Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи як омӯзгор барои "ба худкушӣ расонидан"-и Муҳаммадҷон


Додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нисбати як омӯзгори мактаб- интернати рақами 1-и пойтахт барои "ба худкушӣ расонидан" ва "иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар тарбияи ноболиғ", айб эълон кард.

Ҷасади Муҳаммадҷон Давлатов, хонандаи синфи 8-и мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе бо нишонаҳои худовезӣ рӯзи 8-ум феврал дар хобгоҳи ин мактаб пайдо шуд.

Худкушии ҷавонон ва кӯдакону наврасон борҳо мавриди нигаронии ҷомеа шудааст. Аммо хеле кам иттифоқ афтодааст, ки наврасон дар дохили муассисаи таълимӣ риштаи ҳаёти худро баркананд.

Як мақом аз додситонии шаҳри Душанбе, ки аз ҷузъиёти тафтиш хабар дорад, рӯзи 21-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Сумангул Қаландаршоева раҳбари синфи ин ноболиғ буд ва бар асоси гуфтаи шоҳидон, ӯ бо Муҳаммадҷон қабл аз худкушӣ рафтори дағал кардааст.

Ин мақоми додситонӣ гуфт, рафторҳои омӯзгор бар асоси моддаи 109, қисми 2 (ба худкушӣ расонидан) ва моддаи 174 қисми 2 (иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ), тафтиш мешавад.

Банди дуи моддаи 109-и Кодекси ҷиноятӣ аз панҷ то ҳашт сол ва қисми дуюми моддаи 174 ба мӯҳлати то ду сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад. Мақомоти додситонӣ мегӯянд, ин оғози тафтиш аст ва бо пайдо шудани далелҳои нав тағйир ёфтани моддаҳо дар парванда аз эҳтимол дур нест.

Талоши мо барои пайдо кардани ин омӯзгор натиҷа надод. Аммо Ҷаббор Холиқов, яке аз шогирдони собиқи ин омӯзгор гуфт, ки ҳеҷ бовар надорад, ки муаллима як нафарро ба худкшӣ расонида бошад. "Муаллима бисёр меҳрубон ҳастанд. Бовар надорам, ки ӯ чунин рафтор карда бошад. Дар замоне, ки мо мехондем, хеле хуб буд",-гуфт ӯ.

Ҷамолиддин Амирхонов, мудири мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми феврал гуфт, ки муфаттишон барои тафтиши холисона бо ҳама шоҳидон сӯҳбат мекунанд. Ӯ гуфт, ҳоло намехоҳад дар бораи ин ҳодиса сӯҳбат кунад ва ба кори тафтишот халал ворид кунад.

Муҳаммадҷон 15-сол дошт ва дар синфи ҳаштум мехонд. Вай чанд сол пеш модарашро аз даст дод ва дар хонаи ятимон маскун шуд. Падару моиндараш муваққатан дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.

Қаблан, баъзе аз омӯзгорону хонандагони мактаб-интернат бе зикри номи худ гуфтанд, миёни Муҳаммадҷон Давлатов ва як омӯзгори ӯ дар масъалаи гирифтани баҳо "якдигарнофаҳмӣ вуҷуд доштааст". Яке аз омӯзгорони мактаб-интернат гуфт, "ҳайрон шудем, ки бачаи сиҳҳату саломат чаро ин корро кард. Баъди ҳодиса мушкили баҳогирии Муҳаммадҷон вирди забонҳо шуд. Шояд мақомот мӯйро аз хамир ҷудо кунанд".

Худкушии ноболиғон дар ҷомеа боиси нигарониҳо шудааст.
Худкушии ноболиғон дар ҷомеа боиси нигарониҳо шудааст.

Ҷасади Муҳаммадҷон Давлатовро рӯзи 9-уми феврал дар Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббиву додгоҳӣ азназар гузарондаанд. Як масъули ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар гарданаш доғи сиёҳ намоён буд. Ӯ худро ба дор овехтааст".

Мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ин мактаб дар маҳаллаи "Гипрозем"-и пойтахт ҷойгир аст ва дар он беш аз сесад кӯдаки ятиму бепарастор таълим мегиранд.

То ин лаҳза муяссар нашуд, ки наздикони Муҳаммадҷон Давлатовро пайдокунем. Вале дар идораи Омбудсмени кӯдак дарТоҷикистон гуфтанд, нисбат ба ҳодисаи худкушии Муҳаммадҷон бетараф нестанд ва қазияро ҷиддӣ пайгирӣ мекунанд.

Худкушии ҷавонон ва кӯдакону наврасон борҳо мавриди нигаронии ҷомеа шудааст. Аммо хеле кам иттифоқ афтодааст, ки наврасон дар дохили муассисаи таълимӣ риштаи ҳаёти худро баркананд.

Мақомот мегӯянд, танҳо дар соли 2017дар Тоҷикистон беш аз 80 наврас қасд ба ҷони худ кардаанд. Як пажӯҳиши Бунёди атфоли Созмони Милали Муттащид дар ду соли қабл муайян кардааст, ки сабаби аслии қасди ҷони худ кардани наврасону ҷавонон ба бетаваҷҷӯҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва дур будан аз навозишу меҳрубонист.

XS
SM
MD
LG