Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҷазои гунаҳкорони таҷовуз ба номусро сахттар мекунад


Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи сахттар кардани ҷазо барои таҷовуз ба номусро ба порлумон фиристодааст.

Ҳамаи воқеаро пурра фаҳмондам, ҳарчанд ба ёд овардану гуфтанаш осон набуд. Пас аз ин ҳодиса, одами дигар шуда будам. Ба мактаб намерафтам, танҳо ба кӯча намебаромадам.

Маҳмадалӣ Ватанзода – ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ – рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйироти нав асосан ба моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус) ва 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ)-и Кодекси ҷиноӣ марбут аст.

Ӯ гуфт, бар асоси тарҳи пешниҳодии ҳукумат, ҷазои онҳое, ки қурбониёни таҷовуз ба номусро ба бемории вируси норасоии масунияти бадан ва СПИД мубтало мекунанд, хеле сангин хоҳад буд.

Маҳмадалӣ Ватанзода
Маҳмадалӣ Ватанзода

Муаллифони тарҳ гуфтанд, "ин тағйирот зарурати ҳаётӣ дорад" ва "бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши ҷинояти таҷовуз ба номус" таҳия шудааст. Дар Тоҷикистон соли 2017 – 53 ҳодисаи таҷовуз ба номус сабт гардидааст, ки дар муқоиса ба соли 2016 нӯҳ ҳолат бештар мебошад.

Ҳоло қонунгузории Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус аз се то ҳафт соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Агар ин ҳолат нисбат ба шахси ҳанӯз ба 14-солагӣ нарасида ё хеши наздик сурат гирифтааст, муҷрим метавонад то ба ҳабси абад маҳкум гардад.

“Бояд садо баланд кард”

Зӯҳро, зодаи ноҳияи Турсунзода мегӯяд, нуҳ сол пеш, дар 16-солагӣ, аз тарафи як ҷавони аз худаш бузургтар мавриди таҷовуз қарор гирифт. Ӯ гуфт, рӯзе ҳангоми бозгашт аз мактаб ин мард бо зӯр ба номусаш дастдарозӣ кард.

“Дар аввал метарсидам, ки инро ошкор кунам, ангуштнамои ҳама мешавам. Аммо ба натиҷае расидам, ки хомӯш наистамм. Ба модарам гуфтам ва мо ба милиса шикоят кардем. Ҳамаи воқеаро пурра фаҳмондам, ҳарчанд ба ёд овардану гуфтанаш осон набуд. Пас аз ин ҳодиса, одами дигар шуда будам. Ба мактаб намерафтам, танҳо ба кӯча намебаромадам. Метарсидам ки дубора ҳодиса такрор нашавад”, - нақл кард ӯ рӯзи 7-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Зуҳро мегӯяд, барои ӯ на танҳо бозгашти дубора ба зиндагӣ мушкил буд, балки хонаводааш маҷбур шуд ба Душанбе кӯчад. Ҳамчунин бе ҷазо мондани марди муттаҳам ӯро афсурдаву дилшикаста кардааст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар идораи милиса аз ӯву модараш бисёр хоста буданд, ки аризаашонро бозпас гирифта, аз даъво даст кашанд, чунки тавре баъдан шунидааст, нафари гумонбар аз хонаводаи як мақомдори калон дар ноҳия буд.

Зуҳрои 25-сола гуфт, аз ҳамин чиз шод аст, ки хонадор шуд ва ҳамсараш ҳам инсонест, ки аз дарди ӯ огоҳ аст ва дарк мекунад. “Духтарон набояд хомӯш бошанд, бояд садо баланд кунанд. Фақат бо муҷозоти сангин мешавад пеши роҳи фоҷеаҳои зиёдро гирифт”, - гуфт ӯ.

Мавзӯи озори ҷинсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле баҳсбарангез аст. Қонунҳои кишвар барои ингуна ҷиноятҳо ҷазои сангин пешбинӣ мекунанд, вале ин ҷазо дар сурате татбиқ мешавад, ки қурбониҳои ҷиноят дар ин бора садо баланд ва ходимони ҳифзи қонун ҳам ҳамаи шикоятҳоро ҷиддӣ ва мунсифона баррасӣ кунанд.

Онҳое, ки аз маъракаи ахири ҷилавгирӣ аз озори лафзиву таҳқири занон дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе пуштибонӣ карданд, мегӯянд, бадахлоқии ҷавонон нисбат ба духтарону занони роҳгузар ва беҷазо мондани онҳо роҳро ба ҷиноятҳои сангини шаҳвонӣ боз мекунад.

“Ҳар зан метавонад қурбонии таҷовуз бошад”

Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо талаб кардаанд, ки додгоҳҳои Тоҷикистон нисбат ба муттаҳамони таҷовуз ба номус ҷазоҳои сангин бидиҳанд. Аммо ҷазои сабук додан ба ин гуна шахсон мушкили аслӣ дар ин самт нест. Таҳлилгарон мегӯянд, худи ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба қабули як қурбонии шиканҷа омода нест ва ба ҷойи дастгирӣ баръакс нисбат ба ӯ аз табъизи лафзӣ кор мегиранд.

Мадина Низомова, ҳуқуқшиноси Маркази буҳронии “Ғамхорӣ” мегӯяд, бештари заноне, ки таҷовуз шудаанд, намехоҳанд ин ҳолатро фош кунанд. Ба қавли Низомова, тарси қурбониёни шиканҷа он аст, ки дар ҷомеа ба табъиз рӯ ба рӯ мешаванд.

“Бар илова, атрофиён худи занону духтаронро таъна мекунанд, ки агар ту духтари хуб мебудӣ ҳамин хел ҳолат мешуд магар? Ҳатто мақол ҳам меоранд, ки то шамол нашавад барги дарахт намеҷунбад. Аммо агар ҳар як инсон худро дар ҷойи ҳамон шахсон гузошта тавонад, он вақт бетараф буда наметавонад”, - гуфт Низомова.

Коршиносон бо ишора ба баъзе аз падидаҳо дар ҷомеаи тоҷик мегӯянд, қурбониёни таҷовуз ба номус дар кишвар зиёдтар аз омори расмӣ аст. Чун ба қавли коршиносон, бар иловаи хомӯшии қурбониён наздикони онҳо талош мекунанд бо баъзе роҳҳо ин корро хомӯш кунанд. Оиладор шудан бо ҷавони таҷовузкунанда аз қабили ин роҳҳо будааст.

“Ҷабрдидаҳо натарсанд, ҳақ талаб кунанд”

Ҷазо барои таҷовуз ба номус дар ҳоле сахттар мешавад, ки моҳи сентябр Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар як паёме аз давлати Тоҷикистон хоста буд, ки дар баробари озори ҷинсӣ нисбат ба занону духтарон “сиёсати таҳаммулнопазирӣ”-ро пеша кунад. Гуттериш гуфта буд, озору азияти ҷинсӣ дар Тоҷикистон ба ҳадде фарогир аст, ки онро як ҷузъи маъмулии зиндагӣ мешуморанд ва “масъалаи бузург намешуморанд”.

Бар асоси омори Кумитаи занони Тоҷикистон соли 2016 дар Тоҷикистон 44 мавриди таҷовузи ҷинсӣ ва дар 6 моҳи соли 2017-ум 26 мавриди таҷовуз сабт шудааст ва дар ин миён 16 таҷовузшуда, духтарони хурдсол будаанд. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини ҳуқуқи занон ва кумак ба онҳое, ки шоҳиди озору азияти ҷинсӣ ва дигар зӯроварӣ шудаанд, дар Тоҷикистон 33 маркази бӯҳронӣ барои бонувон фаъолият мекунанд ва ҷабрдидагон метавонанд, барои гирифтани кӯмак равонӣ ва ҳуқуқӣ ба ин марказҳо муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG