Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қорӣ Шамшод баъди баҳси мусиқӣ "Аълочии фарҳанг" шуд. ВИДЕО


Қорӣ Шамшод

Шамшод Муҳиддинов, маъруф бо номи "Қорӣ Шамшод" ва сархатиби масҷиди деҳаи Дурбати Ҳисор, баъди замзамаи як тарона дар баҳори соли гузашта ва дифоъ аз раво будани мусиқии орому рӯҳбахш дар дини ислом, "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" эълон шуд. Ин унвонро рӯзи 2-юми феврал ҳангоми таҷлил аз ҳафтодсолагии падараш, овозхони маъруф Тоҷиддини Муҳиддин, ба ӯ супурданд. Тоҷиддини Муҳиддин соли 1995 дар 46-солагӣ даргузашт. ​

Парвиз Пӯлодӣ, мудири бахши фарҳанги ҳукумати Ҳисор гуфт, унвони Аълочии фарҳангро ба Шамшод Муҳиддинов "барои тарбияи насли ҷавон тақдим карданд".

Қорӣ Шамшод дар маъракаи таҷлил аз 70-солагии падараш дар шаҳри Ҳисор низ тарона хонд, аммо пеш аз он гуфт, "ба ман таъкид карда буданд, ки шеърхонӣ накунам, вале ҳоло оҳиста як шеъре бароятон мехонам". Ӯ рӯзи 2-юми феврал дар суҳбат бо Радиои Оздӣ гуфт, чун дар хонаводаи фарҳангӣ ба воя расидааст, меҳри ҳунар дар хунаш ҷой гирифтааст.

"Аслан дар ҷодаи мазҳабӣ ба мардум хидмат мекунам. Шояд аз садои марғуладори падар ба ман низ меросе гузашта бошад. Вале, бар ин назарам, ки падар худ як гавҳари нотакроре дар санъати тоҷик буданд. Муқоисаи овози худ бо садои падар бароям ҳатто хиҷолатомез аст. Ман танҳо талош мекунам, ки фарзанди сазовори волидони худ бошам", - афзуд ӯ.

Навори панду насиҳат ва маъизаҳои Қорӣ Шамшод ҳаводори зиёд дорад. Вале баҳори соли гузашта навори кӯтоҳи ин рӯҳонии тоҷик, ки порчае аз суруди "Модарам"-и овозхони маъруф Зафар Нозимро замзама карда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёде пайдо кард ва баҳси ҳамешагии мусиқӣ дар ислом ҷоиз аст ё “не”-ро дигарбора доғ намуд.

Бисёриҳо ӯро, ки як сархатиби масҷид аст, барои таронахонӣ танқид карданд. Дар Тоҷикистон бархе аз рӯҳониён наът мехонанд, вале иҷрои таронаро бо мусиқӣ дуруст намешуморанд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Таронахонии Қорӣ Шамшод дар ҷашни 70-солагии Тоҷиддини Муҳиддин
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:48 0:00

Қорӣ Шамшод дар суҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ низ гуфта буд, иддае ӯро маломат кардаанд, ки чӣ гуна як рӯҳонӣ метавонад суруд хонад. "Инҳо мусиқиро билкул ҳаром медонанд, ҳол он ки ин тавр нест. Танҳо суруду мусиқие, ки шахсро ба шаҳват кашонад, ҷоиз нест. Аммо тибқи мазҳаби мо, сурудаҳое, ки дилҳоро нарм мекунаду ба роҳи рост даъват мекунад, бок надорад", - афзуд ӯ.

Баъдан Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як фатво аз мавқеи Қорӣ Шамшод ҳимоят кард ва гуфт, "мусиқиву овозхонӣ дар ҷашнҳои хурсандӣ ба мисли арӯсӣ раво аст."

Шамшод Муҳиддинов, писари Тоҷиддини Муҳиддин, овозхони маъруфи тоҷик, Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳоло ӯ масъулияти сархатибии масҷиди яке аз масҷидҳои шаҳри Ҳисорро бар дӯш дорад, ки таъйинаш танҳо бо иҷозаи Кумитаи дини Тоҷикистон имконпазир аст.

Хоҳари ӯ Шабнами Тоҷиддин яке аз овозхонҳои маъруфи кишвар аст, вале тақрибан се сол боз таронаҳои нави худро ба бозор набаровардааст.

ГУФТУГӮИ ҚАБЛӢ БО ҚОРӢ ШАМШОДРО ДАР ИН ҶО БИХОНЕД:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG