Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Улфатов 11 рӯз баъд ба ҳуш омад


Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷике, ки 11-рӯз пеш аз зери харобаҳои як хонаи фурӯрафта дар Магнитогорски Русия зинда берун оварда шуда буд, баъди чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар комаи сунъӣ, ба ҳуш омадааст. Дар ҳодисаи фурӯ рафтани ин бино дар субҳи 31-уми декабр, ҳамсар ва се кӯдаки Шӯҳрат Улфатов ҷон бохта буданд.

Бахтиёр Султонов, тағои Шӯҳрат имрӯз, ҷумъаи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта Шӯҳрат Улфатов ба намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва масъулини консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург дар як беморхонаи Челябинск сӯҳбати кӯтоҳе доштааст ва аз сарнавишти ҳамсару фарзандонаш пурсидааст.

Бахтиёр Султонов афзуд, ба Шӯҳрат гуфтаанд, ки вазъи ҳамсар ва фарзандонаш хуб мебошад. Ба гуфтаи Бахтиёр Султонов, ҳоло ҳамагӣ дар фикри он ҳастанд, ки кай ва чигуна хабари марги ҳамсар ва фарзандонро ба Шӯҳрат бирасонанд.

Рӯзи 31-уми декабри соли гузашта бар асари таркиши газ дар даромадгоҳи як бинои 10-ошёна дар Магнитогорски Русия ҳудуди 40 нафар ҷон бохтанд, ки чаҳор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон -- ҳамсар ва се фарзанди Шӯҳрат Улфатов буданд.

Ҷасадҳои ин шаҳрвандони Тоҷикистон чанд рӯз баъд аз зери харобаҳои ин бино берун овард шуда, рӯзи шаби 6-уми январ ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд ва рӯзи 7-уми январ дар оромгоҳи деҳаи Малик Гиёеви ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён ба хок супурда шуданд.

XS
SM
MD
LG