Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: "Шарофиддин Гадоев ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст"


Шарофиддин Гадоев

Чаҳор созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти Русияву Тоҷикистонро барои, ба гуфтаи онҳо, "боздошти худсарона"-и Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифон айбдор карданд.

  • Изҳороти Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 24-уми феврал нашр шуд.
Агар Душанбе мехоҳад ҷиддӣ бошад, бояд ҳақиқат вонамуд кардани дурӯғро бас кунад

Шарофиддин Гадоев, узви Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифони тоҷик дар хориҷа, рӯзи 13-уми феврали имсол бо ҳадафи мулоқот бо мақомоти амниятии Русия ба Маскав рафт ва рӯзи 15-уми феврал дар Тоҷикистон пайдо шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон билофосила гуфтанд, ки ӯ довталабона ва бо изҳори пушаймонӣ “аз кирдорҳои худ” тавассути хатсайри Маскав-Душанбе ба Ватан баргаштааст. Баъдан Шарофиддин Гадоев дар як навори видеоӣ бо лаҳни комилан мухолиф ба он чи ки дар Аврупо ва дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ мегуфт, суҳбат кард ва гуфт, бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон бозгашт.

Дар давоми тақрибан даҳ рӯзи охир чандин аксу наворе аз Шарофиддин Гадоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки гоҳе ӯро дар ҳалқаи хонавода ва гоҳе дар иҳотаи дӯстону ҳамсояҳо ва ҳамсангарони собиқ намоиш медиҳад.

"Гадоев дар Маскав дастгир ва латту кӯб шуд"

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Аммо Стив Свердлов, намояндаи Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) рӯзи 24-уми феврал гуфт, "филму аксҳои саҳнасозишудаи бешумор ҳақиқати тарснокеро, ки Тоҷикистону Русия бешармона тааҳҳудоти байналмилалии худро иҷро намекунанд, тағйир намедиҳад".

Свердлов дар изҳороти рӯзи якшанбе гуфт, "Шарофиддин Гадоев дар Русия худсарона дастгир шуд, мавриди латту кӯб қарор гирифт ва ба Тоҷикистон бурда шуд. Ҷое, ки ӯ барои фаъолиятҳои осоиштаи худ бо айбномаи сохта рӯбарӯст”.

Наздикони Шарофиддин Гадоев ва манобеи дигар, ки қазияи ӯро таҳқиқ доранд, ба Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтаанд, мақомоти Русияву Тоҷикистон ӯро зӯран дар Маскав боздошт карда ва ба ҳавопаймо бурдаанд. Онҳо мегӯянд, изҳороти Шарофиддин Гадоев дар Тоҷикистон низ зери фишори равонӣ ва ҷисмонӣ таҳия шудааст.

Рӯзи 19-уми феврал ҳамкорони Гадоев дар хориҷа видеоеро нашр карданд, ки ӯ қабл аз сафараш ба Маскав сабт намудааст. Вай дар навор мегӯяд, агар дар Тоҷикистон пайдо шуд, пас, ӯро рабудаанд, чун ҳеч гоҳ ихтиёрӣ барнамегашт ва “ба ҳукумат таслим намешуд”.

Баъди дидор дар меҳмонхона чӣ иттифоқ афтод?

Шарофиддин Гадоев, ки дар Ҳолланд ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дорад, яке аз фаъолони сиёсӣ дар хориҷ буд ва пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Ӯ то замони пайдо шудан дар Душанбе, раиси “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” буд.

Гадоев дар гузашта муовини Умаралӣ Қувватов, раиси “Гуруҳи 24” ва аз хешовандони ӯ буд. Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 "Гурӯҳи 24"-ро мамнӯъ ва баъдан созмони экстремистӣ эълон карданд. То кунун чандин нафар бо ҷурми узвият дар ин созмон боздошту зиндонӣ шудаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, Гадоев рӯзи 13-уми феврал бо нияти мулоқот бо мақомоти Шӯрои амнияти Русия дар робита ба вазъи Тоҷикистон ба Маскав рафт. Манбаъҳое, ки ин қазияро таҳқиқ доранд, ба созмон гуфтаанд, кормандони Шӯрои амният нимаи рӯзи 14-уми феврал ба назди ӯ ба меҳмонхона омаданд, то ба мулоқот бибаранд.

Ин манобеъ гуфтаанд, ки баъдан Гадоевро ба фурудгоҳи «Домодедово» бурданд. Наздикони ӯ ба Ҳюман Райтс Вотч гуфтаанд, маъмурон дар дохили мошин ӯро задаанд.

Афсарони рус Гадоевро ба ҳавопаймои “Сомон Эйр”, хатсайри 1223 ба самти Душанбе шинондаанд. Ба нақли созмони Ҳюман Райтс Вотч, ҳангоми парвоз ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд ва дар сараш халта пӯшонда буданд.

"Агар Душанбе мехоҳад..."

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дар панҷ соли гузашта башиддат ҳуқуқи инсонро дар кишвар нақз карда, садҳо фаъоли сиёсӣ, мудофеи ҳуқуқи башар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъро ба зиндон андохтааст.

Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи норвежии Ҳелсинки мегӯянд, дар мавриди талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои боздошту зиндонӣ кардан ва бастани даҳони фаъолони мухолифон ва мунтақидон дар дохилу хориҷ далелҳоеро гирд овардаанд. Ба қавли онҳо, Душанбе аз соли 2015 ба ин тараф талош кардааст, фаъолони сиёсиро дар Беларусу Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Русия, Туркия ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон дастгир ва маҷбурӣ ба кишвар бубарад.

Мариус Фоссум, намояндаи минтақаии Кумитаи Ҳелсинкӣ дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 24-уми феврал гуфт, "агар Душанбе мехоҳад ҷиддӣ бошад, бояд ҳақиқат вонамуд кардани дурӯғро бас кунад”.

“Масъалаи даҳшатбор ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон метавонанд ба Шарофиддин Гадоев муносибати дағалонаро раво бинанд. Бояд шарикони байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ дар он кишвар, бо ӯ вохӯранд ва аз давлати Тоҷикистон тақозо кунанд, то шароитро барои дастрасии бемамониат ба вакили мудофеи хостааш ва ҳамчунон дидор бо аъзои оила таъмин намоянд", - афзуд ӯ.

Мақомоти Русия чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо дархости мақомот ба Душанбе истирдод кардаанд. Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, соли 2005 аз Маскав ба Душанбе оварда шуд ва то ҳол мегӯяд, ки ӯро ғайриқонунӣ рабуда ва ба Тоҷикистон овардаанд.

Чанд нафар аз узви “Гуруҳи 24” низ бо дархости мақомот дар муҳлати кӯтоҳе дар Русия дастгир ва ба Душанбе истирдод шудаанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи зери фишор гузошта ва аз дигарандешон гирифтани изҳорот ба манфиати худро доранд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG