Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарафо Раҳмонӣ: "Гузаштаро мехоҳам фаромӯш кунам" ВИДЕО


Зарафо Раҳмонӣ. Рӯзи 26-уми июн, шаҳри Душанбе
Зарафо Раҳмонӣ. Рӯзи 26-уми июн, шаҳри Душанбе

Зарафо Раҳмонӣ, собиқ мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, гуфт, ки пас аз ду соли раҳоӣ аз зиндон ба зиндагии маъмулӣ баргаштааст. Ӯ рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нияти бозгашт ба саҳнаи сиёсатро надорад ва минбаъд ба ҷалби занону духтарон ба таҳсил машғул хоҳад шуд.

Зарафо Раҳмонӣ дар бораи фаъолиятҳои қаблиаш дар ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва як сол дар зиндон посух надод ва гуфт, "гузаштаро ба оҳистагӣ аз хотирааш тоза мекунад".

"Ҳарчанд аз ёд бурдани рӯзҳои гузашта чандон осон нест", - афзуд ӯ.

Зарафо Раҳмонӣ: Нияти бозгашт ба сиёсатро надорам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
Линки мустақим

  • Ин намояндаи собиқи ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 дар пайи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, боздошт шуда, пас як сол озод гардид.
Ин роҳ бароям нав нест. То замони боздошт низ дар масъалаи таҳсили духтарон кор мекардам. Мехоҳам, занони тоҷик соҳиби маълумот бошанд.

"Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ мемонам"

Зарафо Раҳмонӣ гуфт, ки ҳоло саломатиаш пурра барқарор шуда, ба тарбияи фарзандон машғул аст. Ин масъули собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ афзуд, пас аз озодӣ дар ширкати русиягии "Саломатии сибирӣ" кор мекард ва акнун як созмони ҷамъиятии худро таъсис додааст.

Зарафо Раҳмонӣ: "Гузаштаро мехоҳам фаромӯш кунам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Ӯ гуфт, ташкилоти ҷамъиятии “Ояндаи дурахшон” ҳадаф дорад дар рушди саводомӯзии занону духтарон саҳм гузорад. "Ин роҳ бароям нав нест. То замони боздошт низ дар масъалаи таҳсили духтарон кор мекардам. Мехоҳам, занони тоҷик соҳиби маълумот бошанд. Ҳадафи созмони "Ояндаи дурахшон" беҳбудии ҳаёти занон ва ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ҳаст. Аз рӯи омори қаблӣ медонам, ки аксаран дар деҳот духтарон аз таҳсил дур мемонанд ва маълумоти миёнаи умумиро намегиранд”, - афзуд Раҳмонӣ.

Лаҳзае аз суҳбати Муллораҷаб Юсуфӣ бо Зарафо Раҳмонӣ
Лаҳзае аз суҳбати Муллораҷаб Юсуфӣ бо Зарафо Раҳмонӣ

​Ӯ гуфт, бо инки намехоҳад дубора ба саҳнаи сиёсат баргардад, талош мекунад дар ҷомеаи шаҳрвандӣ иштироки фаъол дошта бошад.

Зарафо Раҳмонии 46-сола зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) аст. Аз соли 2008 то 2012 ба ҳайси раиси бахши фарҳанг ва муовини раиси дастгоҳ ва аз соли 2012 то замони боздошт ба ҳайси мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ кор кардааст.

Боздошт, зиндон ва раҳоии Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ
Зарафо Раҳмонӣ

Се бор – солҳои 2005, 2010 ва 2015 – номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Солҳои охир фаъолияти адвокатӣ ҳам мекард ва узвияти Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанберо дошт.

Зарафо Раҳмонӣ соли 2015 ҳамроҳи 13 узви дигари раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт шуд. Мақомот онҳоро барои ҳамкорӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри соли 2015 муттаҳам карда, ба муддатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаитро ба ҳабси абад фиристоданд. Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли зиндон маҳкум шуда, баъди як сол бар асоси афв аз сӯи раиси ҷумҳур озод шуд.

Раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа қарор дорад, борҳо ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ошӯби Назарзода баҳонае барои бастани ҲНИТ ва ҳамин тавр аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани аъзои фаъолаш буд.

XS
SM
MD
LG