Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суолҳои беҷавоби ҳамсари зиндонбони кушташуда дар Хуҷанд


Эҳсон Ёқубов 29 сол дошт ва 5 сол боз дар зиндони Хуҷанд кор мекард.
Эҳсон Ёқубов 29 сол дошт ва 5 сол боз дар зиндони Хуҷанд кор мекард.

Ҳамсари яке посбонҳои кушташуда дар ошӯби зиндони Хуҷанд мегӯяд, бо гузашти 20 рӯз аз ин ошӯби маргбор намедонад, ки ба суолҳои бешумораш дар бораи марги шавҳар аз кӣ посух бигирад.

Мӯътабар Ҳусейнова, ҳамсари Эҳсон Ёқубов, ки баъди 10 рӯзи марги шавҳараш фарзанди саввумашро ба дунё овард, рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “То ҳол як кас намегӯяд, ки сабабаш чӣ буд, чӣ шуд, барои чӣ куштанд. Намегӯянд, ки ин кӯдакон чӣ ҳол доранд.”

Эҳсон Ёқубови 29-сола рӯзи 7-уми ноябр дар натиҷаи ошӯби зиндониён дар зиндони низомаш сахт дар шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон, ки аз ифшои ҳаргуна иттилоъ дар бораи ошӯб дар зиндони Хуҷанд худдорӣ мекунанд, мегӯянд, таҳқиқот дар ин замина идома дорад. Ба далели ҳамин тафтишот Мӯътабар Ҳусейнова то кунун натавонистааст, барои фарзанди навзодаш, шаҳодатномаи таваллуд бигирад.

“Ҳатто ман пасспорти шавҳарамро гирифта наметавонам, то ки барои кӯдаки саввумам шаҳодатномаи таваллуд бигирам. Либосҳои корие, ки пӯшида буд, чизу чора, телефон дар дасти ман нест. Ҳеҷ чизашро надорам. Азбаски кӯдаки навзод дорам, ба ҳеҷ ҷо нарафтам ва касе ҳам напурсидаст, ки чӣ ҳол дорӣ” – гуфт, Мӯътабар Ҳусейнова.

Ҳарчӣ мегӯянд, аммо намедонам, чӣ шуд

Мақомоти Тоҷикистон баъди ошӯбе, ки ба гуфтаи мақомот 25 кушта бар ҷой гузошт, Файзулло Сафарзода, раис ва панҷ маъмури дигари зиндони рақами 3 дар шаҳри Хуҷандро дастгир карданд. Ҳамаи онҳо ба саҳлангорӣ дар иҷрои вазифа ва аз беэҳтиётӣ роҳ додан ба марги инсон муттаҳам мешаванд. Ҳамсари Эҳсон Ёқубов, ки панҷ сол боз дар зиндон кор мекард, дар бораи ошӯб фарзияҳои гуногунро шунидааст.

“Вақте мардум барои таъзия ба хона меоянд, яке мегӯяд, ки ҳамин ду нафар шавҳари ман ва Мирсаид Қодировро гӯё гаравгон гирифтаанд ва гуфтаанд, ки монанд, ки баромада равем, вагарна онҳоро мекушем. Дигарӣ мегӯяд, яку якбора чароғҳо хомӯш шуд, ҳама якбора ҳуҷум карданд. Ҳар кас ҳарчӣ мегӯяд”- гуфт, Мӯътабар Ҳусейнова.

Ҳамсари Эҳсон Ёқубов, ки ҳуқуқшинос аст, ҳоло ба суолҳои бешумор дар бораи марги шавҳараш посух меҷӯяд. Мӯътабар Ҳусейнова мегӯяд, борҳо аз шавҳараш хост, ки кор дар зиндонро бас кунад, бахусус баъди талоши фирор кардани се зиндонӣ дар соли 2015. Дар он сол се зиндонӣ ҳангоми фирор як посбонро сар буриданд, вале баъдан худашон ҳам кушта шуданд.

Эҳсон Ёқубов
Эҳсон Ёқубов

“Худ ба худ мегӯям, ки наход дар як зиндони калон фақат ду нафар буданд. Дигарон дар куҷо буданд. Дигарон дар куҷо буданд, ки наомаданд, саривақт кӯмак кунанд. Медонам, ки 6 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, дар беморхона ҳастанд. Чаро онҳо дер омаданд. Наход барои чандсад нафар шаш нафар (посбон) бошад, дигарон дар куҷо буданд. Дигарон ба фикрам дар хоб буданд, ин бечораҳо ҷони худро дар даст гирифта, барои кӯдакам як бурида нон ёбам гуфта, нон неву ҷони худро аз даст доданд” – мегӯяд, Мӯътабар Ҳусейнова.

Фарзияҳое, ки мечарханд

Яке нафар аз зиндониёни собиқ, ки чанд соли умрашро дар маҳбаси Хуҷанд сипарӣ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ошӯби зиндониён, ки ба сабаби бадрафтории маъмурияти зиндон бо онҳо сар задааст, сардори зиндон хостааст, мустақилона онро фурӯ нишонад, аммо натавонистааст.

“Ошӯб аз соати панҷи шом то 10 шаб идома кардааст ва баъд сардори зиндон неруҳои махсусро барои фӯру нишондан даъват кардааст” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Ба қавли ӯ, азбаски назорат дар ин зиндон дар муқоиса ба маҳбасҳо дар дигар гӯшаҳо камтар аст, қонуншиканӣ инҷо зиёд аст. “Азбаски аз зиндонҳои Душанбе гап зиёд мебарояд, аз тарси додситонӣ онҳо, ҷуръат намекунанд, бо зиндониён зиёд бадрафторӣ кунанд. Аммо дар Хуҷанд назорат кам, прокуратура барои тафтиш кам меояд, барои ҳамин худсарӣ онҷо зиёд буд” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Мақомоти Тоҷикистон баъди сукути тӯлонӣ дар бораи ҳодиса гуфтанд, ки ошӯбро дар зиндони шаҳри Хуҷанд, ифротиён аз ҷумла 3 узви созмонҳои ифротие ба мисли “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва “Ҷундуллоҳ” барангехтаанд.

Фарзандони Эҳсон Ёқубов
Фарзандони Эҳсон Ёқубов

Мӯътабар Ҳусейнова ҳоло мунтазир аст, ки рӯзе ба ӯ хоҳанд гуфт, ки чаро маҳз шавҳари ӯ ва як нафари дигар дар ин ошӯб кушта шуданд.

Ҳоло худаш дар ин андеша аст, ки чӣ гуна суолҳои пайвастаи писари бузургаш ҷавоб меҷӯяд, ки ҳар рӯз аз ӯ падарашро мепурсад. Фарзанди калонии ӯ дувуним сол дорад, дуввумаш як сол дорад ва саввумаш ҳанӯз 40 рӯза нашудааст.

“Бист рӯз мешавад, ки писари ман ҳар субҳ мехезад ва мегӯяд, ба дадоям занг зан, дадоям биёяд. Шабу ним шаб мехезад, мегӯяд, телефонатро гир ба додоям занг зан, ки биёяд” – гуфт, Мӯътабар Ҳусейнова, ки айни замон дар хонаи модараш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG