии кишвар маҷбуранд, даромади худро ба ҷаримаҳои ҳангуфт сарф кунанд, то ворид кардани таҷҳизоти нав ба кишвар.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

“Суоли аслӣ ин аст, ки бо чунин вазъ онҳо то куҷо имкон доранд даромади хуб ба даст оварда, таҷҳизоти худро нав кунанд? Ширкатҳо феълан дар чорроҳа истодаанд ва намедонанд, ки чӣ кор кунанд: маблағро сарф карда, рушд намоянд ва ё онро дар дасти худ нигоҳ доранд, ки мабодо пагоҳ ҷаримаи миёншикан пайдо шаваду онро супоранд,” - гуфт Рустам Гулов.

Камбуди барқ дар ҳоле сокинонро ба мушкили дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ рӯ ба рӯ кардааст, ки мақомот то ҳол вуҷуди лимитро расман тасдиқ намекунанд. Сокинони аксари минтақаҳои Тоҷикистон, ба истиснои вилояти Бадахшон ва маркази вилоятҳо зиёда аз як моҳ аст, ки аз камбуди барқ шикоят доранд. Сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз аз 4 то 10 соат нирӯи барқ мегиранду бас.

Масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтанд, дар кишвар лимит нест, балки бо сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ маҷбуранд дар бархе манотиқ муваққатан нерӯи барқро хомӯш кунанд.

XS
SM
MD
LG