Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд. ВИДЕО


Сергей Лавров – вазири корҳои хориҷии Русия – гуфт, Тоҷикистон ягона кишварест, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, вале муҳоҷиронаш аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё созмони зери назари Русия аст, ки ба он Русияву Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон шомиланд. Маскав борҳо аз Тоҷикистон хостааст, ки ба ин созмон бипайвандад. ​

  • Дипломати аршади рус баъди боздид аз Қирғизистон, шоми 4-уми феврал ба Душанбе омад ва дар суҳбатҳояш бо мақомоти Тоҷикистон ва хабарнигорон ба ҳамкориҳои ду кишвар, нақши пойгоҳи 201-ум ва мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон дахл кард.
Бояд созишномаи реадмиссия ё масъулиятҳои Тоҷикистон барои қабули шаҳрвандоне, ки қонунҳои Русияро нақз кардаанд, имзо шавад.

Лавров ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баъди он дахолат кард, ки дар як нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аз ӯ пурсиданд, ба наздикӣ афви муҳоҷирон дар назар аст ё не? Вай гуфт, "Русия аллакай муҳоҷирони тоҷикро афв кардааст ва на як бор".

Вазири умури хориҷии Русия, инчунин, гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд, на як ҳафта, балки 15 рӯз бидуни сабтином дар ҳудуди Русия зиндагӣ кунанд ва барои се сол патент дарёфт намоянд. "Албатта, мехоҳанд, ки патентро арзонтар бигиранд, вале ин мавзӯи музокирот аст", - афзуд ӯ.

Лавров бо мақомоти тоҷик аз чӣ гуфт? Дар инҷо тамошо кунед:

Сергей Лавров дар суҳбат бо мақомоти Тоҷикистон аз чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

"Бояд пеш аз сафар бо муҳоҷирон кор кунанд"

Муҳоҷирони тоҷик барои кор дар ҳудуди Русия бояд патент дарёфт кунанд, ки барои мисол ҳаққи якмоҳаи он дар шаҳри Маскав панҷ ҳазор рубли русист. Дар баъзе аз минтақаҳои Русия ин рақам то ба нӯҳ ҳазор рубл мерасад. Муҳоҷирони тоҷик онро харҷи зиёдатӣ медонанд.

Сергей Лавров дар идомаи суҳбаташ дар Донишгоҳи славянӣ гуфт, гуфт, бояд Душанбеву Маскав созишнома дар бораи нафақаи муҳоҷирони кориро низ имзо кунанд, ки ба қавли ӯ дар рӯи мизи музокирот истодааст. Вай ҳамчунин хостори омода кардани муҳоҷирон пеш аз сафари онҳо ба Русия шуд.

"Бояд пеш аз сафар бо онҳо кор бурда шавад, то муҳоҷирон донанд, ки корфармояшон кист ва коре, ки мекунанд, қонунист. Ва бояд касе шиносномаашонро кашида нагирад", - афзуд ӯ.

Лавров гуфт, барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз ҳамтоёни тоҷики худ хостаанд, бояд ҳарчи зудтар созишномаҳои иловагиро имзо кунанд. "Бояд созишномаи реадмиссия ё масъулиятҳои Тоҷикистон барои қабули шаҳрвандоне, ки қонунҳои Русияро нақз кардаанд, низ имзо шавад. Мо ба ин монанд санадро бо Иттиҳодияи Аврупо тасвиб кардаем ва худро хеле хуб эҳсос мекунем. Набояд аз ин тарсид. Бахши муҳоҷират бояд пурра қонунӣ шавад", - афзуд ӯ.

Чин ва ОМ, С5+1...

Аз Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар мулоқот бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия инчунин суол шуд, ки то куҷо Чинро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони як рақиби Маскав арзёбӣ мекунад? Дар посух ба ин суол ӯ гуфт, барои Русия Чин на рақиб, балки шарик ё ҳамкор аст: ​"Мо бо Ҷумҳурии мардумии Чин шарики стратегӣ ҳастем. Барномаҳое, ки Русияву Чин дар робита бо ин минтақа ва ҳам дар маҷмӯъ дар робита бо АвруОсиёи бузург доранд, бо ҳам дар ихтилоф нестанд."

Лавров дар идома гуфт, солҳои охир таваҷҷӯҳ ба Осиёи Марказӣ зиёд мешавад ва "мо наметавонем ба равобити хориҷии дӯстони мо дар Осиёи Марказӣ бетарафона назорат кунем".

Ӯ афзуд, "ҳоло ба Осиёи Марказӣ ҳам ИМА, ҳам Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳинд таваҷҷӯҳ доранд. Барномаи С5+1 (мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ОМ ва ИМА) доимӣ баргузор мешавад. Ба назари мо, ба иловаи ҳамкориҳову мулоқот дар доираи СҲШ, СПАД, СНГ ва дигарҳо, мо ҳам метавонистем дар чунин чаҳорчӯб мулоқот кунем. Дар гузашта мо бо ин кишварҳо дар як ҳавзаи ягонаи хоҷагиву иқтисодӣ вуҷуд доштем ва ин ҳарфи холӣ нест. Чунки ҳоло ҳар мушкиле, ки дар минтақа дар заминаи истифодаи обу энержӣ эҷод мешавад, метавонад хеле нарм шаванд, дар сурате ки аз таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода шавад."

"Пойгоҳи 201 - омили амнияти Тоҷикистон"

Аз ин пеш вазири умури хориҷии Русия дар нишасти муштараки матбуотиаш бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-умро "омили муҳими амният дар Тоҷикистон" хонд. Сергей Лавров гуфт, Маскав омода аст дар навсозӣ ё модернизатсияи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва "бо назардошти таҳдидҳои идомаёбанда аз қаламрави Афғонистон дар тақвияти марзи давлатӣ" ба Тоҷикистон кумак кунад.

Тахминан 7 ҳазор низомии рус дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд. Лавров, ки аз Бишкек вориди Душанбе шуд, дар пойтахти Қирғизистон рӯзе аз ин пеш гуфт, омода аст дар сурати пешниҳоди Қирғизистон, роҳҳои ташкили як пойгоҳи дигари низомии Русия дар хоки Қирғизистонро баррасӣ кунад. Дидори Лавров аз минтақа бо боздид аз Туркманистон анҷом меёбад.

Тоҷикистону Русия: Пойгоҳ, сӯзишворӣ, кишоварзӣ

Тоҷикистону Русия шарикони стратегӣ маҳсуб мешаванд ва аз замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-и Русия вуҷуд дорад. Дар соли гузашта Тоҷикистон ва Русия ба маблағи беш аз як миллиард доллор додугирифт кардаанд. Тоҷикистон аз Русия умдатан сӯзишворӣ харида, ба ин кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст.

Гузашта аз ин, тӯли чанд соли ахир Русия кишвари умдаи мизбони муҳоҷирони кории тоҷик аст. Ҳамасола ҳудуди як миллион сокини Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ва маоши муносиб ба минтақаҳои мухталифи Русия сафар мекунанд.

Дар чанд соли ахир мизони маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик ба далели бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия коҳиш меёбад, вале бо ин вуҷуд коршиносон ин маблағҳоро ба тақрибан 40 дарсади Маҷмаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар медонанд.

Шарҳҳоро бинед (19)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG