Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар 3 сол $800 млн қарз бигирад. ВИДЕО


Тоҷикистон тасмим дорад дар се соли ояндаи 2019-2021 аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар ҳаҷми 800 миллион доллари амрикоӣ қарз бигирад.

Ин тарҳи барнома ва дурнамои қарзгирии ҳукумати Тоҷикистон ҳафтаи гузашта аз сӯи вакилони порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ин қарзҳо, ба қавли мақомоти тоҷик, асосан барои амалӣ шудани барномаҳои иқтисодӣ, махсусан дар бахши энержӣ ва бунёди роҳу корхонаҳо равона хоҳад шуд.

Ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли ҷорӣ 3,5 миллард доллари амрикоӣ, баробар бо 48,9 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар парлумон рӯзи 23 ноябр гуфт, қарзҳои ҷалбшаванда имтиёзнок буда, давраи дарозмуддат - аз 20 то 40 солро дар бар мегиранд ва меъёри фоизи хизматрасонии онҳо аз 0,75 дарсад то 2 дарсадро дар солро дар бар мегирад. "Давраҳои имтиёзнокии лоиҳаҳо вобаста ба баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро дар бар мегирад",-афзуд ҷаноби Қаҳҳорзода.

Ҳадаф аз таҳияи тарҳи барномаи қарзгирӣ барои се соли баъдиро вазири молияи Тоҷикистон танзими раванди ҷалби қарзи беруна, таъмини истифодаи босамари сармояи ҷалбшуда унвон кард. Ин санад аз 75 тарҳи карзи амалкунанда ва 67 созишномаи қарзӣ иборат аст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.

Тоҳир Ҷобирзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни баррасии ин тарҳ дар парлумон гуфт, дар маҷмуъ, ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дар боло зикршуда, ки афзалиятнокии баланд доранд, барои рушди мӯътадили иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи ин вакили порлумони Тоҷикистон, тайи солҳои ахир сохтори қарзии Тоҷикистон таҷдид карда шуд, то рушди иқтисодиёти кишвар беҳтар шавад.

Ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли ҷорӣ 3,5 миллард доллари амрикоӣ, баробар бо 48,9 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки аз он қарзи беруна 2,8 миллард ва қарзи дохилӣ 6,8 миллард сомонӣ ё 723,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар нӯҳ моҳи соли 2018 барои хизматрасонии қарзи беруна 170,6 миллион доллари амрикоӣ пардохт шудааст.

Мавзӯи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон як аз чолишҳои муҳими ҳукумат дар чанд соли охир боқӣ мемонад. Тибқи як гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2017 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 14,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Маҷлиси Намояндагон барномаи қарзгирии ҳуқуматро тасдиқ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Масъулони Бонки ҷаҳонӣ зимни баррасии вазъи иқтисодии минтақа рӯзи 13-уми уми июл гуфтанд, ки сабаби аслии кам шудани сармоягузорӣ, идомаи бӯҳрони бонкӣ ва боқӣ мондани нобоварии сармоягузорони хориҷӣ аст. Новобаста ба тадбирҳои давлати Тоҷикистон дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ, ин тамоюл ба самти манфӣ идома кардааст. Ҳоло аз чор се ҳисаи сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро, сармоягузории давлатӣ ташкил медиҳад.

Паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳам ба гуфтаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ба кундӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои андешида сатҳи камбизоатиро то 29,5 дарсад коҳиш додааст.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки дар шароити феълӣ беш аз 50 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил кардани қарзи берунаи Тоҷикистон барои кишвар хавф дорад. Зеро ба бовари онҳо, Тоҷикистон тавони пардохти ин қарзҳоро надорад.

XS
SM
MD
LG