Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зан бо ваъдаи тақсими замин 500 000 сомонии мардумро гирифтааст


Дилором Сайфуллоева. Акс аз видеои Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе гирифта шудааст

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон занеро боздошт кардаанд, ки бо баҳонаи тақсими замини наздиҳавлигӣ аз маҳаллаи "Ховарон"-и шаҳри Душанбе ним миллион сомонии мардумро аз худ карда ва на замин додааст ва на пулро баргардондааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло таҳқиқи парвандаи Дилором Сайфуллоеваи 38-сола идома дорад. Вай дар беш аз панҷоҳ ҳолати фиреби мардум муттаҳам аст.

  • Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон охири ҳафта эълон кард, ки ин зан худро намояндаи ниҳодҳои давлатӣ муаррифӣ карда ва ба бовари сокинон даромадааст.
Маълум нест, ки вай ин корро ба танҳоӣ кардааст ё бо шарикони дигар. Ин бахши қазияро мақомот ҳоло тафтиш доранд.

"Заминро бо ҳуҷҷат медиҳем"

Худи Сайфуллоева дар як навори бозпурсии маъмурони милиса гуфтааст, муштариёнро ба назди заминҳои ҳанӯз тақсимнашудаи "Ховарон" мебурд ва ваъда медод, ки аз ҳамин ҷо барояшон қитъае барои бунёди хона медиҳад.

"Мегуфтам, ки заминро бо ҳуҷҷат дуруст карда медиҳем. Як сотих замин шашсад долларӣ буд", - нақл кардааст ӯ ба муфаттишон.

Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 3-юми ноябр гуфт, Дилором Сайфуллоева дар пайи шикояти зиёди сокинон боздошт шудааст. Мардум баъди солҳои интизорӣ ва "имрӯзу фардои" Сайфуллоева ба мақомот муроҷиат кардаанд, то ҷилави ӯро бикашанд.

"Маълум нест, ки вай ин корро ба танҳоӣ кардааст ё бо шарикони дигар. Ин бахши қазияро мақомот ҳоло тафтиш доранд. Азбаски талабгорони замин дар кишвар зиёд аст, одамон ба чунин ваъдаҳо зуд фирефта мешаванд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пахш кард, Нилуфар Шоева, яке аз ҷабрдидаҳо гуфтааст, ба Дилором Сайфуллоева 18 ҳазор сомонӣ дода буд. Ӯ гуфт, "ба мо ваъда шуда буд, ки одамонро аз навбат мегиранд ва номи моро ба рӯйхат ворид мекунанд. Аммо бо гузашти ду сол ягон чиз нагирифтем."

Шиносномаҳо, қарорҳо ва...

Бахтиёр Мармарзода, як масъули Раёсати умури дохилии шаҳри Душнабе мегӯяд, Сайфуллоева аз ҳар талабгори қитъаи замин шиносномаи аслӣ ва ё нусхаи онро гирифтааст. Ӯ гуфт, ҳангоми тафтиши манзили иҷорае, ки Сайфуллоева дар онҷо зиндагӣ ва кор мекард, баъзе шиносномаҳо пайдо шудааст.

"Инчунин теъдоди зиёди қарорҳои эҳтимолан қалбакӣ, хабарномаҳо ва санадҳои дигар гирифта шуд", - гуфт ӯ.

Дилором Сайфуллоева дар бозпурсиҳои аввал эътироф кардааст, ки ӯ ба хотири ҷудо кардани қитъаи замин аз маҳаллаи “Ховарон”-и Душанбе аз сокинон санад талаб мекард ва бар асоси он “дело” месохт.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сокинон хостаанд, ки ба ваъдаи фурӯши замин бовар накунанд, чун ба гуфтаи онҳо, замин моликияти давлат аст ва харидуфурӯш намешавад.

Омори расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки қазияҳои марбут ба муомилаҳои ғайриқонунӣ бо замин хеле зиёд аст. Танҳо дар шаш моҳи аввали имсол дар вилояти Хатлон дар робита бо харидуфурӯши замин 55 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ шудааст, ки дар ин парвандаҳо баъзе мансабдорон низ даст доштаанд. Шаш нафар дар ин парвандаҳо кормандони идораҳои замини шаҳру навоҳӣ будаанд.

Баҳси замин дар Тоҷикистони камзамин

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дар сади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва замини корам аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.

Замин дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон моликияти давлатӣ аст ва дастрасӣ ба он танҳо бар асоси иҷозати сохторҳои дахлдори кишвар имконпазир аст. Моҳи феврали имсол бо қабули як зумра тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он" эҳтимоли ташкили бозори замин дар Тоҷикистон имконпазир шуда буд. Вале то ба ҳол мақомот аз фаъолшавии чунин бозоре дар кишвар хабар надодаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG