Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Байтбарак" ба ҷои "батл" миёни рэпсароёни тоҷик. ВИДЕО


Бо пешниҳоди мақомот дар Душанбе ба ҷойи "батл" -- рақобати пуртарафдори рэпсароҳо, "Маҳфили мушоира" роҳандозӣ шуд.Аз ин ба баъд ҳар ҳафта дар Душанбе "Маҳфили мушоира" баргузор мешавад, аммо мушоирони маҳфил шоиру адабиётшиносон нестанд.

Чаро "мушоира" ҷои "батл"-ро гирифт?

Дар ин мушоира рэпэрҳои тоҷик рӯйи саҳна бо ҳам тавассути рэп рақобат мекунанд. Ин лоиҳаи нав аз сӯи гурӯҳе аз ҷавонон ва ба ҷои "батл" ё муҳорибаи лафзии рэпсароҳо, роҳандозӣ шуд.

Тағйири батл -- як маҳфили сермухлиси дӯстдорони рэп ба мушоира, дар ҳолест, ки рэп дар Тоҷикистон ҳанӯз ба шакли як жанри мусиқӣ ва ҷиддӣ, қабул намешавад.

Баргузории "батл" -- аз чорабиниҳои маъруф дар миёни дӯсторони рэп дар Тоҷикистон, чанде пеш бо пешниҳоди масъулини Кумитаи ҷавонон ва варзиш манъ шуд. Сабаб ҳам ба гуфтаи намояндагони ширкати "ВМО Про", ки масъулияти ташкил ва сабти "батл"-ҳоро дошт, ҷилавгирӣ аз паёмади нохуш ё муноқишаҳои калон миёни мухлисони рэп дар батл буд.

Додихудо Абдураҳимов, раҳбари ширкати мазкур ва сомонаи Рэп.тҷ мегӯяд, дафъаҳои ахир дар воқеъ батл ё рақобати лафзӣ рӯйи саҳна миёни ҷавонон бо дашномдиҳӣ ва муноқишаҳо анҷом меёфт. Ҳадаф аз манъи он ҳам ба гуфтаи Додихудо Абдураҳимов, раҳо кардани рэп аз бадномӣ аст.

Додихудо Абдураҳимов.
Додихудо Абдураҳимов.

"Ду нафар дар назди ягон бозор вомехӯранд ва бо ҳам муноқиша мекунанд, батл ҳам ба ҳамин шакл сурат мегирифт. Рақобати рӯйи саҳнаро мухлисону рэпхонҳо ҷиддӣ қабул карданд ва дар байн як навъ маҳалчигӣ пайдо шуд. Бачаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд. Моро огоҳ карда буданд, ки ин маҳфил метавонад миёни ҷавонон натиҷаи манфӣ диҳад. Мо ҳам як бор шатта хӯрда будем. Дар саҳнаи батл муноқиша шуда буд. Ба хотире, ки муноқишаҳо бузург нашавад ва рэпхонӣ манъ нашавад, мо тасмим гирифтем, шакли онро дигар кунем".

"Шеърбарак"-и тоҷикӣ?

Ташкили "мушоира" ба ҷойи "батл" идеяи Равшан Сафаров, омӯзгор ва рэпсарои тоҷик аст. Ба бовари ӯ, маҳфили шеърбарак, ки асрҳои пеш миёни шоирон баргузор мешуд, ба "Фристайл"-- як сабқати рэпсароҳо шабоҳат дорад.

Равшан Сафаров мегӯяд, "реп ҳам як соҳаи адабиёт аст, фақат бо мусиқӣ. Чӣ бадӣ дорад, агар мо онро гирифта бо фарҳангу маданияти худ мувофиқ кунем. Асрҳои пеш, муллобачаҳо ва мардуми наздик ба адабиёту шоирӣ ҷамъ шуда, ҳамон лаҳза шеър эҷод карда, месароиданд. Байтбарак буд ин. Яъне ин барои мо бегона нест".

Рэпсароён ба ҷои "батл" ҳоло "мушоира" мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00

Мушоира ба фарқ аз батл, аз рақибон эҷодкорӣ ва донистани луғати зиёдро талаб мекунад. Дар ин мусобиқаи лафзӣ ду нафар дар мавзӯе, ки ҳамон лаҳза рӯйи саҳна пешниҳод мегарда, бояд сухан эҷод карда, дар шакли рэп иҷро кунад. Муаллифони мушоира бар ин боваранд, ки иҷрои шартҳои ин озмун аз рэпсаро донишу заҳмат талаб мекунад.

Шаҳриёр Асроров, дар реп бо номи "Мистер Слим" шинохта мешавад. Ӯ яке аз доварони мушоира аст. "Мо чаҳорчӯбае кардем, ки бачаҳо натавонанд зидди ҳамдигар сухан кунанд. Мо аз адабиёт мафҳумҳоро гирифтем. Бахши аввали мо Аския ном дорад. Яъне, як мавзӯи додашударо моҳирона ва ба назм кушода тавонистан аст. Қисмати дуввум Раҷҷаз, яъне худтаърифкунӣ бо шеър. Бахши севвум Мушоира, ба қавли реперҳо ин ҳамон фристайл аст. Яъне услуби озод. Мо ин ҷо чанд қоидаҳо мондем ва беҳтарин ҳамоне мешавад, ки камтар хатогӣ мекунад",- мегӯяд Шаҳриёр.

На ҳама аз "мушоира" ба ҷои "батл" розӣ ҳастанд

Вале ташкили "мушоира" ба ҷойи "батл" боиси норозигии аксар мухлисони рэп ва рэпсароҳо шудааст. Ба фарқ аз батл, ки ҳар нашри онро дар интернет даҳҳову садҳо ҳазор нафар тамошо мекарданд ва ин рақобат беш аз 1000 нафар иштирокчӣ дошт, мушоира бо ҳузури ҳамагӣ 150 тамошобин баргузор мешавад. Ин гурӯҳи ҷавонон бар ин боваранд, ки дар шакли мушоира роҳандозӣ кардани рақобати ду рэпсаро, ки бояд бо лаҳни кӯчагӣ ва озод сурат гирад, мувофиқ нест. Ба назари онҳо мушоира хоси шоирону адибон аст.

Муҳаммадҷон Саидов, маъруф бо тахаллуси Райдер, ки дар пайи ширкат ва ғолибият дар рақобатҳои батл дар олами рэп машҳур шудааст мегӯяд, дар мушоира ширкат кардан намехоҳад. Ба назари ӯ, дар батл ҷавонон имкон доштанд сари дилхоҳ мавзӯъ фикр ва матн эҷод кунанд. "Дар батл омодагӣ медидӣ, заҳмат мекашидӣ ва рӯйи саҳна меомадӣ. Дар мушоира бе тайёрӣ меравӣ. Ин ҳам хубиҳои худро дорад, аммо ман мухлиси батл ҳастам. Дар батл муноқишаву ҷанг набуд",-мегӯяд Саидов.

"Батл як шӯру шавқи ба худ хосе дорад"

Муҳорибаи лафзӣ тавассути рэп ё батл дар Тоҷикистон ҳанӯз аз 15 соли пеш шурӯъ шуда буд, аммо солҳои ахир ба гуфтаи Бахтиёр Қаландаршоев, маъруф бо тахаллуси "Бахтӣ", ин рақобатҳо мардуми дур аз репро ҳам ба худ ҷалб кард. Ӯ мегӯяд, батл як шӯру шавқи ба худ хосе дошт.

Бахтиёр Қаландаршоев, яке аз доварони маҳфили Мушоира миёни рэпсароҳо ҳам аст. Вай мегӯяд, "дар мушоира шуру шавқ камтар аст. Ин ҷо бештар маҳорати зеҳнӣ даркор ва каме оромӯ ҷиддӣ мегузарад. Дар ин ҷо якдигарро танқиду таҳқир намекунанд. Вале оянда ба фикрам ин ҳам сермухлис хоҳад шуд".

Худи ташкилкунандаҳои мушоира ҳам иқрор мекунанд, ки ҳоло ин лоиҳа натавонистааст ҷойи батлро бигирад. Аммо бо пешниҳоди ҷоизаи пулӣ онҳо мехоҳанд ин маҳфилро мисли батл, миёни дӯстдорони реп сермухлис кунад.

Равшан Сафаров, омӯзгор ва рэпсарои тоҷик.
Равшан Сафаров, омӯзгор ва рэпсарои тоҷик.

Додихудо Абдураҳимов, раҳбари сомонаи рэп.тҷ мегӯяд, "барои ҷойи якум 1000, ҷойи дувум 500 ва ҷойи савум 300 сомонӣ аст. Ҳамин маблағ маҷбур мекунад, репхонҳоро, ки ба қоидаҳои мо розӣ шаванд ва дар ин чорабинӣ иштирок кунанд. Яке аз роҳҳои аслии даромади рэперҳо ширкат дар чунин чорабиниҳо ҳаст".

Ба бовари ташкилкунандаҳои мушоира ин шеваи рақобат дониш ва фикрронии ҷавононро ҳам беҳтар мекунад. Шаҳриёр Асроров, яке аз доварони мушоира мегӯяд, "ман шахсан мехоҳам ҷавонон аз реп як фоидае бигиранд. Мутаассифона аксарият то ба реп омадан ҷаҳонбинии васеъ надоранд ва мо кӯшиш мекунем, ки бо реп ин камбудиҳо ислоҳ шаванд ва бисёр ташвиқ мекунем, ки зиёд шеър азёд кунанд, то захираи луғавии онҳо бой ва сухандон шаванд. Барои ҳамин, ба назари ман мушоира бамаврид аст".

"Назари мақомот ба рэп дигар шудааст"

Тағйири батл -- як маҳфили сермухлиси дӯстдорони реп ба мушоира, дар ҳолест, ки рэп дар Тоҷикистон ҳанӯз ба шакли як жанри мусиқӣ ва ҷиддӣ қабул намешавад. Аммо худи рэпсароёни тоҷик мегӯянд, дар ду соли ахир дар Тоҷикистон назари мақомот каме тағйир ёфтааст. Акнун онҳо ҳам ба чорабиниҳо муҳими давлатӣ даъват мешаванд ва аз онҳо хоста мешавад бо рэп ҷавононро тарбия кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз мухлисони ин навъи мусиқӣ ба ин назаранд, ки рисолати аслии рэп баёни озодонаи мушкили ҷомеа аст. Рисолате, ки ҳоло аз ҷониби аксар рэпсароҳо фаромӯш шудааст ва мавзӯи рэпҳои тоҷикӣ ҳам маҳдуданд. Бархе ҳам бар ин боваранд, ки тағйири батл ба мушоира қадами дигарест дар роҳи дур шудан аз асли рэп.

Ширкати ВМО ПРО, ки аз муаллифони маҳфили "Мушоира" аст ва ба рэпсароҳо имкони муаррифии ҳунари худро медиҳанд, ният дорад бо муваффақ шудани маҳфили "Мушоира" ин лоиҳаро ба вазорати фарҳанг пешниҳод ва Иттиҳодияи рэпсароҳоро ташкил кунад. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, мавқеи рэпро чун як жанри мусиқӣ боло баранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG