Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати модар Ҷаҳонгиру хоҳаронашро бармаҳал ба воя расонд. ВИДЕО


Ҷаҳонгир Вайсов, сокини ҳабдаҳсолаи ноҳияи Шаҳринав, пас аз хатми синфи 9-ум дигар ба мактаб нарафтааст. На ин ки хондан намехост, балки имкон даст надод. Зеро модари танҳояш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва Ҷаҳонгир бояд ду хоҳар ва ду тифли ятиммондаи холаи марҳумашро саробонӣ кунад.

Ҳатто дар ҷое ҳам кор кардан наметавонад, зеро манзили нотамомашон, ки дар як теппаи берун аз деҳаи Гулистони ноҳияи Шаҳринав бунёд шудааст, барои махсусан духтарони ноболиғ ҷойи амн нест.

Зинат Вайсова, модари ин хонавода дар сӯҳбати видеоӣ аз Русия гуфт, орзуи ягонааш ин аст, ки ҳарчӣ зуд ба назди фарзандонаш баргардад.

Ҷаҳонгир Вайсов мегӯяд, модараш ба Русия барои кор рафт, то пул пайдо кунад ва хонаи нимсохташонро такмил намоянд. "Модарам ҳам ба ҷои падар ҳаст ва ҳам ба ҷои модар. Маҷбур шуд, ки моро дар инҷо танҳо гузорад ва барои кор ба Русия равад", - нақл кард ӯ рӯзи 12-уми феврал.

Падари хонавода аз модарашон чанд сол қабл ҷудо шуда буд. Ба иловаи ин, холаи Ҷаҳонгир дар Русия ҳини таваллуди фарзанд фавтид ва ду тифлаш ба парастории инҳо монд.

Суман - хоҳари калонии Ҷаҳонгир низ бо сабаби вазъи мушкили зиндагии хонавода баъд аз хатми синфи 9-ум дигар ба мактаб нарафт. Суман мегӯяд, мисли занҳои оиладор дар хона кор мекунад. Мегӯяд, ҳанӯз ноболиғ аст ва нигоҳубини фарзандони ятими холааш низ ба дӯши онҳост ва дар ҳолатҳои мушкил, аз ҷумла беморӣ намедонанд ба кӣ муроҷиат кунанд ва аз кӣ ёрӣ хоҳанд.

Муҳоҷирати модар кӯдаконро барвақт ба воя расонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Дар ин хонавода танҳо духтари чаҳордаҳсолашон таҳсил мекунад. Ӯ дар синфи 7-ум мехонад, аммо мегӯяд рӯзгорашон ба ҳамин минвол идома кунад, бовар надорад, пас аз хатми синфи 9 таҳсилро идома диҳад. Зеро мегӯяд, имсол натавонист либоси мактабӣ харад ва маҷбур шуд либосҳои кӯҳнаи хоҳари калонашро пушида, ба дарс равад. Омина Вайсова мегӯяд, пуле, ки модар барояшон мефиристад, фақат барои хӯрду хӯрокашон мерасаду бас.

Зинат Вайсова, модари хонаводаро пардохти қарз барои сохтмони манзилаш ба муҳоҷирати корӣ дар Русия маҷбур кардааст. Ӯ дар Русия дар як тарабхона табақу коса мешӯяд. Дар Тоҷикистон ҷойи кор надошт, бо пули қарз барои фарзандонаш сарпаноҳи нимасохт бунёд кард. Вале онҳоро ночор танҳо гузошт.

Зинат Вайсова, модари ин хонавода дар сӯҳбати видеоӣ аз Русия гуфт, орзуи ягонааш ин аст, ки ҳарчӣ зуд ба назди фарзандон, аз ҷумла духтаронаш баргардад. Зеро онҳо дар марҳилаи гузариш қарор доранд ва бояд касе дар паҳлӯяшон бошад.

Хонаводаи ин зани муҳоҷир ба об дастрасӣ надорад. Аз пули муҳоҷирати модар фарзандон як мошин обро то 100 сомонӣ мехаранд. Аммо чун зарфи бузург барои нигаҳдории об надоранд, пули як мошин обро медиҳанд ва нисфашро ночор ба дарахтон мерезанд ва ё дар замини назди ҳавлӣ. Оби барфу борон ягона манбаи дастрасӣ ба об барои шустушӯяшон аст.

XS
SM
MD
LG