Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи "бандаи ФСБ"-и муттаҳам дар куштори муҳоҷирон. ВИДЕО


Додгоҳи ҳарбии минтақаи Урали Русия мурофеаи додгоҳии мавсум ба "бандаи ФСБ" дар Тюменро оғоз кард, ки дар куштори 53 нафар айбдор мешаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти додгоҳ иттилоъ медиҳад.

Аз афроди ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки онро нишонзан ё снайперисти ФСБ капитан Владимир Гилев соли 2008 ташкил додааст, танҳо Алексей Коротков дар курсии айбдорӣ нишастааст ва боқимондагон ё дар боздоштгоҳ дар шароити мармуз даргузаштанд ва ё дар фирор ҳастанд.

Ба навиштаи расонаҳои Русия ин гурӯҳ баъди силсилаи ҳамлаҳои пурсарусадо ба ронандаҳои таксӣ фош шуд. Онҳо соҳибони таксиҳоро мекуштанд, то мошинро барои содир кардани ҷиноятҳои дигар истифода кунанд.

Ба ҷуз аз Гилев, Евгений Гладких, прапоршики ФСб ва Александр Кобилин, мурабии дастаи самбои ФСБ, ҳамчунон Сергей Зозуля, афсари пулис ва Сергей Синяков як нафар шахси бекор низ узви ин гуруҳи ҷиноӣ будаанд.

Тафтишот айни замон 7 куштори ин гурӯҳро дақиқ кардааст. Аз 7 куштаи ин гурӯҳи ҷиноии аксаран иборат аз ходимони ФСБ, 6 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки ҳамчун муҳоҷири корӣ дар Русия қарор доштанд. Афроди ин гурӯҳ дар Тюмен муҳоҷирони кории тоҷик - қишри аз ҳама беҳуқуқ дар Русия ҳадаф қарор дода буданд.

Бинобар шаҳодати Коротов, ӯву ҳамроҳшонаш соли 2010 як муҳоҷири кории тоҷикро боздошт ва ба ӯ костюм пӯшонида ба хотири тарс додан дар назди як тоҷири шаҳри Тюмень қатл кардаанд. Пас аз қатли муҳоҷири тоҷик дар пеши чашми ин соҳибкор, аз ӯ 10 миллион рубл тамаъ кардаанд.

Ба гуфтаи тафтишот, муттаҳамон ҳамчунин соли 2008 сандуқи оҳании як ширкати тиҷоратиро ба яғмо бурданд ва соли 2016 дар бораи минакорӣ шудани як тарабхона хабари бардурӯғ пахш карданд. Ду нафари онҳо ҳамчунин ба куштори як зан аз Тюмен муттаҳам мешаванд.

Додситон ба ҷуз аз Алексей Коротков ба ҳамаи узви ин гуруҳи ҷиноӣ ҳабси якумрӣ аз додгоҳ тақозо кард. Додситон истисноан ба Алексей Коротков бинобар ҳамкориаш ба тафтишот 24 соли зиндон тақозо кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои Русия ин гурӯҳ баъди силсилаи ҳамлаҳои пурсарусадо ба ронандаҳои таксӣ фош шуд. Онҳо соҳибони таксиҳоро мекуштанд, то мошинро барои содир кардани ҷиноятҳои дигар истифода кунанд.

Мурофиаи "бандаи ФСБ" муттаҳам дар куштори муҳоҷирон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

XS
SM
MD
LG