Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Мақдуния ба тағйири номи кишвар раъй дод


Порлумони Мақдуния (Македония) ислоҳҳо ба Қонуни асосии ин кишварро тасвиб кард, ки бар асоси он номи Мақдуния ба Мақдунияи Шимолӣ иваз мешавад.

Дар раъйгирии рӯзи 11-уми январ аз 120 узви порлумон 81 намоянда ба тарафдорӣ аз ин тағйирот овоз доданд. Шуморе аз намояндагони мухолиф ҷаласаи порлумонро тарк карданд. Раъйгирӣ пас аз се рӯзи музокира миёни нахуствазири Мақдуния ва намояндагони мухолифин сурат гирифт.

Тағйири номи Мақдуния кумак мекунад, ки як даҳаи ихтилофҳо байни ин кишвар ва Юнон ҳал шавад ва ҳамчунон роҳро барои узвияти Мақдуния ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО фароҳам биоварад.

Юнон то ин замон вуруди Мақдуния, давлати Югославияи собиқро ба Иттиҳоди Аврупо масдуд мекард. Дар Афина ба ин назар буданд, ки агар ин давлат “Македония” боқӣ бимонад, дар оянда метавонад барои минтақаи ҳамном дар Юнон даъво кунад.

Видеоҳои охирин

Ташхиси ҳазорҳо хонандаи мактаб барои ҷилавгирӣ аз ВИЧ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:09 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG