Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи яке аз тарроҳони ошӯб дар зиндони Хуҷанд маълум шуд


Амиралӣ Давлатов бо ҷурми терроризм ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд
Амиралӣ Давлатов бо ҷурми терроризм ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд

Дар остонаи мурофиаи гумонбарони ташкили ошӯб дар зиндони Хуҷанд, баъзе аз ҷузъиёти парванда дастраси Радиои Озодӣ шуд. Муфаттишон Амиралӣ Давлатови 42-сола аз Кӯлобро яке аз "тарроҳони ошӯб дар зиндони Хуҷанд" номбар кардаанд. Ӯ шаш сол пеш бо ҷурми "терроризм" ба 19 соли ҳабс маҳкум шуда, дар зиндони сеи Хуҷанд нигоҳдорӣ мешуд.

Шаби 7 ба 8-уми ноябри соли гузашта дар пайи ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд, ба ҳисоби расмӣ, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Мақомот қаблан сабаби сар задани ошӯбро "талоши фирор аз зиндон" гуфтанд.

Занаш гуфт, ки чароғҳо кушта шуд ва мо дигар аз ҷоямон наҷунбидем. Саҳар омада Амиралиро бурданд ва келинамро бозпурсӣ карданд. Худаму писарам низ чанд бор аз ҷониби муфаттишон бозпурсӣ шудем

Марде, ки ҳамроҳи Маханов зиндонӣ шуд

Таҳқиқи парванда, ки бо иштироки чанд сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва зери назари Додситонии кулли Тоҷикистон ҷараён гирифт, се моҳ идома кард. Ҳоло парванда барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Яке аз масъулони огоҳ аз ҷузъиёти парванда дар Додситонии вилояти Суғд ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон ба ин натиҷа расиданд, ки Амиралӣ Давлатов яке аз ташкилкунандагони ошӯб дар зиндони Хуҷанд буда, барои ин кор чаҳор моҳ омодагӣ дидааст.

Исми Амиралӣ Давлатов барои матбуоти тоҷик ошност. Давлатов шаш сол қабл ҳамроҳ бо Алимурод Маханов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми "омодагӣ ба тарконидани бинои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон" дастгир шуд.

Масъули таркиш дар дискоклуби Кӯлоб?

Дар айбномаи додгоҳии Давлатов дар соли 2014 гуфта шуд, ки ин узви Ҳаракати исломии Узбекистон масъули таркиши соли 2012 дар бинои дискоклубе дар Кӯлоб низ мебошад ва бар асоси ҳамин иттиҳомот ва моддаи “терроризм” ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Баъдан як сол муҳлати ҳабси ӯро кам карданд. Наздикони Давлатов мегӯянд, ӯ ҳукми додгоҳро эътироф накарда буд.

Ба иттилои хешовандони Амиралӣ Давлатов, баъди содир шудани ҳукми зиндон дар панҷ соли пеш ӯ тахминан ду сол дар маҳбаси воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат нигаҳдорӣ шуд ва се соли охир дар зиндони шаҳри Хуҷанд қарор дошт. Ба иттилои манбаи огоҳ аз ҷузъиёти парванда, Давлатов дар мурофиаи додгоҳӣ ба ҳайси яке аз ташкилкунандаву ташаббускорони ошӯб муҳокима мешавад ва дар сурати исботи гуноҳ, ҳукми феълии ӯ боз ҳам сангинтар хоҳад шуд.

Мақомот аз оғоз ба парванда мӯҳри махфӣ заданд ва маълум нест, ки ӯ дар бозпурсиҳо чӣ гуфтааст.

Номи беш аз 30 нафар дар парвандаи ошӯб

Дар маҷмӯъ, дар парвандаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд, исми беш аз 30 зиндонӣ зикр шудааст, ки ба ҳайси гумонбарони ширкат дар ин ҳодисаи пурқурбонӣ муҳокима хоҳанд шуд. Дар изҳороти қаблии мақомоти Тоҷикистон таъкид шуд, ки аксари иштирокдорони ошӯб гумонбарон дар узвияти созмонҳои мамнӯи ифротие ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Узбекистон” ва дигарон буд.

Алимурод Маханов
Алимурод Маханов

Манбаи огоҳ аз парванда дар додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ба бовари тафтишот, Амиралӣ Давлатов ва гумонбарони дигари иштирок дар ошӯб, “тақрибан чор моҳ” омодагӣ диданд ва “худи ӯ чанд нафарро барои ширкат дар ошӯб ташвиқ кардааст”. Тафтишот нақши Давлатовро дар ин ҳодиса ҳарчанд ба ҳайси ташкилкунанда арзёбӣ мекунад, вале мегӯяд, мустақим дар он ҳодисаҳо ширкат накардааст.

“Аз рӯйи маслиҳати пешакӣ, он шаб ба назди ӯ ҳамсараш омада буд ва бояд занони зиндониёнро дар макони мулоқот гаравгон мегирифт. Лекин бинобар хомӯш шудани барқ дигар коре карда натавонист”, - афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни сӯҳбат бо журналистон рӯзи 14-уми феврал гуфт, дар соатҳои сар задани ошӯб дар зиндон бархе хешовандони зиндониҳо барои дидорбинӣ қарор доштанд ва нирӯҳои ОМОН ба хотири роҳ надодан ба қурбонии зиёд вориди саҳна шуда, дар пахши ошӯб иштирок карданд.

"Муносибатҳои "ғайрионномавӣ" нисбат ба маҳбусон буд"

Манбаи огоҳ аз парванда дар идомаи шарҳаш гуфт, тафтишот ин гумонҳоро то ҷое тасдиқ кард, ки сабаби ошӯб вуҷуди муносибатҳои “ғайрионномавӣ” нисбат ба маҳбусон буд. Ӯ аз истифодаи вожаи “шиканҷа” ваё “бадрафторӣ” нисбат ба маҳбусон худдорӣ кард, вале гуфт:

“Маҳбусон дар ҳақиқат дар дохили зиндон мушкилӣ доштаанд. Тафтишот исбот кард, ки дар ҳақиқат нисбат ба баъзеи онҳо рафтори нодуруст шудааст. Фикри ошӯб ҳам пас аз ҳамин рафторҳои нодуруст ва хилофи оинномаи маҳбасхона пайдо шудааст, вале онҳоро андешаҳои ифротӣ барои иҷрои ин амал бо ҳам муттаҳид кардааст”, - гуфт ӯ.

Як хулосаи дигари тафтишот ин аст, ки ошӯбгарон “ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои тундрав дар берун аз маҳбас надоштанд”, вале “ақидаи ҷиҳодӣ” дар сар задани ошӯб нақши калидӣ дошт.

Дар пайи ошӯб дар зиндон гурӯҳи “Давлати исломӣ” иддао карда буд, ки ин ҳодиса кори дасти аъзои ин созмон аст. Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистон созмони мамнӯъ ва террористӣ аст.

Модар: "Ба иттиҳоми зидди писарам бовар надорам"

Тошбӣ Ашӯрмадова
Тошбӣ Ашӯрмадова

Тошбӣ Ашӯрмадова, модари Амиралӣ Давлатов, мегӯяд, ки баъди ошӯб дар зиндон ҳеҷ гоҳ писарашро надидааст ва танҳо медонад, ки ӯ барои ширкат дар ҳодисаҳои моҳи ноябр гумонбар мешавад. Ин зан гуфт, ба “яке аз тарроҳони ин ошӯб будани писараш” бовар надорад ва барои ин далелҳои худро пеш меорад. Ашӯрмадова бар асоси нақлҳои келинаш, ки шаби ошӯб дар меҳмонии ҳамсараш дар зиндон буд, гуфт, “ҳеҷ амали ғайриқонунии Амиралиро шоҳид нашудааст”.

Шаби 7-уми ноябр рӯзи дувуми дидорбинии Амиралӣ ва ҳамсараш дар зиндон будааст. Ба қавли модар, зани Амиралӣ ду рӯз пеш аз ошӯб аз шаҳри Кӯлоб барои дидорбинии шавҳараш ба Хуҷанд рафта буд. Ашӯрмадова нахост, ки келинаш бо хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбат кунад ва гуфт, бо такя ба ҳарфҳои келинаш медонад, ки Амиралӣ дар ҳодисаҳои шаби 7-уми ноябр ҳеҷ кор карда наметавонист:

"Занаш дар паҳлӯяш буд"

“Занаш гуфт, ки чароғҳо кушта шуд ва мо дигар аз ҷоямон наҷунбидем. Саҳар омада Амиралиро бурданд ва келинамро бозпурсӣ карданд. Худаму писарам низ чанд бор аз ҷониби муфаттишон бозпурсӣ шудем”, - гуфт ӯ.

Ин зан мегӯяд, яке аз суоли муфаттишон ин буд, ки “оё писаратон ҳангоми мулоқот аз вазъи нигаҳдориаш дар зиндон норизоӣ мекард ё на”. Ашӯрмадова мегӯяд, ба муфаттишон гуфтанд, ки Амиралӣ аз шароити нигаҳдориаш дар зиндон розӣ буд ва боре ҳам дар ин мавзуъ шикоят накардааст.

“Доим мегуфт, ки дар ҳаққамон дуо кунед, ҳамааш хуб аст. Мо ҳам шароит надоштем, ки тез-тез аз Кӯлоб рафта, ӯро хабар гирем. Баъдан, одаме, ки ошӯб мекунад, магар вақти занаш дар он ҷо будан ин корро мекунад? Ин тамоман ба ақл рост намеояд,”- гуфт модари ӯ.

Амиралӣ Давлатов падари чаҳор фарзанд аст ва ба гуфтаи модараш, то замони боздошт дар бозори “Деҳқон”-и Душанбе орд ва дигар маҳсулот мефурӯхт. Тошбӣ Ашӯрмадова мегӯяд, писараш бо тӯҳмат зиндонӣ шуд, чун “дар Кӯлоб ҳеҷ вақт дискоклуб натаркида буд ва ӯ бо Маханов низ шинос набуд”.

Пешбиниҳои ин ки ба эҳтимоли ғолиб ҳукми бе ин ҳам тӯлонии писараш боз ҳам сангинтар мешавад, ин занро ноумед кардааст.

Мурофиаи ҷудогона дар Суғд

Дар баробари парвандаи зиндониҳои иштирокдори ошӯб, дар шимоли Тоҷикистон омодагӣ ба муҳокимаи додгоҳии маъмурони зиндони сеи Хуҷанд ҷараён дорад.

Ахиран ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки парвандаи 8 корманди зиндон ё нозири маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷандро додситонӣ барои муҳокима ба Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд фиристодааст.

Парвандаи кормандони зиндон дар аввалҳои ҳафтаи равон ба додгоҳ ирсол шуд ва интизор меравад, ки базудӣ муҳокимаи зиндонбонҳо ҳам оғоз мешавад.

Як манбаъ аз Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар парвандаи нозирони маҳбаси Хуҷанд исми раиси пешини он Файзулло Сафарзод ҳам ба ҳайси гумонбар дар “хунукназарӣ” зикр шудааст, ки сабаби сар задани ошӯб шуд. Дар парванда гуфта мешавад, нозирону кормандони зиндон Фарҳод Сафаров, Диловар Қушматов, Муин Хушқадамов, Лутфиддин Зуҳриддинов ва Оятулло Боқиев дар шаби ошӯби Хуҷанд навбатдор буданд ва барои рух додани ҳодиса бояд ҷавоб диҳанд. Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи онҳо дар “хунукназарӣ” гумонбар мешаванд ва бархе иттиҳомоти дигар ҳам доранд.

Маълум нест назари худи онҳо ба ин иттиҳомот чист ва то куҷо худро гунаҳкор эътироф мекунанд. Гумонбарон ҳама дар боздошт ба сар мебаранд.

Аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд чаҳор моҳ сипарӣ шуд. То ҳанӯз ҷузъиёти ошӯбро расман шарҳ надодаанд, ҳарчанд борҳо мақомот гуфтанд, ки он аз ҷониби онҳое ташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд.

Дар пайи ҳодиса раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябриИззатулло Шарифзода, соли 2018 аз мақом барканор шуд. Вай дар вазифаи муовини вазири адлия ва ҳамзамон сардори Идораи зиндонҳо беш аз 12 сол фаъолият кард. Ба ҷойи ӯ ба курсии муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳо, Мансурҷон Умаров омад. Умаров то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомот хостанд, ки ҳодиса ҳамаҷониба баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG