Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саъдӣ Командир 4 рӯз боз бедарак аст, зинда ё мурда буданашро намедонем" ВИДЕО


Саъдӣ Холмуродов
Саъдӣ Холмуродов

Баъзе аз манобеъ хабар доданд, ки полковники бознишастаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Саъдӣ Холмуродов – маъруф бо лақаби “Саъдӣ Командир” ва дар гузашта аз муовинони генерал Сӯҳроб Қосимов – дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ба қавли онҳо, ҳодиса чаҳор рӯз пеш рух дод ва ғаввосони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар пайи ҷустуҷӯи ҷасади ӯ ҳастанд.

Фаррухрӯз Хайруллозода – маъмури Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Норак – рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Саъдӣ Командир” дар наздикии нерӯгоҳи Бойғозӣ ғарқ шудааст. Ғаввосон барои ёфтани ҷасади ӯ талош доранд. Дирӯз то шом кофтанд, вале наёфтанд.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аробаи Саъдӣ Холмуродовро аз қаъри Вахш ёфтанд, худаш куҷост?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Мусоҳиби мо ҷузъиёти бештари ҳодисаро ошкор накард ва гуфт, ки дар сурати пайдо шудани ҷасади “Саъдӣ Командир” мақомот тафсилотро хоҳанд гуфт.

Аммо наздиконаш ба ин фарзия бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, Саъдӣ Холмуродов, воқеан, аз рӯзи ҷумъаи гузашта ба ин тараф нопадид шудааст ва то ба ҳол на зинда ва на мурдан буданаш маълум нест.

Саъдӣ Холмуродов
Саъдӣ Холмуродов

Сулҳия Холмуродова, ҳамсари Саъдӣ Холмуродов, рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш дар наздикии нерӯгоҳи Бойғозӣ як замин дошт ва дар нерӯгоҳ низ кор мекард. Ба иддаои ӯ маъмурони милиса аз маҳалли эҳтимолии ғарқ шудани шавҳараш сангҳои хунолуд ёфтаанд ва ин шубҳаи онҳоро дар мавриди худ ба худ ба дарё афтодани ӯ бештар кард.

“То ҳол ташхис накардаанд, ки хуни рехта ба хуни Саъдӣ мутобиқат мекунад, ё не. Дар ҷое, ки сангҳои хунолуд истодаанд, аробаи боркашониро ёфтаанд. Вай бо ин ароба дар замин кор мекард", - афзуд ҳамсари Саъдӣ Холмуродов.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Саъдӣ Холмуродови 56-сола қаблан дар қисми низомии “35-02”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт ва солҳои охир бознишаста буд.

XS
SM
MD
LG