Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот: "Фароз" нархи маълумотномаи тиббиро бо мо мувофиқа накард. ВИДЕО


Масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бори аввал дар мавриди нархи "Маълумотномаи тиббии рақами 26", ки аз тарафи ташхисгоҳҳои ширкати "Фароз" дода мешавад, изҳори назар карданд. Онҳо рӯзи 30-юми январ гуфтанд, ширкати "Фароз" арзиши маълумотномаро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа накардааст.

  • Ташхисгоҳҳои тиббии ширкати "Фароз" аз соли хониши 2018 масъулияти додани "маълумотномаи рақами 26"-ро ба ӯҳда гирифтанд. Ин маълумотнома асосан ба хонандагони синфи ибтидоӣ дода мешавад.
Коршиносон мегӯянд, аксар соҳаҳои сердаромад ва тиҷорат дар Тоҷикистон зери назари ширкат ва гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат қарор дорад.

Аз даҳ сомонӣ ба ҳаштод сомонӣ

Арзиши ин санади тиббӣ тобистони соли 2018 - 80 сомонӣ ва ё тахминан 10 доллар муқаррар шуд, дар ҳоле ки дар гузашта бар ивази 10 ё 15 сомонӣ дода мешуд. Арзиши баланди маълумотномаи тиббӣ мояи нигаронии бисёре аз хонаводаҳое гардид, ки фарзандонашон бояд барои таҳсил ба мактаб қабул мешуданд.

Назар Одиназода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ширкати "Фароз" нархномаи ташхисгоҳҳои тиббиро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа накардааст. Ӯ афзуд, "ба хадамот пешниҳод нашудаанд. Дар ин масъала бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва ширкатҳои тобеи "Фароз" созишнома баста шудааст."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Хадамот: "Фароз" нархи маълумотномаи тиббиро бо мо мувофиқа накард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Монополист кист?

Ба суоли баъдии хабарнигорон дар бораи ин ки то куҷо Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо ҳамин нархномаи “Фароз” розӣ буда метавонад, Одиназода гуфт: “Мо таҳлил мегузаронем ва хидматрасониро месанҷем. Бар асоси қонунугузорӣ субъектҳое, ки хусусияти ҳукмфармоӣ (монополия) доранд, месанҷем ва дар феҳрасти хадамот сабт карда, таҳти назорат қарор медиҳем”.

Назар Одиназода
Назар Одиназода

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" соли 2008 таъсис шудааст. Ин як ширкати бисёрсоҳавӣ буда, дар бозори фурӯши маводи сӯхт, истеҳсоли шираи камол, содир кардани шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо, истеҳсоли позаҳр, туризму ҷаҳонгардӣ, сохтмон, конҳои фоиданок, хадамоти тиббӣ ва бахшҳои зиёди дигар ҳузури густурда дорад.

Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст ва назоратро бисёр соҳаҳои сердаромади кишвар дар ихтиёр дорад. Вале дар манбаъҳои бози расмӣ номи ӯ ба ҳайси раҳбари “Фароз” зикр намешавад. Худи ширкат он замон ба ин гузориш ҳеҷ вокунише накард.

Аз "Ҳуаксин семент" то "Талко Ресурс"

Вале рӯзи 30-юми январ мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нишасти матбуотии худ ба ин назарҳо посух доданд. Назар Одиназода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, "Фароз" ҳанӯз ба як ширкати ҳукмфармо ё худ монополист табдил нашудааст, зеро дар соҳаҳои мухталиф ширкатҳои зертобеи он ба фаъолият машғул ҳастанд.

Ӯ мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳар ширкат ҳақ дорад дар ҳамкорӣ бо ширкату корхонаҳои дигар ва бо номи фарқкунанда корхонае созмон диҳад ва дар дилхоҳ соҳа кори худро пеш барад. Вай гуфт, "ҳоло ширкати "Фароз" дар феҳрасти ширкатҳои монополисти Тоҷикистон ҷой надорад".

Бар асоси иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон феълан дар бахши ворид кардани маводи сухт "Газпромнефт Тоҷикистон", "Сеганҷ" ва "Агентии захираҳои моддии давлатӣ" дар феҳрасти ширкатҳои ҳукмфармо ё худ монополист ҷой доранд. Дар бозори ангишти кишвар “Шахтаи Фон Яғноб”, “Талко Ресурс” ва “Комбинати металлургии тоҷик” шомили ширкатҳои монополист мебошанд ва дар соҳаи истеҳсолу фурӯши семент “Ҳуаксин ғаюр сементи ноҳияи Ёвон”, “Ҳуаксин Ғаюр Суғд семент” ва “Ҷунтай моҳир семент” ширкатҳои монополист ба шумор меоянд.

"Хилофи адолати иҷтимоӣ"

Дар нишасти хабарии мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз раҳбарияти ин сохтор дар бораи нархномаи аз назари бисёр сокинон баланди дарёфти шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҳам рақами мошин суол шуд. Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтанд, ин нархномаҳо, ки миёни Хадамоти зиддимонополӣ ва ширкати саҳомии пушидаи “Фароз Айтӣ” мувофиқа шудааст.

Дар ҳоле ки даромади ширкат аз ҳамаи бахшҳои тиҷораташ маълум нест, коршиносон тахмин мекунанд, даромади ширкат метавонад соле даҳҳо миллион долларо ташкил диҳад. Як мақомоти гумруки Тоҷикистон соли 2017 гуфт, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 315 тоннаву 800 кило шираи камол ба маблағи 4 миллиону 330 ҳазор доллари амрикоӣ ба Афғонистон содир шудааст.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Бархе коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон муддатҳост муносибати нобаробар ваё бартарӣ додан ба баъзе ширкату тиҷоратҳои наздик ба ҳукумат мушоҳида мешавад. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, додани иҷозаи бисёрҷабҳа ба як ширкат сарфи назар аз он ки ширкатҳои зертобеи он фаъолиятро пеш мебаранд, “хилофи адолати иҷтимоӣ” аст.

"Ҳама навгонӣ боис ба арзонӣ шавад, на гаронӣ"

"Ҳар тозагӣ ваё дигаргуние, ки дар робита ба хидматрасонии шаҳрвандон мешавад, ин боиси арзонтар шудани ҳаққи хидмат гардад, на гарон шудани онҳо", - афзуд ӯ.

Коршиносон мегӯянд, аксар бахшҳои сердаромад ва тиҷорат дар Тоҷикистон зери назари ширкат ва гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат қарор дорад ва ин воқеият боиси кунд шудани суръати рушди тиҷорат, берақобат шудани бозор ва коҳиши нишондодҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG