Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Лагерҳои сталинӣ”. Азияти муҳоҷирон дар боздоштгоҳи Сахарово. ВИДЕО


Баъзе ҳомиёни ҳуқуқи Русия аз латту кӯб шудани муҳоҷирон дар боздоштгоҳи муваққатии “Сахорово”-и шаҳри Маскав нигаронанд. Дар марказ асосан муҳоҷироне нигаҳдорӣ мешаванд, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муттаҳаманд.

Мутаассифона, шароити нигаҳдорӣ дар маркази "Сахарово" бидуни муболиға ба лагерҳои сталинӣ шабоҳат дорад. Яъне, ғайриинсонӣ аст.

"Бе муболиға ба лагерҳои сталинӣ монанд аст"​

Тимофей Широков, вакили мудофеъ аз созмони “Стратегия” дар субат бо телевизиони “Настоящее время” гуфт, “тақрибан ҳамаи муҳоҷирон дар ин марказ латту кӯб мешаванд”.

Ба ҷуз аз зарбу лати пайваста, муҳоҷирон дар шароити бади санитарӣ нигаҳдорӣ меушдаанд. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, “ҳоҷатхонаҳои марказ дар надорад ва қазои ҳоҷати онҳо дар пеши чашми бошандагони дигар ва зери дурбинҳои назоратӣ сурат мегирад”.

Тимофей Широков, вакили мудофеъ аз созмони “Стратегия” гуфт, “муассиса дар муқоиса ба боздоштгоҳҳои дигар бояд режими сабуктар дошта бошад. Мутаассифона, шароити нигаҳдорӣ дар он бидуни муболиға ба лагерҳои сталинӣ шабоҳат дорад. Яъне, ғайриинсонӣ аст.”

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Азияти муҳоҷирон дар боздоштгоҳи Сахаровои Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Таҷрибаи "ломка"

Бештари боздоштшудаҳо аз шикоят кардан метарсанд. Бахтиёр Ҷалолов моҳи ноябри соли 2017 дар бораи бархӯрд бо ӯ дар маркази “Сахарово” шикоят навишт ва ҳамон лаҳза ба утоқи якнафарӣ бурда шуд.

Бахтиёр Ҷалолов дар номаи худ навиштааст, “бо даст ва электрошок мезананд. Ҳамчунон аз таҷрибаи ба истилоҳ “ломка” истифода мекунанд. Яъне, муҳоҷиронеро, ки нав ба марказ оварда мешаванду бо тартибот ошно нестанд, латту кӯб мекунанд. Ба ин васила иродаи онҳоро мешикананд. Маро дар моҳи ноябри соли 2017 ҳангоми ворид шудан ба марказ посбони он бо номи Рэм зад.”

Муҳоҷирон шикоят доранд, ки дар маркази Сахарово онҳоро бераҳмона мезананд
Муҳоҷирон шикоят доранд, ки дар маркази Сахарово онҳоро бераҳмона мезананд

Ҳомиёни ҳуқуқ иттилоъ гирифтанд, ки Бахтиёр Ҷалолов бар замми нигаҳдорӣ дар ҳуҷраи якнафарӣ, дигарбора латту кӯб шуд. Барои кумак ба ӯ мошини “Ёрии таъҷилӣ” даъват шуд. Аммо маъмурият гуфтанд, Ҷалолов ба пизишк ниёз надорад ва мошинро ба марказ роҳ надоданд.

"Касе шикоят накардааст"

Александр Атонов, навбатдори маркази “Сахарово” мегӯяд, “ягон маълумотеро дар бораи латту кӯб шудани Бахтиёр Ҷалолов дастрас накардаам. Ҳоло дар марказ вақти хуроки нисфирӯзӣ аст. То ҷое медонам, Ҷалолов вазъаш хуб аст ва хӯрок мехӯрад. Мо худамон духтур дорем. Ӯ шикоят накардааст. Шумо ба бахши навбатдор занг задед, ӯ дар ошёнаи дувум нигаҳдорӣ мешавад. Гӯшии телефонро ба ӯ дода наметавонам.”

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Каримов, як муҳоҷири дигарро, ки низ латту кӯб карда буданд, устухонҳояш шикастааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин ҷавон роҳ гашта наметавонад. Бо сабабҳои номаълум вакили мудофеъро ба назди Каримов роҳ надоданд.

“Ба ман гуфтанд, ки бояд ин масъала бо раҳбарият ҳамоҳанг карда шавад. То он вақт маро ба назди Бахтиёр Каримов роҳ дода наметавонанд. Ин, албатта, баҳонае беш нест”, - мегӯяд Тимофей Широков.

"Дар онҷо зиндагии сагона аст"

Қаҳрамони дигари мо хоҳиш кард, ки аз ӯ ном набарем ва чеҳрашро нишон надиҳем. Ӯ ҳам як муддат дар маркази “Сахорово” буд ва ҳоло талош дорад, ки масъулони бадрафторӣ дар баробари қонун ҷаовб диҳанд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, “дар он ҷо зиндагии сагона аст. Хӯроки хуб намедиҳанд, одамонро мезананд. Худи маро низ танҳо барои он ки аз ҳамсояам сигор пурсидам, 20 нафар заданд.”

Акнун маъмурияти боздоштгоҳи “Сахарово” бояд ба дархости расмии ҳуқуқшиносон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ посух бидиҳанд. Агар қазия то ба додгоҳ бикашад, он гоҳ додситонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ даст ба кор хоҳанд шуд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG