Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуҳокимиятӣ дар Венесуэла. Ҳушдори Путин ва пешниҳоди Болтон


Хуан Гуайдо ва Николас Мадуро
Хуан Гуайдо ва Николас Мадуро

Бӯҳрон дар Венесуэла тайи як ҳафтаи охир вориди марҳилаи нав шудааст. Аз як тараф нерӯҳои мухолифин ба раҳбарии Гуайдо ва аз тарафи дигар ҳукумат ба раҳбарии Модуро даъво доранд, ки ҷилави қудрат дар дасти онҳост. Русия аз ҳукумати Венесуэла тарафдорӣ кард, Амрико аз мухолифон.

Бинобар он ки Хуан Гуайдоро ба унвони президенти муваққати Венесуэла ба расмият шинохтаем, ин манбаъҳо бояд дар ихтиёри ҳукумати қонунӣ қарор бигирад

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, рӯзи 24-уми январ пешниҳод кард, ки дастрасии Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла, ба манбаъҳои молӣ қатъ карда шавад. Вай айни замон гуфтааст, ин манбаъҳоро дар ихтиёри Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифон гузоранд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Ҷон Болтон изҳор дошт, ки кишвараш аз рӯзи панҷшанбе ба қатъи манбаъҳои молии ҳукумати Николас Мадуро иқдом хоҳад кард.

Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед афзуд, “бинобар он ки Хуан Гуайдоро ба унвони президенти муваққати Венесуэла ба расмият шинохтаем, ин манбаъҳо бояд дар ихтиёри ҳукумати қонунӣ қарор бигирад”. Ҷон Болтон айни замон таъкид кардааст, ин кор "бисёр печида" хоҳад буд ва мақомҳои амрикоӣ ҳамчунон дар ҳоли арзёбии чунин иқдоме ҳастанд.

Рӯзи 23-юми январ даҳҳо ҳазор нафар дар пойтахт ва шаҳрҳои мухталифи Венесуэла алайҳи ҳукумати Николас Мадуро даст ба эътироз заданд. Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифон дар миёни эътирозгарон худро раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла эълон кард ва савганд ёд намуд.

Ба дунболи ин, Амрико эълон кард, ки ҳукумати Николас Мадуро ғайриқонунӣ аст ва Хуан Гуайдоро ба унвони раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла ба расмият мешиносад. Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи панҷшанбе Мадуро фармон дод, сафорат ва консулгариҳои Венесуэла дар Амрико ба фаъолияти худ хотима диҳанд.

Бӯҳрони дипломатӣ миёни Вашингтон ва Каракас

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 24-уми январ эълон кард, ки дастури хуруҷи коркунони ғайризарурии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Венесуэла аз ин кишвар содир шудааст. Рӯзи чаҳоршанбе Николас Мадуро ба дипломатҳои амрикоӣ 72 соат вақт додааст, ки хоки он кишварро тарк кунанд.

Ба гузориши расонаҳо, Вазорати умури хориҷии ИМА эълон кардааст, дипломатҳо ва коркунони ғайризарурӣ аз Венесуэла хориҷ мешаванд, вале сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Каракс ҳамчунон боз хоҳад буд.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии ИМА.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии ИМА.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, дар бораи дипломатҳои амрикоӣ изҳор дошт, “барои вазорати умури хориҷӣ ҳеҷ чиз афзалтар аз саломатии коркунонаш нест ва мо хеле ошкор ба ҳукумати Мадуро дар бораи амнияти коркунон гӯшзад кардаем.”

Вай изофа кард, “ончӣ мо мехоҳем мутмаин шавем ин аст: Николас Мадуро, раиси ҷумҳури пешини Венесуэла бифаҳмад, ки ҳақ надорад дар бораи будан ва набудани мо дар Венесуэла тасмим бигирад”.

Вазири умури хориҷии Амрико дар идома гуфт, “мо акнун раиси ҷумҳури муваққат Гуайдоро ба расмият мешиносем ва ӯ аз мо хостааст дар чаҳорчӯби робитаҳои дипломатӣ, дар Венесуэла ҳузур дошта бошем. Бинобар ин, мо ҳақ дорем, ки ба маъмурияти дипломатии худ дар Каракас идома диҳем ва мо ба фаъолияти худ идома хоҳем дод".

Ҳимояти низомиён аз Мадуро

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" гузориш додааст, ки фармондеҳони баландпояи Венесуэла аз Николас Мадуро ҳимоят кардаанд. Тибқи гузоришҳо, генерале, ки назорати мустақими ҳазорон нерӯро дар ихтиёр дорад, рӯзи 24-уми январ дар паҳлӯи Николас Мадуро дар як барномаи телевизионӣ дида мешуд.

Низомиёни Венесуэла аз Николас Мадуро ҳимоят карданд.
Низомиёни Венесуэла аз Николас Мадуро ҳимоят карданд.

Вазири дифоъ ва яке аз муттаҳидони Николас Мадуро низ ҳар гуна талоши дуҳокимиятӣ дар он кишварро рад кард. Дар ҳамин ҳол, Николас Мадуро низ дар як барномаи телевизионӣ гуфтааст, “онҳо хаёл мекунанд, ки Венесуэла мустаъмираи онҳост ва тасмимгиранда онҳо ҳастанд”.

Ҳушдори Русия

Дар пайи таҳаввулоти ахир дар Венесуэла, кишварҳои зиёде ба он вокуниш нишон доданд. Русия Николас Мадуроро раиси ҷумҳури "қонунӣ"-и Венесуэла номид ва "дахолати хориҷӣ" дар умури дохилии ин кишварро "ғайриқонунӣ" хонд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, бо ишора ба изҳороти мақомоти амрикоӣ, ҳар гуна "эҳтимоли дахолати низомӣ"-ро "бисёр хатарнок" хонд ва нисбат ба он ҳушдор дод. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия низ аз "дахолат дар умури Венесуэла" интиқод кард ва Венесуэларо "шарики стратегӣ" донист.

Амрико, Канада, Бритониё, Аргентина, Перу, Колумбия эъдлон кардаанд, ки Хуан Гуайдоро ба унвони раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла ба расмият мешиносанд. Дар муқобил Русия, Чин, Куба, Мексика, Боливия, Эрон ва Туркия аз ҳукумати Мадуро ҳимоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG