Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ дар бораи коррупсия дар зиндонҳо: "Ҷое, ки кор ҳаст, албатта фасод низ ҳаст"


Масъулини Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон метавонад фасод ҷой дошта бошанд.

Муҳаммадсаид Файзуллозода, сардори Сарраёсати мубориза бо коррупсияи Оҷонсии зидди фасод рӯзи 12-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, “он ҷое, ки кор ҳаст, албатта фасод низ ҳаст.”

Ин масъули Оҷонсии зидди фасод дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё дар зиндонҳои Тоҷикистон фасод ҷой дорад, гуфт:

“Дар зиндонҳои Тоҷикистон мо гуфта наметавонем, ки дар ҳамааш фасод ҷой дорад. Дар он ҷое, ки кор ҳаст, албатта фасод ҳаст. Дар ин самт корҳои оперативӣ бурда шуда истодааст, чораҳои қонунӣ қабул карда мешавад.”

Ҷаноби Файзуллозода аз шарҳи бештар худдорӣ кард ва аз ҷумла нагуфт, ки манзур аз вуҷуди фасод дар зиндон чист, то куҷо бо ин ҷурм касе ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва оё дар кадом зиндонҳои кишвар ин мушкил вуҷуд дорад.

Файзуллозода, дар робита ба ҳодисаи ошӯб дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд гуфт, он кормандони зиндон, ки даст ба фасодкорӣ задаанд ҷазо хоҳанд гирифт. Ба иттилои мақомот, феълан наздики 10 корманди собиқи ин зиндон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Эҳтимоли вуҷуди фасод дар зиндонҳои Тоҷикистон баъд аз он расонаӣ шуд, ки дар паи ошӯб дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд 7 ноябри соли 2018, бархе расонаҳо бо такя ба шаҳодати волидону наздикони зиндониҳо гуфтанд, ки дар ин зиндон муомилаву муқаррароти ғайриқонунӣ вуҷуд дорад ва бисёр масъалаҳои зиндонҳо бар асоси фасоду пора ҳал мешаванд. Вале мақомоти расмӣ ҳеҷ гоҳ дар ин бора изҳори назар накарданд, ҳамонгуна, ки дар бораи ҷузъиёти бештари сабабҳои сар задани ошӯб ва ҳам ҷараёни таҳқиқи ин қазия то ҳол ҳеҷ сохтори тафтишотӣ ошкору батафсил маълумот надодааст.

Дар паи ошӯб дар зиндони Хуҷанд 21 зиндонӣ ва се корманди маҳбас кушта ва бисёри дигар захмӣ шуданд. Як сабаби аслии сар задани ошӯбро расонаҳои ғайридавлатӣ дар шиканҷаву озори маҳбусон мегӯянд. Мақомот он замон гуфтанд, ки гурӯҳи зиндониҳои маҳкумшуда барои фаъолиятҳои террористиву экстремистӣ мехостанд аз зиндон фирор кунанд, вале аз ин нақшаи онҳо ҷилавгирӣ шуд. Ошӯби зиндони Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон мегӯянд.

Баъди ин раҳбарияти низоми додгоҳҳои Тоҷикистон иваз шуд ва раиси нав Мансурҷон Умаров гуфт, ки аз вазъи ҳама зиндонҳову ҳоли маҳбусон дидан кардаст. Сардори идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон “мушкили ҷиддие боқӣ намондааст”.

“Он мушкилиҳое, ки буданд масъалаи ҷиноятҳои корупсиониву дигар мо қариб, ки онҳоро аз байн бурдем,”- таъкид кард Мансурҷон Умаров.

Маҳбасҳои Тоҷикистон баста ҳастанд ва дарёфти иттилои бетарафу воқеӣ аз вазъи ҳуқуқи инсон, риоя шудани ҳуқуқи зиндониҳо, поймолшавии қонун ва масоили дигар аксар вақт ғайриимкон аст. Гаҳ-гоҳе дар бораи ҳодисаҳо дар пушти панҷара хешовандони маҳбусон ба расонаҳо хабар медиҳанд.

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Тоҷикистон 12 ҳазор нафар адои ҷазо мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG