Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суруду клип – бо иҷозаи вазорат. Овозхонҳои тоҷик зери заррабин. ВИДЕО


Ду ниҳоди расмии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод карданд, ки барои сурудҳои бе вазну қофия ва таҳқиромез овозхонҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин пешниҳод рӯзи 6-уми декабр аз тарафи масъулони Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар Душанбе садо дод.

Инчунин, аз ҳукумат хоста шудааст, ки сабту пахши суруд ва клипҳо танҳо бо иҷозаи Вазорати фарҳанг сурат гирад. Дар ҳоли ҳозир овозхонҳо бо хости худ матнҳоро интихоб ва бар асоси он клип ба навор мегиранд. Баъзе ин клипҳо дар дохили Тоҷикистон ва баъзеи дигар дар Узбекистону Дубай сабт мешавад.

Вақте Шӯрои бадеӣ мехоҳад як суруди лаҳҷавиро, ки аз эҷодиёти шифоҳии мардум маншаъ мегирад, ба чаҳорчӯби забони адабии меъёрӣ ворид кунад, бисёр ногувор мешавад. Ширинии забони мо дар лаҳҷаҳо ҳаст

"Меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ - дар ҷои аввал"

Овозхонҳои, ба истилоҳ мустақил, ки шомили ягон ансамбли давлатӣ нестанд, аз эҳтимоли сахттар шудани панҷаҳои сензура дар эҷоди суруду тарона хавф доранд.

Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, рӯзи 6-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳама гуна фаъолият бояд бар асоси қонун ба танзим дароварда шавад. Аз ин рӯ, тавсиянома қабул шуд ва дар як банди он ҳам гуфта мешавад, сарояндагоне, ки меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва умуман қонунҳоро риоя намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Суруду клипи овозхонҳои тоҷик – танҳо бо иҷозаи вазорат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

"Ту будӣ як гули хандон, ки хандидан надорӣ дӯст"

уроҷиатнома ба ҳукумат дар маҷмӯъ аз 12 банд иборат аст. Дар яке аз бандҳои он хоста шудааст, ки ҳунармандон барои таронаҳои худ бояд танҳо аз “осори бузурги ниёгон, сурудҳои маъруфи халқӣ ва шоирони машҳури муосир” матн интихоб кунанд.

Инчунин:

  • Кумитаи телевизион ва радио пахши сурудҳои ғайримеъёриеро, ки тариқи телевизиону радиои мустақил садо медиҳанд, зери назорати ҷиддӣ гирад;
  • Шӯрои мувофиқасозии матну оҳанги сурудҳо дар назди Вазорати фарҳанг таъсис дода шавад;
  • Сурудҳои бо ном кӯчагӣ ва пур аз ғалат набояд тавассути барномаҳои телевизион ва радио пахш гардад;
  • Ба талаффузи сунъӣ ва бегона дар сурду тарона роҳ дода нашавад;
  • Вазну қофия дар суруд ҳатман риоя шавад;
Гавҳар Шарофзода ва Ибодуллоҳ Машрабов
Гавҳар Шарофзода ва Ибодуллоҳ Машрабов

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳот дар баробари таҳияи ин муроҷиатнома аз матни коста ва пур аз ғалати гурӯҳе аз овозхонон шикоят карданд. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот аз он нигаронӣ кард, ки шумори овозхонони “кӯчагӣ” афзуда, мавқеи сарояндаҳои касбиро танг кардаанд.

Ӯ гуфт, “барои ин овозхонҳо аксаран шоирони навқалам матн менависанд ва ин матнҳо бо маънои хароб таблиғ мешавад. Барои мисол,

“Чаро-чаро

Ту будӣ як гули хандон, ки хандидан надорӣ дӯст.

Дилам садпора мегардад, ки мегардӣ ту дур аз ман,

Бимирам аз ғамат, ки пурсидан надорӣ дӯст.

Фарёду фиғон, ки шунидан надорӣ дӯст...”

Ё дар таронаи дигар гуфта мешавад: “Зулфота хам-хам задаӣ”. Мутаасифона, ҳангоми сурудани баъзе ҷавонон на вазн на қофия на меъёри забон риоя намешавад.”

Матни хароб доранд, садояшон гуворост, чӣ кор кунанд?

Забоншиносону эҷодкороне, ки дар нишасти вижае дар бораи забони оҳангу таронаҳо дар Душанбе ҷамъ омада буданд, гуфтанд, ҳоло таронаҳои Қадами Қурбон, овозхони ба истилоҳ “кӯчагӣ” дар сомонаҳои интернетӣ аз суруди овозхонони маъруф сербинандатаранд. Фахриддини Малик, овозхони тоҷик дар ин нишаст гуфт, "агар дар интернет ситораи тобони Ҷумҳурии Тоҷикистон нависем, аввал Қадами Қурбон мебарояд. Ба ҷои онки Давлатманди Хол ва дигар устодҳо бароянд."

Муҳтарам Ҳотам
Муҳтарам Ҳотам

Масъалаи танзиму назорати матни оҳанг миёни забоншиносону шоирон ва ҳунармандон баҳс ҳам ба миён овард. Бархе аз забоншиносон гуфтанд, танқиди овозхонҳо роҳи ҳал нест ва бояд мушкили онҳоро дар самти дарёфти матни дуруст ба назар гирифт.

Муҳтарам Ҳотам гуфт, “имрӯз сарояндаҳоро гунаҳкор мекунем. Шояд онҳо шеъру оҳанги замонавӣ пайдо намекунанд ва маҷбур мешаванд, ки худ эҷод кунанду бисароянд. Аксарият матни нодуруст доранд, аммо оҳангу садояшон хуб аст. Ин ҳунармандон бояд дастгирӣ шаванд.”

Сайфиддин Назарзода, забоншиноси тоҷик бар ин бовар аст, ки талаби риояи меъёри забони тоҷикӣ аз овозхон на ҳамеша дуруст аст. “Вақте Шӯрои бадеӣ мехоҳад як суруди лаҳҷавиро, ки аз эҷодиёти шифоҳии мардум маншаъ мегирад, ба чаҳорчӯби забони адабии меъёрӣ ворид кунад, бисёр ногувор мешавад. Ширинии забони мо дар лаҳҷаҳо ҳаст”, - афзуд Назарзода.

"Онҳо 20-25 нафаранд"

Фахриддини Малик
Фахриддини Малик

Дар нишасти марбут ба матни сурудҳои овозхонон, сарояндаҳои маъруф ҳузур надоштанд. Танҳо чанд ҳунарманд аз дастаҳои давлатӣ буданду бас. Овозхон Фахриддин Малик гуфт, чунин нишастҳо натиҷа надоранд, чун “қаҳрамонҳояш” нестанд.

“Теъдоди онҳо 20 - 25 нафар аст. Онҳоро ҷамъ карда ва бояд дар рӯяшон гуфт, ки риояи забон талаби қонунгузории Тоҷикистон аст ва Шумо масъулед. Имрӯз дар баъзе маврид таронаву суруд ба таҳқиру тамасхури забон мубаддал шудааст”, - шарҳ дод ӯ.

"Ҳаққи интихобро аз овозхонҳо мегиранд"

Аммо бархе аз таҳлилгарон, ташаббуси нави Кумитаи забону Вазорати фарҳангро ҷиҳати танзими суруди овозхонон як навъ маҳдуд сохтани ҳуқуқи онҳо арзёбӣ мекунанд.

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Орзу Исоев, рӯзноманигор ва таронанависи тоҷик, ки бо овозхонони зиёде ҳамкорӣ дорад, гуфт, “имкони интихоб аз сароянда гирифта мешавад. Ҳар як сароянда сабку услуби худро дорад. Мушкил аслан дар овозхонон нест, мушкил дар набудани шоири таронанавис аст. Бояд чунин шоиронро ба ҳамкорӣ ҷалб кунанд. Мо ҷонибдорӣ покизагии забон ҳастем, вале набояд корро то ба ҷавобгариву ҷарима расонд. Ин боз ба як майдони фасод табдил меёбад.”

Мавзӯи тарона ва матни суруди овозхонони тоҷик бори аввал нест, ки мавриди танқид қарор мегирад. Талоши танзими матни таронаҳо ва ба роҳ мондани назорат аз болои сарояндаҳо дар ҳолест, ки Вазорати фарҳанг аз тирамоҳи соли гузашта ба таҳияи феҳрасти овозхонони ҳирфаӣ шурӯъ кардааст. Ин ниҳод мехоҳад бо ин роҳ овозхонони аслро аз “хасакӣ” ҷудо кунад. Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, дар ин феҳраст танҳо овозхонҳо ва гуруҳҳои ҳунарии ҳирфаӣ (касбӣ) шомил хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG