Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар соли 2018 ҳуқуқи сокинон бештар нақз шуд" ВИДЕО


Бархе аз сокинони Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол ҳуқуқи онҳо бештар дар робита ба пӯшидани либос, дарёфти нафақаи муносиб, ихтисор аз ҷойи кор, озодии сухану дин ва дастнорасии вебсайтҳо нақз шудааст. Вале мегӯянд, ба далели нобоварӣ ба мақомот ба ҷое шикоят накарданд. Худи ҳомиёни ҳуқуқ ҳам эътироф мекунанд, ки матраҳ кардани баъзе масъалаҳо "дардисарсоз" шудааст.

  • Дар соли 2018 Тоҷикистон вобаста ба риоя нашудани ҳуқуқу озодиҳои мардум интиқод шуд. Масоили умдаи он озодиҳои мазҳабӣ, ҳуқуқи баён ва таъқиби дигарандешон буд.
Барои ба нафақа баромадани ман як сол монда буд. Гуфтам, ки қарздор ҳастам ва як соли дигар кор кунам, нагузоштанд. Маро ихтисор карданд

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузоришҳои худ дар бораи озодиҳои динӣ Тоҷикистонро ба гуруҳи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ворид кард. Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе ҳам гуфт, бисёр мехоҳад, ки рӯсарӣ дошта бошад, вале мақомот ин ҳақро аз ӯ гирифтаанд. "Дар ҳоле ки ҳеч кас ҳақ надорад, гап занад мо чӣ пӯшем ваё чӣ напӯшем", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Нафақаи кам доданд, аз кор ихтисор карданд" – Нақзи ҳуқуқ дар соли 2018
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:15 0:00

"Ба ҷое муроҷиат накардем..."

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки вуруди занҳои сатрпӯшро ба бинои вазорату идораҳо ва корхонаҳои хусусӣ бо қабули қонун манъ кунанд. Далер Шарипов, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, аз ҳоло натиҷаҳои ин тасмимро эҳсос мекунад.

Ӯ рӯзи 25-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Вақте писарам мариз шуд, ҳамроҳи ҳамсарам ба бемористон бурдем. Ба дадели онки дар сараш ҳиҷоб дошт, моро барои ворид шудан ба бемористон иҷоза надоданд. Мо ба дармонгоҳи дигар рафтем."

Ин нахустин талоши аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб дар Тоҷикистон аст. То ба ҳол мақомот бештар аз роҳи дастуру даъватҳо пӯшидани либоси мазҳабиро маҳдуд карда ва мегуфтанд, ки ин бахши либоси занона ба фарҳанги миллии мардуми тоҷик "бегона" аст.

Далер Шарипов гуфт, "фикр мекунам, дар ин ҷо ҳуқуқи ман, ҳуқуқи ҳамсарам ва ҳуқуқи фарзандам дағалона вайрон шуд. Писарам бемор буд ва ба кумаки тиббӣ ниёз дошт. Аммо дар ҷои аввал ҳиҷоби ҳамсарам қарор гирифт. Фазо нишон медиҳад, вақте шаҳрванд ба ҷое муроҷиат кард, хусусан ба додгоҳ, аз ҳуқуқи ӯ дифоъ намешавад ё хеле кам дифоъ мешавад. Аз ин хотир, ба ҳеч куҷо муроҷиат накардем."

Аз нафақаи кам то баҳси дохили мусофирбар

Баъзе аз роҳгузарон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки дар соли 2018 боз ба кадом масоили ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шуданд:

  • "Ҳуқуқи мо поймол шудаст, ки нафақаро кам медиҳанд. Ҳуқуқи мо ҳамин аст."
  • "Дар мусофирбарҳо одами бисёр бор мекунанд. Як одами бузургсол меояд ва маҷбур ҳастӣ, ки ба ӯ ҷой диҳӣ. Новобаста аз онки беморӣ. Агар нахезӣ, мегӯянд, ҷавон асту калонсолонро эҳтиром намекунад."
  • "Пас аз хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисосам ба чанд муассиса барои кор рафтам, бо бахонаи набудани ҷойи холӣ қабул накарданд. Фикр мекунам, ин поймол кардани ҳуқуқи ман аст."
  • "Барои ба нафақа баромадани ман як сол монда буд. Гуфтам, ки қарздор ҳастам ва як соли дигар кор кунам, нагузоштанд. Маро ихтисор карданд."

Мусоҳибони мо гуфтанд, аксаран дар робита ба нақзи ҳуқуқашон ба ҷое шикоят накарданд, чунки ба натиҷаи мусбати он бовар надоранд.

  • "Шахсан ба ин хел ҳолатҳо зиёд дучор шудаам. Лекин аз сабаби онки фикр мекунем, муроҷиати мо ҳеч натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, ба ҳеч ҷо муроҷиат накардем."

Баръакс, афроде ҳам буданд, ки мегуфтанд ҳуқуқи худро медонад, аз ин рӯ ба касе иҷозат намедиҳанд онро поймол созад.

  • "Дар ягон ҷо нақзи ҳуқуқ нашудааст. Имсол хуб гузашт, беҳтарин буд."
  • "Ҳеҷ кас ҳуқуқи маро поймол накардааст."

Поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз мавзуъҳоест, ки пайваста аз ҷониби созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ садо медиҳад, вале мақомот дар посух ҳамеша ин иддаоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG