Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси зиндони Хуҷанд ду моҳ дар ҳабс мемонад. ВИДЕО


Зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд
Зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд

Файзулло Сафарзод, раиси зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд, ки ба дунболи ошӯб дар идораи зери назораташ рӯзи 15-уми ноябр боздошт шуд, ду моҳ дар ҳабс хоҳад монд. Дар ин бора қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд содир шудааст.

  • Дар ҷараёни ошӯб ва саркӯби он, ки шаби 7 ба 8-уми ноябр иттифоқ афтод, даҳҳо нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон ҷон додаанд. Теъдоди захмиҳо ҳанӯз дақиқ нест.​
Тафтиши ҳодисаро Додситонии ҳарбии Тоҷикистон пеш мебарад. Мақомоти тафтишотӣ масъулини дигари зиндони рақами 3-ро бозпурсӣ кардаанд

Як мақоми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Файзулло Сафарзодро бо пешниҳоди Додситонии вилояти Суғд ба ҳабс гирифтанд. "Муҳлати ҳабси пешакии Файзулло Сафарзод ду моҳ аст. Вале бо талаби тафтишот имкон дорад, дароз карда шавад", - афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аз ин бештар ҷузъиёт надод ва гуфт, феълан тафтишот нисбат ба роҳбари зиндони рақами 3 идома дорад.

Раиси зиндони Хуҷанд ду моҳ дар ҳабс мемонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Файзулло Сафарзод ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта, ба “сӯиистифода аз мақом” ва "хунукназарӣ" муттаҳам аст.

Яке аз манобеъ дар шарҳи сабаби барканории Файзулло Сафарзод гуфт, ӯ дар оғози ҳодисаи ошӯби зиндониён ба хотири ҳифзи эътибори худ кӯшиш кард, исёнро ором кунад ва сари вақт масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияро огоҳ накард. Вале баъд аз кушта шудани ду зиндонбон, бо дастури ӯ ночор бонги изтироб зада шуд.

Файзулло Сафарзод як соли пеш ба мақоми роҳбари зиндони Хуҷанд таъйин шуд. Феълан мавқеи ӯ ва ё наздиконаш дар ин замина дастрас нест.

“Ба мо гуфтанд, ки ба касе чизе нагӯед”

Бо гузашти ду ҳафта аз ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд то ҳол мақомот расман дар ин бора шарҳ надодаанд. Хомӯшии мақомот сарусадоҳои зиёдеро атрофи ин ҳодисаи ошӯб дар зиндон эҷод кардааст. Теъдоди кушташудаҳо дар ин ҳодиса дақиқ нест. Қаблан бархе манобеъ теъдоди кушташудаҳоро то 50 нафар гуфта буданд. Аммо баъзе манобеъ мегӯянд, дар ошӯби зиндон 23 маҳбус ва 2 зиндонбон ҷон додаанд.

Тафтиши ин ҳодисаро феълан Додситонии ҳарбии Тоҷикистон пеш мебарад. Мақомоти тафтишотӣ масъулини дигари зиндони рақами 3-ро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Яке аз зиндонбонҳо, ки феълан дар беморхона бистарӣ аст, бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, то имрӯз чанд дафъа дар бораи ҳодиса ба суолҳои тафтишот посух додааст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ба онҳо таъкид шудааст, ки дар бораи ҳодисаи ошӯб дар зиндон ба расонаҳо суҳбат накунанд.

Пахш нашудани иттилои расмӣ дар бораи ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд нигаронии ҳомиёни ҳуқуқро ба миён овардааст. Рӯзи 19-уми ноябр дар Душанбе сафирони Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бо аъзои Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ошӯби зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷандро баррасӣ карданд.

Ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд чӣ гуна сар зад?

Як манбаъ дар Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси тафтишоте, ки нисбат ба ҳодисаи шаби 7-уми ноябр идома дорад, маълум шудааст, ки саркардаҳои асосии ошӯб ду маҳбуси ин зиндон бо номҳои Субҳиддинхӯҷа Хӯҷаев ва Умар Ризоев мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, бо даъвати ин ду, зиндониҳои дигар ба по хеста, ба зиндонбонҳо дарафтодаанд, ки дар натиҷа ба куштори зиндонбонҳо анҷомид. Ба гуфтаи вай, барои фурӯ нишондани ин ошӯб, аз силоҳи оташфишон истифода шудаст.

Ошӯби пурқурбонӣ дар зиндони Хуҷанд

Шаби 7 ба 8 ноябр дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ошӯбе бархост, ки дар натиҷаи он даҳҳо зиндонӣ ва ҳадди аққал ду зиндонбон кушта шуд. Бо гузашти даҳ рӯз аз ҳодиса мақомоти тоҷик аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

Дар пайи ин ҳодиса, дасти кам шаш корманди зиндон, ки дар ошӯб маҷрӯҳ шуданд, ба бемористони вилоятии Суғд барои муолиҷа интиқол ёфтанд. Иттилоъ дар бораи маҷрӯҳон дар миёни зиндониҳо дар даст нест. То ҳол мақомоти расмӣ ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ошуби зиндони рақами 3 дар Хуҷанд пурқурбонитарин дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон номбар мешавад. Дар ҳоле, ки манбаъҳои мухталиф фишори нозирони зиндон ба маҳбусонро аз сабабҳои аслии ошӯб номбар кардаанд, мақомот то ҳол ҳодисаро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG