Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Йефрейтор – радабон, старшина – сардаста. Генералро чӣ гӯем?


Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ҷуз аз вожаи “генерал” рутбаҳои дигари ҳарбиро ба забони тоҷикӣ баргардон кардааст.

Тайи даҳсолаҳо дар артиши Тоҷикистон истилоҳҳои ҳарбие, ки аз тариқи забони русӣ омадаанд, роиҷ аст

Чанд намунаи тарҷумаи рутбаҳо

Мақомоти кумита гуфтанд, ки барои бидуни баҳс мавриди иҷро қарор гирифтани тарҷумаҳо як гуруҳи кории иборат аз донишмандони забону таърих ва низомиҳоро ҳам таъсис доданд. Ин гуруҳ рӯзи 24-уми октябри имсол ташкил шуда, истилоҳҳои низомии аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷумашударо баррасӣ ва ниҳоӣ хоҳад кард.

  • Йефрейтор – радабон, сержанти хурд – даставар, сержанти калон – дастабон, сержант – дастаёр, старшина – сардаста, капитан – садавар... Инҳо намунае аз тарҷумаи тоҷикии рутбаҳои ҳарбӣ ҳастанд.

ОҒОЗИ БАҲСИ ТАРҶУМАИ РУТБАҲОИ ҲАРБӢ ДАР ИНҶОСТ

Абдураҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи танзими Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, рӯзи 28-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло истилоҳи генерал-майор, генерал-лейтенант ва генерал-полковник баргардон нашудааст. Дар даст чанд намунаи тарҷумаи онҳо ҳаст ва аъзои гурӯҳи корӣ баррасӣ доранд."

"Воҳидҳои ҳарбӣ низ баргардон мешавад"

Абдураҳим Зулфониён
Абдураҳим Зулфониён

Зулфониён гуфт, барои тарҷума ва мувофиқ кардани рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ аз сарчашмаҳо ва китоби таърихи даврони Ҳахоманишиҳо, Сосониҳо ва Сомониён истифода намудаанд. "Бар иловаи баргардонии бист рутба боз 10 унвони воҳидҳои ҳарбӣ низ тарҷума карда мешавад", - афзуд ӯ.

Кумитаи забон ва истилоҳот бо вуҷуди онки ба тозагӣ гуруҳи корӣ таъсис дод, 8 моҳ қабл масъалаи баргардони рутбаҳои ҳарбиро рӯи даст гирифта буд. Дар сурати қабул ва тасдиқ шудани истилоҳҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбӣ, низомиёни тоҷик бояд бо рутбаҳои "генерал”-у “полковник", ки мероси даврони Шӯравии собиқ ва иқтибос аз забони русӣ аст, хайрухуш кунанд.

Полковник - сарҳанг ё сарлашкар?

Ҳоло бар асоси феҳрасти истилоҳҳои тарҷумашуда, рутбаи "полковник" сарлашкар ва "подполковник" лашкарёр ном гирифтааст. Дар ҳоле ки дар ҳоли ҳозир расонаҳои тоҷик дар баробари рутбаи "полковник" бештар аз вожаи сарҳанг истифода мекунанд.

Саидамир Зуҳуров
Саидамир Зуҳуров

Донишмандони тоҷик сари он баҳс доранд, ки "генерал"-ро солор биноманд ваё чизи дигар. Аммо дар як суҳбати қаблӣ генерал Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки истилоҳи генерал натанҳо дар забони русӣ, балки дар ҳамаи забонҳои дунё ба шакли "женерол" ё "ҷенерал" истифода мешавад ва зарур нест, ҳатман баргардон шавад. Вай афзуд, "дар вақти тарҷума ба зарофатҳои хоси забонӣ ва соҳавӣ эътибор бояд дод."

Бархе аз донишмандони тоҷик ҳам мегӯянд, ин масъала хеле печида аст ва ба тоҷикӣ табдил кардани истилоҳҳои ҳарбие, ки сад соли охир роиҷ ҳастанд, кори саҳл нест. Онҳо бовар доранд, ки то ниҳоӣ ва комил шудани рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ баҳси он идома хоҳад кард.

Масъалаи мушкил, аммо муҳим

Мирзо Сайфиддинов, як масъули Пажуҳишгоҳи забони Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, дар робита ба ин масъала назари ҳама пурсида шавад. Ӯ гуфт, барои мисол, шахсан мухолифи тарҷумаи рутбаи генерал ба “солор” мебошад, зеро солор маънои дигар дорад ва генерал – муҳтавои дигар.

"Ман дар омода намудани истилоҳҳои ҷуғрофӣ иштирок доштам, вале дар масъалаи рутбаҳои низомӣ даъват нашудаам. Фикр мекунам, ин масъалаи беҳад мушкил, аммо муҳим аст. Тайи даҳсолаҳо артиши Тоҷикистон бо истилоҳҳои ҳарбие, ки аз тариқи забони русӣ омадаанд, фаъолият доранд", - афзуд ӯ.

Як масъули Кумитаи забон мегӯяд, ҳамон тавре ки қаблан фармонҳои ҳарбӣ, ба мисли "налево" ба тарафи чап ва "направо" ба тарафи рост тарҷума шуду мавриди истифода аст, рутбаҳо низ бо гузашти замон ба гӯшу забонҳо хоҳанд нишаст.

Масъулони Кумитаи забон бовар доранд, ки ба зудӣ рутбаҳои ҳарбиро ба мақомоти Вазорати дифоъ хоҳанд супурд. Баъди он, ба баргардони рутбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ хоҳанд пардохт.

XS
SM
MD
LG