Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд. ВИДЕО, АКС


Дар пайи барфбории шадид дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ягона масири заминӣ байни ҷануб ва шимоли Тоҷикистон, рӯзи 11-уми январ дастикам 11 мавриди тармафароӣ сабт шудааст. Тармафароӣ боис ба хисороти ҷониву молӣ нашуд, вале дар чанд қитъаи роҳ боис ба танбашавии мошинҳои хурду бузург гардид.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Нозирони ширкати “Инноватив Роуд Солюшнз”, масъули ҷамъоварии пул ва нигоҳубини шоҳроҳ, рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бориши барф бошиддат идома дорад. Ва дар ҳоли ҳозир ҳаракати мошинҳои калоне, ки дар чархҳояшон занҷир надоранд, маҳдуд карда шудааст.

Баъзе аз ронандагон дар масири Душанбе-Хуҷанд гуфтанд, ки дар баъзе аз қитъаҳо барф зиёд боридааст ва ҳаракати мошинҳоро то ҷое мушкил мекунад. Дилшод Умриқулов, яке аз ронандаҳо рӯзи ҷумъа гуфт, “роҳҳо каме ях шудааст ва аз баландӣ ба поин фаромадан мушкил аст. Дигар ҷои нигаронӣ нест”.

Аксҳои бештарро дар инҷо бинед:

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки рӯзҳои 13 ва 14-уми январи имсол ҳарорати ҳаво нисбатан гарм шуда, хатари фаромадани тармаро дар минтақаҳои куҳӣ, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Бадахшон бештар мекунад.

Мақомот дар як баёнияи расмӣ аз ронандаҳо хостаанд, ки дар вақти сафар ба манотики куҳӣ эҳтиёт кунанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддӣ риоя намоянд.

Ҳамасола бо шурӯи фасли зимистон ва бориши барфу резиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ боис ба басташавии роҳ ва хатто садамаву ҳалокати одамон мегардад.

Ширкати IRS мегӯяд, дар ҳолати пеш омадани вазъи фавқулода ва тармарезӣ ба хотири таъмини амнияти ронандаҳо ва мусофирон роҳро муваққатан хоҳанд баст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG