Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳром Қосимӣ: "Нигоҳи мо ба Тоҷикистон нигоҳи хешовандӣ аст"


Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон.

Вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки нигоҳи Теҳрон ба равобит бо Тоҷикистон, нигоҳи хешовандӣ аст. Дар чанд моҳи ахир дар равобити сарди сесола миёни Душанбе ва Теҳрон таҳаввулоте ба миён омада ва ба назар мерасад, ки ҷонибҳо хостори беҳбуди муносибатҳо ҳастанд.

Ба навиштаи сайти расмии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар маросими таҷлил аз чиҳилумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар сафорати Эрон дар Душанбе гуфта буд, "соли 2019 соли рафъи монеаҳо дар густариши робитаҳо байни ду кишвари дӯст ва бародар хоҳад буд".

Баъд аз соли 2017 робитаҳо бо Эрон ба ҳадде тира шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кишварро ошкоро ба талош барои барангехтани низоъ ва ҳимоят аз терорризм муттаҳам кард.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи ҷумъаи 15-уми феврал дар гуфтугӯ бо хабаргузории расмии Эрон -- ИРНА бо ишора ба ин суханони вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва равобити ду кишвар гуфтааст, робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон равобити амиқ, муштарак ва куҳан мебошад ва наметавон ин пайвандҳо ва пайвастагиҳои ба ёдгор ва мондагор аз гузаштаҳои дурро нодида гирифт.

"Ман бо суханони вазири хориҷии ин кишвар дар маросими рӯзии миллии Ҷумҳурии исломии Эрон мувофиқам ва фикр мекунам таърих, ҷуғрофиё, гузаштаву оянда ва тамоми иштирокоти миёни ду кишвар, ҳама бар зарурати ҳамкориҳо ва ҳамдилиҳои ҳарчӣ бештари ду давлат ва ду миллат таъкид менамоянд",-гуфтааст Баҳром Қосимӣ.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар идома таъкид кардааст, ки онҳо хоҳони Тоҷикистоне ҳастанд, ки сулҳу суботи ҳамешагӣ дошта бошад ва рӯ ба рушду тавсеа бошад. Вай афзудааст, ки сиёсати кишвараш дар солҳои баъд аз истиқлоли Тоҷикистон, истодан дар паҳлӯи ҳукумати Тоҷикистон будааст ва ин сиёсат ва стратегияе ҳаст, ки ҳамчунон аз сӯи Теҳрон амалӣ мешавад ва тағйире накардааст.

Баҳром Қосимӣ аз ҷумла гуфтааст, "Эрон аз ҳеҷ гурӯҳе, ки алайҳи аркони қонунии Тоҷикистон иқдом кунад, ҳимоят накарда ва намекунад ва ҳамеша робитаҳои бародарона бо давлати он кишварро хостор будааст".

Вай хотирнишон кардааст, "нигоҳи мо ба равобит бо давлати Тоҷикистон нигоҳи хешовандӣ аст". Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон умедворӣ кардааст, ки бо истифода аз ҳама зарфиятҳо, ба вижа фаъолтар шудани Комиссияи ҳамкориҳои муштараки ду кишвар, ҳамкориҳои ду кишвар густариш ёбад.

Ишораи мақомоти тоҷик ба беҳбуди равобит

Ин суханони мақомдори эронӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзи ҳаштуми феврали соли ҷорӣ Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, "Тоҷикистон барои беҳбуди робитаҳо тамоми талошҳоро кард, аммо аз он тараф мо қадами ҷиддиеро намебинем. То ҳол онҳо дархости сафар ба Тоҷикистон ё дархости баргузории музокиротро накардаанд. Мо зидди беҳбуди робитаҳо нестем. Бигзор акнун эрониҳо тасмим бигиранд"-гуфт ӯ.

Сироҷиддини Мӯҳриддин гуфт, ки дар равобити сиёсӣ миёни Душанбе ва Теҳрон як мушкили сиёсии кӯчак боқӣ мондааст.
Сироҷиддини Мӯҳриддин гуфт, ки дар равобити сиёсӣ миёни Душанбе ва Теҳрон як мушкили сиёсии кӯчак боқӣ мондааст.

Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам рӯзи 12-уми феврал зимни нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки дар равобити сиёсӣ миёни Душанбе ва Теҳрон як мушкили сиёсии кӯчак боқӣ мондааст ва умедворӣ намуд, ки муносибатҳо хуб хоҳанд шуд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар равобити ду кишвар то сентябри соли 2015 мушкиле вуҷуд надошт. Аммо ба гуфтаи вай, мушкилоти сиёсӣ баъд аз он ба миён омад, ки бархе аз гурӯҳҳои сиёсиву молӣ дар Эрон аз ҲНИТ ҳимоят намуданд.

Ба гуфтаи коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов, дар як соли ахир тавсеаи муносиботи миёни Русия ва Эрон мушоҳида мешавад ва "бо эҳтимоли зиёд чунин тасмими Маскав Душанберо ҳам водор кардааст, бо пайравӣ ба яке аз шарикони асосиаш дар минтақа робитаҳо бо Теҳрон ислоҳ кунад".

Робитаҳои сарди Душанбе ва Теҳрон пас аз соли 2015

Робитаҳои Тоҷикистону Эрон соли 2015 баъди он сард шуд, ки мақомоти Эрон гуфтанд, Бобаки Занҷонӣ, миллиардери зиндонии эронӣ қисме аз пулҳои худро ба Тоҷикистон бурдааст. Ӯ, ки ба дуздии маблағҳои бузурге гунаҳкор дониста мешавад, дар Тоҷикистон чандин тарҳи бузурги иқтисодӣ амалӣ кардааст. Аз ҷумла, истгоҳи муосири автобусҳо дар Душанбе бо пули ширкатҳои ин тоҷири эронӣ сохта шудааст.

Бобаки Занҷонӣ.
Бобаки Занҷонӣ.

Аммо ин робитаҳо баъди ҳузури раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар як конфронсе дар Эрон комилан ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ҳизбро созмони ифротӣ эълон кардааст. Раҳбарони ҳизб мегуянд, ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротӣ надоштаанд ва ҳадафи манъи фаъолияти онҳо дар соли 2016 фақат аз саҳнаи сиёсӣ канор задани як ҳизби исломӣ ва мухолифи давлат буд.

Баъд аз соли 2017 робитаҳо бо Эрон ба ҳадде тира шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кишварро ошкоро ба талош барои барангехтани низоъ ва ҳимоят аз терорризм муттаҳам кард.

Тарҳҳои иқтисодии Эрон дар Тоҷикистон

Эрон нахустин кишварест, ки соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафоратхонаи худро дар Душанбе ифтитоҳ кард. Тӯли солҳои истиқлолият Эрон дар Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда” ва нақби “Истиқлол” дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷандро сармоягузорӣ кард.

Соли 2013 ду кишвар ба маблағи 292 миллион доллари амрикоӣ додугирифт карданд. Аммо дар соли 2018 табодули маҳсулот миёни ду кишвар наздики 70 миллион доллар шудааст, ки нисбат ба як соли пеш ҳудуди 35 дарсад камтар будааст. Қаблан ҳафтае ду маротиба ҳавопаймоҳо ба Эрон парвоз мекарданд, ҳоло ҳеҷ хати сайр вуҷуд надорад.

Ҳоло Тоҷикистон бештар бо Арабистони Саудӣ наздик аст, кишваре, ки даҳсолаҳо боз бо Эрон душманӣ дорад ва онро ба ноамн кардани Ховари Миёна муттаҳам мекунад.

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG