Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши худсӯзии як зан дар боздоштгоҳи ноҳияи Айнӣ. ВИДЕО


Истад Қурбонова бо наздиконаш. Акс аз бойгонии хонаводагӣ
Истад Қурбонова бо наздиконаш. Акс аз бойгонии хонаводагӣ

Як зани ҳафтодсола дар ноҳияи Айнӣ, ки қаблан бо иттиҳоми "ишғоли худсаронаи замин" дастгир шуда буд, дар боздоштгоҳи муваққатии пулис кӯшиши худсӯзӣ кардааст. Мақомот гуфтанд, Истад Қурбонова тақрибан як ҳафта боз дар бемористони ноҳия зери назорати пизишкон аст. Ба иддаои онҳо, Қурбонова ба сару рӯй ва бадани худ оби ҷӯш рехтааст.

  • Дар аксҳое, ки пайвандони Истад Қурбонова дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, дида мешавад, дасту гардан, китф ва аъзои дигари бадани ӯ сӯхтааст.
Қарори маҷбурӣ барои ба тафтишот ҳозир шудани ӯро додам. Вале боз ҳам аҳамият надод. Баъд аз хонааш оварданд ва дар боздоштгоҳи муваққатии пулис нигоҳ доштанд

Сӯхт ё оби ҷӯш рехт?

Вакили мудофеъ Дилбарой Мирзофотирова иддао дорад, ки нафари таҳти ҳимояташ дар ҳоҷатхонаи боздоштгоҳ худро оташ задааст. Парвиз Бобоев, писари Истад Қурбонова ҳам рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳеч ба оби ҷӯш монанд нест. Вақте модарамро аз боздоштгоҳ оварданд, мо навор гирифтем. Дар тарафи китфаш як пора матои сӯхта боқӣ монда буд."

Аммо ҳарду тараф намегӯянд, ки Истад Қурбонова дар боздоштгоҳ аз куҷо оби ҷӯш ва ё гӯгирд гирифтааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Кӯшиши худсӯзии як зан дар боздоштгоҳи ноҳияи Айнӣ.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

"Ба ҷои беморхона ба Истаравшан бурданд"

Ин зани солхӯрда аввали моҳи январи имсол бо иттиҳоми аз худ кардани қитъаи замин дар ҳудуди корхонаи "Сохтмон СТД" дастгир шуд. Наздиконаш гуфтанд, додситони ноҳия бо дархости вакили дифоъ ӯро то анҷоми тафтиши парванда аз боздошт озод карда буд. Вале маъмурони милиса ба мондани ӯ дар боздоштгоҳ пойфишорӣ карданд.

"Модарам аз бемории фишорбаландӣ ва диабети қанд азият мекашанд ва бояд ба табобат фаро гирифта мешуданд. Талоши худсӯзӣ шояд як навъ эътирозашон ба амалкарди маъмурони милиса аст", - гуфт Парвиз Бобоев.

Ин акси Истад Қурбоноваро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд.
Ин акси Истад Қурбоноваро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд.

Вакили мудофеъ Дилбарой Мирзофотирова мегӯяд, баъди кӯшиши худсӯзӣ маъмурони милисаи ноҳияи Айнӣ талош кардаанд, Истад Қурбоноваро ба шаҳри Истаравшан бурда, дар боздошт нигоҳ доранд. "Масъули боздоштгоҳи Истаравашан вазъи Истад Қурбоноваро дида, иҷозат намедиҳад, ки дохили СИЗО кунанд. Баъд маҷбур мешаванд ӯро баргардонанд ва ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ оранд", - нақл кард вакил.

Баҳси хонаву анбор

Дар ҳамин ҳол, Шариф Мирзошарифов, корманди боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Айнӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, Қурбонова худро оташ назада, балки бо оби ҷуш сӯзондааст. Ба суоли мо аз ҷумла дар бораи ин ки чаро баъди кӯшиши худсӯзӣ, Истад Қурбонова на ба беморхона, балки ба СИЗО-и Истаравшан бурда шуд, гуфт, “вазифаи мо риояи тартибу низом аст".

Интизор меравад, рӯзи 18-уми январ муҳокимаи додгоҳии ин сокини ҳафтодсолаи ноҳияи Айнӣ оғоз шавад. Баҳси ӯ бо масъулони ширкати "Сохтмон СТД" бар сари қитъаи заминест, ки ҳанӯз дар даврони Шӯравии пешин гирифта шудааст.

Беҳрӯз Абдумаҷидзода, муфаттиши Додситонии ноҳияи Айнӣ, рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Истад Қурбонова дар қаламрави корхонаи "Сохтмон СТД" худсарона анбору ҳаммом сохтааст ва дар ин маврид ҳеч санад надорад. Абдумаҷидзода гуфт, Истад Қурбонова барои он дастгир шуд, ки даъвати додситониро барои ҳозир шудан ба пурсиш нодида гирифта буд.

"Даъвати додситониро нодида гирифт"

"Қарори маҷбурӣ барои ба тафтишот ҳозир шудани ӯро додам. Вале боз ҳам аҳамият надод. Баъд аз хонааш оварданд ва дар боздоштгоҳи муваққатии пулис нигоҳ доштанд", - афзуд ӯ.

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дар сади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва замини корам аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.

Замин дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон моликияти давлатӣ аст ва дастрасӣ ба он танҳо бар асоси иҷозати сохторҳои дахлдори кишвар имконпазир аст. Моҳи феврали соли гузашта бо қабули як зумра тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он" эҳтимоли ташкили бозори замин дар Тоҷикистон имконпазир шуда буд. Вале то ба ҳол мақомот аз фаъолшавии чунин бозоре дар кишвар хабар надодаанд.

XS
SM
MD
LG