Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент амр додааст, афроди ба гуфтаи ӯ "гумроҳшуда"-ро аз хориҷа баргардонанд


Дилшод Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе ба гуфтаи мақомот тобистони имсол аз Ироқ баргашт
Дилшод Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе ба гуфтаи мақомот тобистони имсол аз Ироқ баргашт

Бино ба як санаде, ки рӯзи 17-уми феврал дастраси Радиои Озодӣ шуд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз чаҳор ниҳоди қудратӣ хостааст, афроди, ба гуфтаи ӯ, "гумроҳшуда"-ро аз хориҷ ба ватан баргардонанд. Ин ҷузъе аз 65 банди амрест, ки барои иҷро дар соли 2019 пешбинӣ шудааст.

  • Дар санад Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Додситонии кул ва Хадамоти гумрук муваззаф шудаанд, фаъолияти худро барои пешгирӣ аз пайвастани сокинон ба "созмонҳои ифротиву террористӣ" ва "ба Ватан баргардондани шахсони гумроҳшуда" тақвият бахшанд.
Мефаҳмам, хато кардааст. Кӣ хато намекунад? Аммо ҳар вақте мебинам, дигаронро афв мекунанд, ҳатто онҳоеро, ки ба Сурия рафта буданд, аламам меояд.

Ваъдаи афв ва...

Шарҳ дода нашудааст, ки манзур аз афроди "гумроҳшуда" кист. Вале тайи солҳои охир мақомот бештар пайравони созмонҳои мамнӯъ дар кишварро бо ҳамин ном муаррифӣ мекунанд.

Ин амр дар ҳоле содир шудааст, ки соли 2018 мақомот бо нашри чанд гузориш хабар дода буданд, даҳҳо нафари муттаҳам ба пайравӣ аз "Гуруҳи 24", "Салафия" ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро "ба зиндагии маъмулӣ баргардонданд".

Аксари онҳо бо даъвати Вазорати корҳои дохилӣ ва бо ваъдаи татбиқи эзоҳи вижаи Кодекси ҷиноӣ, яъне афв (дар сурати пушаймонӣ ва надоштани собиқаи ҷиноӣ) ба Ватан баргаштанд.

Аммо баъзе аз даъватшудагон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуданд.

Умар баргашт, вале панҷуним сол зиндонӣ шуд

Умар Муродов, як сокини ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, соли гузашта бо ваъдаи афв ихтиёрӣ аз Маскав ба Кӯлоб баргашт ва дар фурудгоҳ боздошт ва ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро ба "таҳқири оммавии президент ва таблиғи сарнагунии ҳукумат тариқи Интернет" айбдор кард.

Шарифамоҳ Раҳимова, модари Умар Муродов, рӯзи 17-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мефаҳмам, хато кардааст. Кӣ хато намекунад? Аммо ҳар вақте мебинам, дигаронро афв мекунанд, ҳатто онҳоеро, ки ба Сурия рафта буданд, аламам меояд. Писарам се кӯдак дорад ва ҳар боре падарам дар куҷост гуфта мепурсанд, чӣ гуфтанро намедонам."

Бо айни чунин шева моҳе қабл Муҳтадӣ Абдулқодирзода, бародарзодаи муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода боздошт шуд ва ҳоло парванди ӯ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муҳокима мешавад.

Муҳтадӣ пас аз бозгашт аз Арабистони Саудӣ ва сӯҳбат бо мақомоти интизомӣ, боздошт гардид. Ӯ ба салафигароӣ муттаҳам мешавад.

Дар амри президенти Тоҷикистон ҳамакнун ҳама ниҳодҳои қудратӣ барои бозгардондани ба истилоҳ "гумроҳшудагон" муваззаф шудаанд. Мақомот намегӯянд, ки дар хориҷ аз кишвар чӣ қадар чунин афрод қарор доранд.

"Наворҳо на ҳамеша бозгӯи ҳақиқатанд"

Давлати Тоҷикистон соли 2014 ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард ва бар асоси он афроде, ки дар узвият ба созмонҳои ифротиву террористӣ гумонбаранд, дар сурати ба мақомот иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ, афв мешавад.

Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар нишасти хабарии рӯзи 14-уми феврал, гуфт, "дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ танҳо аз муноқишаҳои кишварҳои хориҷӣ 99 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан бозгардонида шуданд".

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Аз ин пеш Қудратулло Ғуломов, яке аз мушовирони калони вазорат, гуфта буд, дар нӯҳ моҳи соли гузашта беш аз "160 узви ДИИШ, "Салафия", "Гурӯҳи 24" ва ҷамоати "Ансоруллоҳ" баргардонида шуданд."

Ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое ба гардиш даромадаанд, ки "қаҳрамонҳояш" бештар худро узви собиқи ин ё он созмони мамнӯъ муаррифӣ карда, аз бозгашт ва афви худ дар Тоҷикистон хабар медиҳанд. Вале мунтақидон мегӯянд, ин наворҳо зери назари мақомот сабт ва таҳрир шуда, на ҳамеша бозгӯи ҳақиқати ҳоланд.

XS
SM
MD
LG