Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи ду афсаре, ки дар ошӯб дар зиндони Хуҷанд кушта шудаанд


Мирсаид Қодиров
Мирсаид Қодиров

Дар ошӯби шаби 7-уми ноябр дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд ду нозири маҳбас кушта шудаанд. Қаблан Радиои Озодӣ номи яке аз онҳоро маълум кард, ки Эҳсон Ёқубови 27-сола буда, ҷасадаш рӯзи 8-уми ноябр дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – ба хок супурда шудааст.

Номи нозири дувумро, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтааст, наздиконаш эълон карданд. Онҳо гуфтанд, Мирсаид Қодирови 42-сола шаби 7-уми ноябр дар ҷои кор буд ва ҳангоми даргирӣ бо зиндониҳо ба ҳалокат расидааст.

Наздикони Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҷасади ӯ рӯзи 8-уми ноябр дастрас ва баъдан дафн карда шуд.

Майори милиса Мирсаид Қодиров қаблан дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд кор карда, солҳои охир дар зиндони рақами сеи маркази вилояти Суғд фаъолият дошт. Аз ӯ ду фарзанд боқӣ мондааст.

Эҳсон Ёқубов
Эҳсон Ёқубов

Мақомоти ноҳияи Мастоҳ мегӯянд, аз Эҳсон Ёқубов низ ду фарзанди ноболиғ мондааст. Эҳсон Ёқубов баъд аз адои хидмат дар артиш то ин вақт дар зиндон кор мекард.

Як масъули маҳбаси Хуҷанд рӯзи 8-уми ноябр дар маросими видоъ бо ӯ гуфтааст, як гуруҳи маҳбусон ногаҳонӣ даст ба ошӯб зада, мехостанд аз зиндон фирор кунанд, “вале ҷонбозиҳои кормандони маҳбас ба ин кор монеъ шуд”.

Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса то ба ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфта, теъдоди ҳалокшудаҳо ва захмиёнро эълон нанамудаанд.

Аммо бино ба маълумоти манобеи мухталиф дар ошӯб дар зиндони Хуҷанд дастикам 24 нафар кушта шуда, шаш нозири маҳбас дар бемористони вилоятӣ бистарианд.

XS
SM
MD
LG