Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Тоҷикистони ман” – Эълони номи барандагони озмуни сафорати ИМА. ВИДЕО


Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, озмуни "Тоҷикистони ман" ба поён расид ва соҳибони шаш навор дар бораи маконҳои диданӣ ва ғайриоддии кишвар соҳиби ҷоиза шуданд.

Интихоб тавассути овоздиҳӣ ва “лайк”-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт

Усмаи Рухшона

Модар бо нияти зебо шудан ба абрӯи духтараш усма мемолад. Вай ин корро бо ҳавас ва зери оҳанг иҷро мекунад. Ҷараёни чидани усма ва об кардану молидани онро ба абрӯ Рухшона, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, дар навори кӯтоҳе сабт ва дар бораи ин ороишоти табиии занони тоҷик ба хориҷиҳо қисса кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷоизаҳои сафорати Амрикоро дар Тоҷикистон кӣ соҳибӣ кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Рухшона навори худро дар бораи усма ба озмуни “Тоҷикистони ман”, ки аз тарафи сафорати Амрико эълон шуда буд, пешниҳод кард ва соҳиби ҷоиза шуд.

Рухшона
Рухшона

“Усма як ороиши табиӣ аст, ки барои он пул сарф кардан зарур нест. Аксарият дар хонаи худ усма мекоранд ва тавассути он барои худ абрӯи ғафс ё борик месозанд. Хориҷиҳо аксарият дар ин бора намедонанд ва ман фикр кардам, ки барояшон ҷолиб хоҳад буд”, - нақл кард ӯ.​

"Тоҷикистони ман" як моҳ давом кард

Рухшона иштибоҳ накард. Навори кӯтоҳаш таваҷҷуҳи аксар тамошобинонро ба худ ҷалб намуд ва яке аз беҳтаринҳо дониста шуд. Қиссаи усма сабаб шуд, ки Рухшона соҳиби як телефони нав барои сабти наворҳои ҷолиби дигар шавад.

Озмуни “Тоҷикистони ман”-ро моҳи сентябри имсол Ҷеф Руденур, намояндаи сафорати Амрико дар Душанбе тавассути саҳифаҳои сафорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард. Ҳадаф ба гуфтаи Ҷеф Руденур, тасвири зебоиҳои Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон ва дар шакли нав буд.

Ҷеф Руденур
Ҷеф Руденур

“Озмун як моҳ давом кард ва 30 навор пешниҳод шуд. Соҳиби 6 навор ғолиб дониста шуданд ва мо ба онҳо телефонҳои муосир тақдим кардем. Интихоб тавассути овоздиҳӣ ва “лайк”-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт”, - шарҳ дод Ҷеф Руденур, намояндаи сафорати Амрико.

Як ҳадафи озмун ҳам, ба гуфтаи ташаббускорон, кумак ба мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби хориҷиён ба кишвар ва бахусус дар соли рушди сайёҳист. Ба озмун ҷавонон аз минтақаҳои мухталифи кишвао, аз нуқтаҳои зебои зодгоҳи худ наворҳо гирифта ирсол карда буданд.

Як гӯшаи ғайриодии Қайроққум

Анис Ҳотамӣ ба ин озмун бо як навори кӯтоҳ дар бораи зодгоҳаш Қайроққум (Гулистони ҳозира) иштирок кард. Анис бо ин навораш хост, тамошобинонро бо як мавзеи кашфношудаи зодгоҳаш ошно кунад.

Ӯ гуфт, “ман дар бораи Қайроққум навор гирифтам. Шаҳри мо чун як мавзеи истироҳатӣ маъруф аст, аммо дар инҷо як нуқтае ҳаст, ки танҳо сокинони шаҳр дар борааш медонанд. Ин мавзе Куктулуп ном дорад. Ин як русто аст, аммо табиати он ғайриоддӣ ва хеле зебост. Шумо бояд худатон ин ҳамаро дар навор бубинед.”

Анис Ҳотамӣ
Анис Ҳотамӣ

Ба гуфтаи Анис Ҳотамӣ, сайёҳони хориҷӣ маъмулан пеш аз сафар ба Тоҷикистон, мехоҳанд аввал бо ин кишвар тавассути интернет ошно шаванд. Бинобар ин, ба қавли ӯ, тавассути чунин наворҳои кӯтоҳ ва дар шакли ғайриоддӣ бояд ҷавонон мавзеъҳои зебову дидании кишварро аз тариқи интернет пешниҳод кунанд. Анис мегӯяд, барои ҷалби ҷавонон ба ин кор ҳам, иқдоме мисли озмуни “Тоҷикистони ман”-и Сафорати Амрико муҳим аст.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои таҳсилу фароғати ҷавонони тоҷик барномаҳои зиёд дорад. Дар баробари дигар тарҳҳои омӯзишӣ ва сафарбарсозии ҷавонон ба хориҷи кишвар барои таҳсил, ин ниҳод ҳамчунин миёни қишри ҷавон пайваста озмуну маъракаҳои мухталифи фарҳангӣ баргузор менамоянд.

XS
SM
MD
LG