Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми додгоҳии Эрон: "Ҳабс дар ҷумҳурии исломӣ аз азоби охират кам мекунад"


Алӣ Музаффарӣ
Алӣ Музаффарӣ

Изҳороти як мақоми додгоҳии Эрон дар бораи ин ки ҳабс дар ҷумҳурии исломӣ аз азоби охирати зиндониҳо кам мекунад, баҳсбарангез шуд.

Хабаргузории расмии ИРНА дар оғози ҳафтаи гузашта ба нақл аз Алӣ Музаффарӣ, раиси Додгоҳи Хуросони Разавӣ гуфт, дар ҳабс нишастан дар ҷумҳурии исломӣ ба охират таъсир дорад. Ба қавли ӯ, дар он дунё муҷозот аз зиндониҳои ҷумҳурии исломӣ бардошта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли ин мақоми додгоҳии Эрон, “агар фарде дар замони тоғут (бут, бутпарастӣ) дар зиндон буд, ҳабсаш аз муҷозоти охират кам намекард.”

Изҳороти Алӣ Музаффарӣ дар миёни корбарони эронии Интернет баҳсҳои тунду тезеро барпо кардааст. Аксарият аз ин иддаои ӯ интиқод карда, баъзеҳо ба “ваъда”-и биҳишту 72 ҳури гуруҳои даҳшатафкан шабоҳат додаанд.

Яке аз корбарон бо номи Озода Афсарӣ дар Инстаграми Радиои Фардо, бахҳи эронии Радиои Озодӣ навишт, “хуб, худатон чаро муддате ҳабс намешавед, ҳадди ақал дар он дунё камтар азоб мекашидед.”

Исмат Аббосӣ чунин иддаоро хиҷолатовар ва ҷаҳл номидааст. Корбаре дигар навишта, ки “эй Худо, сарамро ба кадом девор бикӯбам?”

Муҳаммад Ризохудо гуфтааст, “магар қиёмат ва қазоватҳо шудаасту мо хабар надорем?” Нафаре дигар навиштааст, аз ин ки асрори охиратро фош мекунед, муташккирам. Ҳоло онҳое, ки дар ҷумҳурии исломӣ эъдом мешаванд, дар охират чӣ ҳукм мегиранд?”

XS
SM
MD
LG