Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар боғи ҷонварони Андиҷон шере нигаҳбонашро кушт. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Шере дар боғи ҷонварони вилояти Андиҷон ба нигаҳбонаш ҳамла карда, ӯро кушт. Тафсилоти ҳодисае, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2018 дар боғи ҷонварони ноҳияи Хоҷаободи Андиҷон рух додааст, рӯзи 2-юми январ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум шуд.

Нигаҳбон дар лаҳзаҳое мавриди ҳамлаи ҷонвари ваҳшӣ қарор гирифт, ки мехост вориди қафас шуда, ба шер хӯрок диҳад.

“Гумони мо ин аст, ки ҷонвар сахт гурусна буд ва ба ҳамин сабаб ба ин мард ҳамла кард”, - гуфт як корманди боғи ҷонварон, ки нахост номаш бурда шавад. Фоҷеаи рухдода дар остонаи Соли навро ба хабарнигорон дар шӯъбаи умури дохилии шаҳри Андиҷон ҳам тасдиқ карданд. Боғи ҷонварон дар ноҳияи Хоҷаободи Андиҷон баъди Тошканд дувумин боғи калонтарини вуҳуш дар ҳудуди Узбекистон ба шумор меравад.

Ин муассиса соли 2016 таъсис ёфта дар ҳудуди он беш аз 50 навъи ҷонварон нигаҳдорӣ мешавад. Як ходими фарҳанги ҳукумати ноҳияи Хоҷаобод гуфт, ки ин боғ ба як ширкати хусусӣ тааллуқ дошт, аз ин хотир нахост ҳодисаро шарҳ бидиҳад. Раҳбарияти боғ барои журналистон дастнорас буд.

Ин ҳодисаи нодири ҳамлаи ҷонвари ваҳшӣ ба корманди боғи ҷонварон дар Узбекистон аст. Соли гузашта "Озодлик" хабар дода буд, ки дар Сирки давлатии Узбекистон шеру палангҳои гурусна маймунеро, ки мисли онҳо дар сирк кор мекард, нобуд карданд. Кормандони сирк ноябри порсол аз мушкили таъмини саривақтии ғизову ҳолати риққатбори ҷонварон шикоят карда буданд. Ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон ҳам дар заминаи шароити номусоиди нигаҳдошти ҳайвонот дар боғҳои вуҳуши Узбекистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

"Мурдаҳоро шабона мегӯронем, то мардум набинад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
XS
SM
MD
LG