Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди 91-солаи Тоҷикистон аз Лукашенко хона хост. ВИДЕО


Леокадия Ковтун

Ваъдаи президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба як сокини 91-солаи Душанбе дар ҳалли мушкили манзили зисташ, ин собиқадори ҷангро умедвор кардааст.

  • Леокадия Ковтун дар Беларус таваллуд шуда, дар 14-солагӣ дар ҳайати отряди партизанӣ дар ҷанг иштирок кардааст. Баъди ҷанг ва хатми Донишгоҳи металлургии Украина, аз рӯи тақсимоти кадрҳо, ки ҳукумати Шӯравӣ ҷорӣ карда буд, барои кор ба Тоҷикистон омад дигар дар ҳамин ҷо монд.

Дар манзили иҷора

Леокадия Ковтун тақрибан ҳафтод сол боз дар Тоҷикистон зиста, бештари умр дар идораи "Геологияи Тоҷик" кор кардааст. Ҳоло нафақахӯр аст.

Соли 2014 хост, ки хонаи кӯчаку кӯҳнаи худро ба манзили нав иваз кунад ва хонаашро фурӯхта, пулашро ба як ширкати сохтмонӣ дод. Ширкат муфлис шуд ва хонум Ковтун хонаи навро гирифт ва на пули додаашро. Ҳоло дар манзили иҷора ва баъзан дар хонаи хешутабор зиндагӣ мекунад.

Хабари муроҷиати набераи журналисти Ковтун ба президенти Беларусро чанд нашрияи интернетии беларусӣ ҳам рӯзи 19-уми декабр нашр карданд.

Мушкили Леокадия Ковтунро дар як сафараш ба Минск набераи ӯ бо президент Александр Лукашенко матраҳ кард. Журналисти рус Виталий Рагулин, ки дар ҳайати гурӯҳи калони журналистон моҳи декабр дар Беларус буд, имкон ёфт ва мавзӯи манзили модаркалонашро бо Лукашенко дар миён гузошт. Президент ваъда дод, ки ин қазияро таҳти назорати худ мегирад.

Леокадия Ковтунро хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як манзили иҷора дар Душанбе дар кӯчаи Шевченко пайдо карданд. Ин хонаи панҷум аст, ки дар чанд соли охир Ковтун ва набераву ду аберааш иваз мекунанд. Ин ки наберааш Виталий аз Русия ба Минск рафта, масъалаи бехонагии модаркалонро бо Лукашенко матраҳ кардааст, барои Леокадия Ковтун ғайримунтазира буд.

Ӯ рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам ба як манзили худ ва бо шароити муносиб эҳтиёҷ дорад. "Ман фақат мехоҳам як хонаи шахсии худро бо шароити мусоид дошта бошам ва дар Тоҷикистон орому осуда зиндагӣ кунам", - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шаҳрванди 91-солаи Тоҷикистон аз Лукашенко хона хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Дар орзуи хонаи худӣ

Леокадия Ковтун мегӯяд, ки зиндагӣ дар хонаи иҷора маҳдудиятҳои худро дорад ва доштани як манзили бароҳат орзуи ҳамешагиаш будааст: "Дар ин хона ҳоло фақат ҳамин пианино аз мо аст. Дар ин чанд сол борҳо аз як хона ба хонаи дигар кӯчидем. Дар аввал баъди фурӯхтани хонаамон дар як манзил, ним сол зиндагӣ кардем. Ба мо ҳатто ваъдаи хона накарда буданд".

Леокадия Ковтун мегӯяд, дар замони Шӯравӣ ҳам дархостҳои ӯ барои гирифтани манзил бенатиҷа буд, дар ҳоле ки барои собиқадорони дигари ҷанг ин имтиёз иҷро мешуд. Дар натиҷа, ӯву ҳамсараш пул ҷамъ карда, як хонаи кооперативӣ хариданд. Баъди даҳсолаҳо ин манзил ҳам хароб шуд ва Ковтуну набераи духтариаш тасмим гирифтанд, ин хонаро фурӯхта ба бунёди манзили наве сармоягузорӣ кунанд. Ин соли 2014

буд. Ширкате, ки бояд аз ҷумла бо пулҳои пардохтаи оилаи Ковтун манзил бунёд мекард, варшикаста шуд, сохтмон қатъ ва сарнавишти пулу нақшаҳои кашидаи ин оила, мисли даҳҳо дигар хонаводаҳо, дар ҳолати номуайянӣ қарор гирифт.

Леокадия Ковтун
Леокадия Ковтун

Ковтун, ки бо вуҷуди синни бузургаш, хеле огоҳу рӯшан сӯҳбат мекунад, худро як ҷабрдидаи ин ҳолат меҳисобад. Ӯ гуфт, "ба чанд мақомот муроҷиат кардам. Ариза навиштем, вале бенатиҷа. Ба ман гуфтанд, ки ниёзмандон хеле зиёданд ва ҳоло ҷойи зист дореду он ҷо зиндагӣ кунед". Муроҷиатҳои Ковтун, аз ҷумла, ба шаҳрдории Душанбе ҳам ирсол шудааст.

"Дигар дур аз Тоҷикистон зиста наметавонам"

Наздикони Леокадия Ковтун борҳо ӯро барои кӯчидан ба Беларус ташвиқ карданд, вале ӯ ин пешниҳодро рад кардааст. Мегӯяд, Тоҷикистон ватанаш аст. Ҳарчанд вақте ӯро баъди хатми донишгоҳ фақат барои ду соли кору андӯхтани таҷриба ба Тоҷикистон сафарбар карданд, тасаввур намекард, ки ин ҷо муқимӣ мешавад.

Ҳоло, ба гуфтааш, дигар дур аз ин кишвар зиста наметавонад. Ӯ мегӯяд, тамоми ҳаводиси муҳими зиндагиаш, шодиву ғам, пастиву баландиҳояш дар ҳамин ҷо гузаштааст. Фоҷеаи сахти зиндагии Ковтун -- марги ягон духтараш дар 39-солагӣ ҳам дар Тоҷикистон рух дод ва ин модари кӯҳансол мехоҳад наздиктар ба қабри духтараш бошад.

"Солҳои 1949 баъди ҷанг, ба мутахассисон зарурат зиёд буд. Аз рӯзҳои аввале, ки ба Душанбе омадам, ин шаҳри сабзу зеборо дӯст доштам. Ин ҷо ҳама арзонӣ буд. Аз ин ҷо ба дигар ҷо рафтан аслан нахостам, корамро дӯст медоштам ва инҷо шавҳар карда ва мондам."

Леокадия Ковтун солҳо дар идораи Геологияи Тоҷик кор кардааст
Леокадия Ковтун солҳо дар идораи Геологияи Тоҷик кор кардааст

Леокадия Ковтун мегӯяд, пеш аз ҳама ба хотири мардумаш Тоҷикистонро дӯст медорад. Мегӯяд, некиву меҳрубонии ин мардум бо дигарҳо қобили қиёс нест, ҳамсояву дӯстон ҳамеша хабар мегиранд ва ҳамин чиз дили ӯро гарм нигоҳ медорад.

"Масалан, бо Ҳалима, ки дар "Геологияи Тоҷик" якҷо кор мекардем, 50 сол боз дӯстӣ дорам. Мо мисли ду хоҳарем. Бисёриҳоро ин робитаи дустии бисёрсолаи мо ҳайрон мекунад. Ҳоло сахт бемор шудааст. Пештар имконият ва саломатиаш хуб буд, ба хабаргириаш мерафтам. Ҳоло дигар мисли пештара зуд-зуд ба аёдаташ рафта наметавонам. Тоҷикон мардум хубанд, ҳеҷ гоҳ дасти холӣ ба хонаи кас намераванд".

"Ин масъала дар баррасии мақомот аст"

Ковтун аз ҳукумати Тоҷикистон моҳе 1700 сомонӣ нафақа мегирад, ки тахминан 180 доллар аст. Дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон мегӯянд, бори охир мавзӯи хона барои Ковтунро бо мақомоти шаҳрдорӣ соли 2015, дар рӯзҳои таҷлил аз 70-солагии иди Ғалаба бо мақомоти Душанбе матраҳ карданд ва мақомоти вақт ваъда доданд, ки ин масъала ҳал мешавад.

Леокадия Ковтун
Леокадия Ковтун

"Аммо аз Русия хабар омад, ки ба ӯ ёрӣ расонида мешавад ва хона харида медиҳанд. Вале маблағҳо ворид нашуданд ва ин масъала боз дар баррасӣ асту мақомот ҳама огоҳанд", - гуфт Валӣ Сайёрабеков, муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Хабари муроҷиати набераи журналисти Ковтун ба президенти Беларусро чанд нашрияи интернетии беларусӣ ҳам рӯзи 19-уми декабр нашр карданд. Феълан ҳеҷ ниҳод ё мақоме дар Тоҷикистон дар ин робита бо хонаводаи Ковтур дар тамос нашудааст ва вокуниши мақомот дар Тоҷикистон ба ин хабар дар даст нест.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG