Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи забон "СССР"-ро ба нақзи қоидаи забон айбдор кард. ВИДЕО


Нашрияи мустақили "СССР" ба нақзи қоидаҳои забони давлатӣ муттаҳам шудааст. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, баъди мутолиаву санҷиши тахминан 40 шумораи "СССР" аз Додситонии кул хостаанд, ки нашрияро ҷарима бандад.

Дар миёни эътирозҳои кумита, калимаву ибораҳои мисли "зимма", "ба зимма гирифтан", "ахирӣ", "аҳодис", "қуръонӣ", "аҳдоф" ва инчунин намунаҳое аз дигари забонҳо оварда шудааст, ки дар матнҳои нашрия фаросвон истифода мешавад. Худи нашрия бо даъвои мақомоти Кумитаи забон розӣ нест. ​

  • Мақомот иддао доранд, ки ба идораи рӯзнома дар мавриди нақзи қонун дар бораи забони давлатӣ бо мисолҳои мушаххас мактуби расмӣ фиристода буданд, вале ҷавоб нагирифтанд.
Экспертиза, кумита, почтаи электрониро дар асри 21 чӣ мешавад гуфт? Суроғаи барқӣ? Ё нишонии барқӣ?

Даъво чист?

“Дар матлабҳои санҷидашуда истифодаи калимаҳои шевагӣ, истилоҳот аз забонҳои ғайр ва дар мукотибаи идораи ин нашрия риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ ошкор шудааст”, - гуфт Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон, рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.

Ӯ ба унвони мисол калимаи "Ихвон-ул-СССР"-ро дар ин нашрия зикр кард ва афзуд, "СССР" зери назорати ҷиддии кумита қарор дорад. Ҳангоми суҳбат бо мутахассисон ҳам гуфтем. Ҳарчанд онҳо гуфтанд, сабаби бо ин забон нашр шудани рӯзнома дар чист, вале ин баҳонаҳо назди қонунгузорӣ ва назди татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ягон асос шуда наметавонад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Кумитаи забон "СССР"-ро ба нақзи қоидаи забон айбдор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:39 0:00

Ҳамчунин, Мавҷигул Давлатшоева, мудири бахши ташхиси забоншиносӣ дар Кумитаи забон, гуфт, "дар нашрия калимаву истилоҳҳое дарҷ мешаванд, ки ба забони мо бегона ҳастанд."

Сайёфи Мизроб, муассис ва сардабири "СССР", дар посух ба ин иддао гуфт, номаи кумита моҳи апрели соли гузашта буд, вале дар он дар бораи пешбинии ҷарима ҳарфе гуфта нашудааст. Вай афзуд, масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот дар номаи худ худдорӣ аз истифодаи калимаҳои шевагӣ ва русиро тақозо карда буданд.

"Почтаи электронӣ"-ро "суроғаи барқӣ" гӯем?

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

“Кумита, экспертиза ва почтаи электронӣ. Пас, кумита аввал бояд худашро ислоҳ кунад. Экспертиза, кумита, почтаи электрониро дар асри 21 чӣ мешавад гуфт? Суроғаи барқӣ? Ё нишонии барқӣ?” – суол гузошт Сайёфи Мизроб.

Вай дар идома афзуд, “агар Шарофзода чунин мутахассиси хуби забон аст, омода ҳастам, ҳар рӯз қабл аз оғози кор 45 дақиқа дарси ӯро бишнавам. Дар ҳоле ки ҳатто дар номаи ин кумита чанд мавриди риоя нашудани қоидаҳои забони давлатиро ошкор кардам".

Кумитаи забон ва истилоҳот дар маҷмӯъ даҳҳо расонаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ба риоя накардани қоидаҳои забони давлатӣ айбдор намудаанд. Дар миёни ин расонаҳо ҳафтаномаҳои "Фараж", "Тоҷикистон", "Дунё", телевизонҳои "Тоҷикистон", "Душанбе", "Сафина" ва "Баҳористон" низ ҳастанд.

Хуршеди Атовулло, муассис ва сардабири “Фараж” тасдиқ кард, ки мутахассисони кумита кори ҳафтаномаро санҷиш карда буданд.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло

Ӯ гуфт, “онҳо эрод гирифтанд, ки дар идораи ҳафтаномаи мо комиссияи татбиқи меъёрҳои забони давлатӣ фаъол нест. Мо зуд чунин гурӯҳро таъсис додем. Эроди дигари кумита ба истифодаи калимаҳои ғайр дар нашрияи мо бидуни аломати нохунак буд. Мо дигар калимаҳои ба забони тоҷикӣ бегонаро бидуни аломати нохунак нашр намекунем.”

"Як навъи фишор ба расонаҳост"

Хуршеди Атовулло иддаои бархе аз соҳибназаронро дар бораи истифодаи Кумитаи забон ва истилоҳот ба унвони фишори изофӣ ба расонаҳо рад кард. Аммо Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, баръакс, бовар дорад, чунин шеваи кори Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон қобили қабул нест.

“Ин амрро метавон як навъи фишор ба расонаҳо номид. Дар ҳоле ки истифодаи калимаҳо аз забонҳои дигар дар расонаҳои ҷаҳон маъмул аст. Дар нашрияҳои Олмон калимаҳои зиёди англисӣ ба чашм мерасад. Магар, олмониҳо ба ин кор мухолифат мекунанд? Не. Дар замони феълӣ як забон имкон надорад ҳамаи мафҳумҳоро дар бар дошта бошад”.

Шаҳло Акобирова
Шаҳло Акобирова

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар гузашта бо чанде аз ширкатҳои мобилӣ ва фурӯшгоҳҳову тарабхонаҳо низ вориди баҳс шуда буд. Кумита иддао дошт, номи таърифаи ширкатҳои мобилӣ ва ё номи тарабхонаҳо ба меъёри забон ҷавобгӯ нест ва бояд иваз карда шавад.

Аз ҷумла, чанде пеш Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ширкати мобилии «Билайн» дастур дода буд, ки номи таърифаҳои «Чақ-чақ» ва «Панҷа парто»-ро иваз кунад. Вале намояндагони ширкатҳо мегӯянд, онҳо ба мардум хидмат мекунанд ва бештар аз калимаҳое истифода мебаранд, ки миёни сокинон роиҷ аст.

XS
SM
MD
LG